
ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
ЧАЙНВОРДИ “ИСТИҚЛОЛ”
1. Дар раъйпурсии умумихалқӣ
қабул гардидааст;
2. Бе он ваҳдат ва ҳамдилӣ
намешавад;
3. Ин шаҳр ба узвияти Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ пазируфта шудааст;
4. “Хатлон”, “Озодӣ”, “Истиқлол”
ва “Шаҳристон”;
5. Чор ташаббуси бузурги сатҳи ҷаҳонии Тоҷикистон оид ба ин
масъала буд;
6. Асар, осоишгоҳ ва
шабакаи телевизионӣ.
Таҳиякунанда Ҷумъагул НАЗАРОВА, шаҳри Ваҳдат
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
99 САҲИФАИ ХОЛӢ
Аз Гавриел Гарсия, рӯзноманигор ва нависандаи колумбиягӣ, пурсиданд, ки агар бихоҳӣ дар бораи умед ба зиндагӣ китоби садсаҳифагӣ иншо кунӣ, дар он чӣ менависӣ?
Гавриел дар ҷавоб гуфт:
– 99 саҳифаи онро холӣ мегузорам ва дар сатри охири саҳифаи охир менависам: «Фаромӯш накун, дунё давра аст, ҳар вақт эҳсос кардӣ, ки ба охир расидаӣ шояд дар нуқтаи аввал бошӣ!».
ҲИКМАТ: яъне, зиндагиро ҳар рӯз бо умеду орзуҳои нав бояд оғоз кард ва барои расидан ба ҳадафҳои шоиста аз ҳеҷ талоше даст набардошт.
Таҳияи Фаромарз РАҲМОНИЁН
ДАРАХТОНИ ДАРОЗУМР
МАФУСАИЛ
Мафусаил арчаи кӯҳист, ки 4841 сол умр дорад ва куҳансолтарин ҷони зинда дар рӯи Замин маҳсуб мешавад. Маскани ҷойгиршавии дарахтро пинҳон медоранд, то издиҳоми мардум ба нашъунамои он халал нарасонанд. Мафусаил дар Парки миллии Калифорния байни кӯҳҳои Инё ва Уайт – Маунтис мерӯяд. Аз ин дарахти қадимтар Прометей ном дошту 4900-сола буд. Онро соли 1964 олимон бо иҷозати ҳукумат барои таҳқиқот буриданд.
САРВИ ЗАРДУШТ
Ин сарв дар деҳаи Абаркӯҳи Эрон мерӯяду 4000 сол умр дорад. Сарв 25 метр баландӣ ва 18 метр ғафсӣ дорад. Тахмин меравад, ки ин дарахтро худи Зардушт шинондааст, аммо ин иштибоҳ аст. Чунки сарв яку ним-ду ҳазор сол аз Зардушт бузургтар аст.
ТИС ЛЛАНГЕРНЕВ
Синну соли дарахтонро бо мушкилӣ муайян мекунанд. Аммо дарахте, ки дар деҳаи Ллангернев, дар Уэлси шарқӣ ҷойгир аст, аниқ 4000 сол умр дорад. Ғафсии тани он 11 метр ва мувофиқ ба синну солаш аст.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО…
МИКЛУХО МАКЛАЙ - ОШИҚЕ АЗ ТАБОРИ МАҶНУН
Ба гумони ғолиб, Миклухо Маклайро аксарият мешиносанд. Дасти кам медонанд, ки ӯ аз машҳуртарин этнограф, биолог ва сайёҳи рус аст, ки умри худро ба омӯзиши зиндагии мардумони Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ва Австралия бахшидааст. Вале кам касоне огоҳанд, ки дар сафар шабҳои Маклайро поячароғе равшан мекард, ки худи ӯ аз косахонаи сари маҳбубааш сохта буд. Бале, бовар нокарданист, вале далел аст, ки айёми таҷрибаомӯзӣ дар донишгоҳи тиббӣ Маклай ва ҷавондухтари беморе бо ҳам аҳди муҳаббат мебанданду маъшуқа пеш аз марг косахонаи сарашро ба дӯстдоштааш мерос мегузорад. Маклайи девонатар аз Маҷнун косахонаи сарро дар такяи устухонҳои оринҷ мустаҳкам намуда, бо болопӯши сабз онро оро ва ба поячароғ табдил медиҳад. Ҳамин поячароғ этнографи машҳурро дар тамоми сафарҳояш ҳамроҳ будааст.
