Баргашт Чоп кардан

"СОДИРОТИ МАШРУБОТИ ТОҶИКИСТОН. ДАРКУШОӢ КУНЕМ, НА ДАРБАНДӢ"


Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд ва пайваста ба соҳаи содирот таваҷҷуҳ зоҳир намудан изҳори сипос намуда, бо баррасии маводи таҳлилӣ, ки дар нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи "Ҷумҳурият" бо номи "Содироти машруботи Тоҷикистон. Даркушоӣ кунем, на дарбандӣ" аз 11-уми июни соли 2025, №115 ба чоп расидааст, чунин маълумот манзур менамояд.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади дарёфти бозорҳои нави фурӯши маҳсулоти ватанӣ Агентии содирот бо шарикони хориҷӣ ва истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамкориро ба роҳ монда, намунаи маҳсулоти саноатию кишоварзӣ, аз ҷумла машрубот ва нӯшокиҳои ташнагишикани истеҳсоли Тоҷикистонро ба кишварҳои хориҷ, бахусус ба Федератсияи Россия, ирсол намуда, баъди хулосаи ниҳоӣ, содироти иловагии он ба роҳ монда мешавад.
Дар ҳафт моҳи соли 2025 содироти нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайри спиртӣ, аз ҷумла обҳои маъданӣ ва газноккардашуда 20 286,9 тонна ва майҳои табиӣ аз ангур 0,8 тоннаро ташкил намудааст. Дар ин давра ба Федератсияи Россия обҳои маъданӣ ва газноккардашуда, дорои иловагиҳои шакар ё дигар маводи ширинкунанда ё хуштаъм ба маблағи 4,3 ҳазор доллари ИМА дар ҳаҷми 5,6 тонна ва обҳои табиӣ-маъданӣ, газнок, бе иловаи шакар ё дигар маводи ширинкунанда ё хуштаъм ба маблағи 1016,4 ҳазор доллар дар ҳаҷми 1097,7 тонна содирот гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ бештар мебошад.
Ҳамзамон, Агентии содирот баҳри муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ дар хориҷи кишвар, пайваста дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ иштироки корхонаҳои истеҳсолӣ ва маҳсулоти содироткунандагони ватанӣ, аз ҷумла обҳои ташнагишикан ва спиртиро таъмин намуда, минбаъд низ дастгириву ҳавасмандгардонӣ ва муаррифии маҳсулоти онҳо ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми содироти маҳсулоти истеҳсолнамудаашон ба роҳ монда мешавад.
Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд ҳам омодааст бо воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи "Ҷумҳурият", ҳамкории зичро роҳандозӣ намояд.

Б. СИРОҶИДДИНЗОДА,
директори Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон