Баргашт Чоп кардан

Интишори санадҳои ниҳоии Конфронси байналмилалии пиряхҳо

Тавре хонандагони «Ҷумҳурият» иттилоъ доранд, рӯзҳои 29-31-уми майи соли ҷорӣ дар кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо доир гардид.
Инак, тавре ба хабарнигори мо дар Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ доданд, санадҳои ниҳоии Конфронси байналмилалӣ, аз ҷумла Эъломияи Душанбе оид ба пиряхҳо, Муроҷиатномаи Душанбе ва ҳисоботи раискунанда ҳамчун ҳуҷҷатҳои расмии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ интишор гардиданд.


Қабули Қатънома перомуни «Ҳамкории СММ ва ИДМ»

27-уми август Маҷмаи умумии СММ Қатъномаи “Ҳамкорӣ миёни Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил”-ро, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар давраи раёсат дар ИДМ пешбарӣ гардидааст, қабул намуд.
«Қатъномаи мазкур, ки дар 80-умин солгарди таъсисёбии СММ қабул гашт, ҷиҳати вусъат бахшидани ҳамкориҳои ИДМ ва СММ, аз ҷумла бо ниҳодҳои соҳавии Созмон баҳри татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор, мусоидат хоҳад кард», – омадааст дар хабари интишордодаи маркази матбуоти Вазорати корҳои хориҷӣ.


Вохӯрии вазир бо сафири ИА дар Тоҷикистон
27-уми август вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин сафири Иттиҳоди Аврупо Раймундас Кароблисро бо сабаби анҷоми фаъолияташ дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо муҳтаво ва дурнамои равобити дуҷонибаро муҳокима намуданд. Вазир ба фаъолияти Р. Кароблис дар самти рушди муносибатҳо баҳои баланд дода, дар фаъолияти минбаъдааш комёбиҳо таманно намуд.


БАТР барои навсозии системаи нақлиёти Душанбе маблағ ҷудо мекунад
28-уми август вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ҳайати Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот дошт.
Тибқи иттилои пахшнамудаи дафтари матбуоти Вазорат, дар рафти вохӯрӣ роҷеъ ба лоиҳаҳои амалишаванда оид ба рушди низоми нақлиётӣ ва инфрасохтори кишвари мо табодули афкор сурат гирифт. Дар поёни мулоқот ҷонибҳо барои дастгирии гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои шаҳри Душанбе ва машваратчии лоиҳаи «Таҷдид ва навсозии инфрасохтори шаҳри Душанбе» Созишномаи грантӣ ба имзо расонданд.


Мулоқоти Солеҳа Холмаҳмадзода бо Шин Лонг

26-уми август вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндаи махсуси Бонки осиёии рушд хонум Шин Лонг вохӯрд.
Зимни мулоқот масъалаҳои марбут ба татбиқи лоиҳаи “Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.