Аз русӣ тарҷумаи С. РАҲМОНЗОДА
НОБИҒАҲОИ ТИББИ ҶАҲОН
10 нафаре, ки дар соҳаи тиб таҳаввулот карданд
6. Параселс (1493-1541)
Табиби швейтсарӣ Филипп Ауреол Теофраст (тахаллусаш – Параселс) ҳамчун муборизи матини баргардондани ҷарроҳӣ ба олами тиб шомили таърих шуд (он вақт кимиёгарон табибони ҳақиқӣ шумурда мешуданду ҷарроҳон косиб).
Вай рисолаи «Дар бораи бемориҳои занона»-ро навишта, сабаби хашми Калисо гардид, зеро диндорон ин мавзуъро мамнуъ эълом карда буданд. Аммо Параселс мутмаин буд, ки бемориҳои занона бояд аз ҷониби табибони махсус муолиҷа карда шаванд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
АСРОРИ ЯК САНДУҚ
Анна ва Иван 45 сол бо ҳам зиндагӣ карданд. Ягон камбудӣ надоштанд. Умри хешро бо шодӣ мегузаронданд. Аз ҳамдигар ягон корро пинҳон намедоштанд. Дар хонаашон як ҷомадони куҳна буд. Занашро ҳамеша таъкид мекард, ки ба он даст нарасон. Бо гузашти солҳо Иван ҷиддитар мегуфт: “Даст нарасон, ин аз они ман аст”. Анна сухани ӯро эҳтиром мекард, вале аз дил мегузаронд, ки дар он чӣ чизе қиматбаҳо дорад, ки ҳатто аз ман пинҳон медорад? Аммо намепурсид ва медонист, ки ҳар кас сире дорад.
Вақте ки шавҳараш аз дунё гузашт, Анна он ҷомадони қуфлаш зангзадаро кушоду дид, ки шавҳари меҳрубонаш фикри зиндагии ояндаи ӯро кардааст, ки азоб накашад. Дар сандуқи куҳна Иван барои ӯ сарваташро мерос гузоштааст.
Таҳияи Мафтуна БАХТИБЕКОВА
МУВАФФАҚИЯТ
АРНОЛД ШВАРТСЕНЕГГЕР
Ҳунарманди Ҳол-ливуд, собиқ губернатори иёлати Калифорнияи ИМА Арнолд Швартсенеггер 78 сола шуд. Пас аз чанд ҷарроҳии дил табибон гуфтанд, ки ӯ то 80-солагӣ умр намебинад. Вале, ӯ дорои беш аз як миллиард доллари ИМА сарват буда, тасмим гирифтааст, тарзи ҳаёти солим пеш барад. Вай дар теппаҳои Лос-Анҷелес иморате бо арзиши 16 миллион доллар ва як қалъаи қадимӣ дар Австрия бо маблағи 32 миллион доллар дорад, ки онҳо бо толори варзиш ва аспхона муҷаҳҳаз мебошанд. Ӯ, инчунин, дорои ашёи беназир – соати махсуси фармоишӣ мебошад, ки арзишаш 5 миллион доллар аст. Ҳамчунин, мототсикли аслии «Terminator», ки хеле кам истифода шудааст, ҳамчун антиквариат ҳисобида мешавад. Бо вуҷуди ин, Швартсенеггер хеле саховатманд буда, лоиҳаеро эҷод кард, ки ба собиқадорон кумак мекунад, то онҳо ба по хезанд. Ҳамчунин, ҳар сол ӯ 5 миллион доллар ба мактабе дар минтақаҳои камбизоат медиҳад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
АНДОЗ АЗ РӮИ ВИҶДОН
Биология. Саволи иловагӣ дар имтиҳони дохилшавӣ:
– Ғолибов, фарз кардем ба болои скелет пӯст мекашем, вай ба кӣ монанд мешавад?
