Баргашт Чоп кардан

САФАРИ РАСМИИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ҚАЗОҚИСТОН


26-27-уми август Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо сафари расмӣ дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қарор дошт.
Дар доираи сафар, мулоқоти муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев, Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Маулен Ашимбаев, Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Ерлан Кошанов ва Ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек сурат гирифт.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суҳбат бо муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев паёму таманниёти гарму самимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонд.
Зимни мулоқот маҷмуи масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд. Аз ҷараёни рушди бемайлони тамоми ҷанбаҳои муносибатҳои дӯстию ҳамкории пурсамари Тоҷикистону Қазоқистон, аз ҷумла густариши робитаҳои созандаи байнипарламентӣ изҳорӣ қаноатмандӣ карда шуд.
Ҷонибҳо ба масоили рушди муносибатҳои ду кишвар дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори иқтисоди ду кишвар, ба монанди саноат, энергетика, дорусозӣ, бахши кӯҳӣ ва агросаноатӣ, инчунин, маориф, илм, фарҳанг ва сайёҳӣ зарур шуморида шуд.
Масъалаҳои байналмилалӣ, хосатан таъмини амнияту субот дар митнақа аз ҷумлаи мавзуъҳои дигари музокирот буданд.
Пас аз анҷоми мулоқот дар қасри Акорда, барои саҳми арзанда дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, аз ҷумла густариши муносибатҳои байнипарламентӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Ордени Дӯстӣ, дараҷаи II сарфароз гардонда шуд.
Зимни мулоқоти хосса ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои парламентии Тоҷикистону Қазоқистон ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба, робитаҳои байнипарламентӣ, инчунин, масоили мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ шуд. Ҷонибҳо аз тамоюли мусбати муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳми боризи сарварони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Жомарт Токаевро дар тақвияти ин раванд баланд арзёбӣ карданд.
Робитаҳои байнипарламентӣ яке аз самтҳои калидии маҷмуи муносибатҳои байни ду кишвар номида шуд. Маҷлиси миллӣ ва Сенати Парламент ҳамкории мутақобилан судманди худро пайваста ва дар сатҳи сифатан баланд роҳандозӣ намуда, дар таҳкими муносибатҳои боэътимоди байни давлатҳо нақши рӯзафзун доранд.
Бахшҳои саноати кӯҳӣ, саноати сабук, хӯрокворӣ ва кимиё, металлургияи ранга, дорусозӣ, мошинсозӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия самтҳои афзалиятноки ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Қазоқистон дониста шуданд.
Дар идома ҷонибҳо ба масоили вобаста ба тавсеа ва густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус маориф, илм ва фарҳанг, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Баргузории рӯзҳои фарҳанг ва ташкили ҳамоишҳои муштараки илмию амалӣ ва фарҳангӣ муҳим арзёбӣ шуд.
Дар мулоқот бо ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек ҳолати кунунӣ ва дурнамои тавсеаи ҳамкориҳо байни бародаршаҳрҳо ва пойтахтҳои ду кишвар – Душанбе ва Остона баррасӣ гардид. Аз пешрафту комёбиҳои шаҳри Остона ба сифати маркази сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва илмии Қазоқистон дар самти рушди устувор ва беҳбуди сатҳи зиндагӣ истиқбол карда шуд. Дар ин зимн, ба масъалаҳои густариши муносибатҳои бародаршаҳрӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, сармоягузорӣ, фарҳанг, маориф, технологияҳои муосир, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Дар доираи сафар Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Остона аз технопарки байналмилалии “Астана Ҳаб” (Astana Hub) боздид кард.
Иттилоъ дода шуд, ки “Астана Ҳаб” яке аз калонтарин технопарки байналмилалии стартапҳои иттилоотию технологӣ (IT) дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад. Раванди мазкур соли 2018 бо мақсади дастгирӣ ва рушди ширкатҳои технологии Қазоқистону кишварҳои хориҷӣ таъсис дода шуда, ба фароҳам овардани шароити мусоид барои татбиқи фаъолияти инноватсионӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ нигаронида шудааст.
Маврид ба зикри хос аст, ки моҳи июли соли ҷорӣ бо ташаббуси навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул шуд, ки ба ҳайси аввалин ҳуҷҷати байналмилалӣ ба раванди татбиқи зеҳни сунъӣ дар сатҳи минтақавӣ нигаронда шудааст.
Дар робита ба ин, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ омӯзиши фаъолияти босамар ва таҷрибаи технопарки “Астана Ҳаб”-ро муфид арзёбӣ намуд.
Да ин бора аз Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”