– Ба соҳибкоре, ки андозҳоро аз рӯи виҷдон сари вақт месупорад, устод.
Таҳияи Ҳ. РАҲМОНЗОДА
100 ФОИЗ АЗ РӮИ МАНТИҚ
Аз толори суд:
– Иванов лутфан фаҳмонед, ки 8 миллиард рубл дар сандуқи хонаи корманди коррупсия аз куҷо пайдо шуд?
– Аз дасти фасодкорон рӯёндам, рафиқ судя.
– Пас чаро ба буҷет барнагардондӣ?
– Корам бе мантиқ мешуд, рафиқ судя.
– О мантиқ дар ин ҷо чӣ дахл дорад?
– Рафиқ судя, худ тасаввур кунед, мо шабу рӯз хоб накарда, маблағи аз буҷет дуздидашударо бармегардонем. Вале ҳамаи ин маблағҳоро буҷет аз нав ба ихтиёри ҳамон мансабдорони фасодкор медиҳад, то такроран ғорат шаванд. Барои ҳамин, муваққатан дар хона нигоҳ доштани 8 миллиард рубл сад фоиз аз рӯи мантиқ аст.
Таҳияи Ф. РАҲМОНЗОДА
ВАРЗИШГАРОНИ МУВАФФАҚИ ОЛАМ
СЕРЕНА УИЛЯМС
Серена Уилямс, теннисбози амрикоӣ, ягона бозигар дар таърихи теннис аст, ки дар ду категория: яккаса ва ҷуфтӣ ғолиби ҳар чор мусобиқаи Grand Slam ва қаҳрамони чоркаратаи бозиҳои олимпӣ шудааст. Серена Уилямс миёни занҳо ва мардон ягона варзишгарест, ки давоми корномаи варзишии худ барандаи «Тоскулоҳи тиллоӣ» гардид. Дар маҷмуъ, Серена 23 карат чемпиони Grand Slam ва панҷ маротиба ғолиби мусобиқаи ҷамъбастии WTA мебошад. Ӯ дар байни теннисбоззанони касбӣ аз ҳама зиёд ҷоизапулӣ ба даст овардааст.
Серена, инчунин, тоҷири муваффақ буда, дар лоиҳаҳои хайрия фаъолона иштирок мекунад: бо пули ӯ дар Африқо якчанд мактаб сохта шудааст ва ба донишҷӯёни коллеҷ дар ИМА идрорпулӣ пардохт карда мешавад.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ВАРЗИШҲОИ ҒАЙРИОДӢ
МУСОБИҚА БАРОИ ПАНИР
Ин метавонад девонагӣ ба назар расад, аммо иштирокчиёни ин мусобиқа, воқеан, барои гирифтани як пораи азими панир, ки аз кӯҳ меғелонанд, сабқат мекунанд.
Мусобиқаи панири Купершилл ҳар сол рӯзи душанбеи охири моҳи май баргузор мешавад. Расо соати 12:00 ба вақти маҳаллӣ пораи мудаввари панир аз теппаи Купер дар Котсволдс (Англия) ба поён меафтад ва иштирокчиён барои расидан ба он медаванд. Ҳар касе, ки аввалин шуда ба марра мерасад, соҳиби мукофот – яъне панир мешавад.
Воқеан, бо вуҷуди шавқоварии зиёд ин варзиши бехатар нест. Масалан, дар пойгаи 29-уми майи соли 2023 ҷавони 19-солаи канадаӣ беҳуш ба марра расид, зеро ҳангоми фуромадан сараш ба санг бархӯрда буд.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
РЕКОРДИ "КОҒАЗӢ"
Дар "Китоби рекордҳои Гиннесс" аксар вақт дастовардҳои хеле аҷиб дохил мешаванд. Масалан, писарбачае аз Чин аз варақи А4 рахи дарозтаринро бидуни кандан бурид. Дарозии ин рах ё тасма 108,15 метр аст. Пеш аз ин ӯ, аллакай, ду рекорди “коғазӣ” гузошта буд. Калонтарини он 4,10 метр дарозӣ дошта ва аз як варақ сад гули хурди сунъӣ сохт.
* * *
Дар Адигея (Россия) панири дарози бофташударо барои рекорд тайёр карданд. Андозаи он 189 метр ва вазнаш 195,8 кг мебошад. Барои бофтани он 2,5 тонна шир сарф шуда, 12 кас 24 соат кор карданд.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ҲАСАД
Марди фақире бо кӯза ба лаби ҷӯй омад, то об барад. Ҷамъе аз мардумро дид, ки ба сӯе равонанд. Ҳол пурсид. Посух доданд, ки шоиранд ва ба назди халифа мераванду барояш шеър мехонанд.
Ӯ аз паси онҳо бо ҳамон либосу кӯзаи холӣ, ки хоси қабули халифа маҳсуб намешуд, рафт. Чашми халифа зуд ба ӯ бархӯрд ва пурсид, ки ту ба чӣ кор омадаӣ? Посух дод: “Ман низ яке аз шоиронам”.
Халифа гуфт: “Пас, шеъре бихон, агар рост мегӯӣ”.
Марди фақир ба ин мазмун байте гуфт: “Дидам, ки дарёи софу хурӯшон ба сӯи халифа меравад ва ман омадам, ки аз ин дарё кӯзаи худро пур бикунаму биравам”.
Ба халифа байти ӯ писанд афтод ва амр кард, ки кӯзаашро пур аз зар бикунанд. Ҳамчунон карданд ва марди фақир бо хушҳолӣ тарки даргоҳ намуд.
Тухми ҳасодат бар дилҳои шоирон афтод ва зуд ҳосил дод. Гуфтанд: “Эй халифа, ин мард девонаест ва қадри зару саховатмандии шуморо намедонад”.
Халифа изҳор дошт: “Маро байти ӯ хуш омад ва он зар бар ивази байташ додам”.
Марди фақир ҳамаи зарро ба дарвешон бахшид. Ба халифа хабар оварданд, ки ба зари шумо эҳтиром нагузошт. Амр кард, ки он шоири ҳақирро биёранд. Оварданд ва сабаби амалашро аз ӯ пурсид. Посух гуфт: “Ҳар чи бахшиданд, бояд бахшид ва ҷаҳон бо бахшиш ободу пойдор аст”.
Ин посух низ халифаро бисёр хуш омад ва гуфт, боз даҳ баробар бештар зар бидиҳедаш ва, ҳамчунон, карданд.
Китобати Абдулқодири РАҲИМ
КРИСТИАН РОНАЛДО – ИФТИХОРИ МОДАР
Мариа Долориш дос Сантус Авейру – модари футболбози маъруфи сайёра, ҳамлагари тими миллии Португалия Кристиан Роналдо дар як мусоҳиба мегӯяд: “Вақте ман ҳомила шудам, мехостам бо сабаби надоштани шароит тифлро ҳамл кунам. Аммо духтурҳо иҷозат надоданд. Ниҳоят тифл ба дунё омад, кӯдакияш дар шароити вазнин гузашт, ҳатто дар вақти мактабхониаш бо сабаби фақир буданамон бо ӯ касе бозӣ намекард. Муаллимҳо ба ӯ писханд мезаданд ва ӯро аз мактаб хориҷ карданд. Ӯ кӯчаҳоро рӯбучин мекард, то пули ночизе ба даст биёрад. Ҳоло бошад, ман бо он тифл ифтихор мекунам, тифле, ки бо номи Роналдо ҷаҳонгир шуд”.
Таҳияи З. РАҶАБ
МУҲИМ АМАЛ КАРДАН АСТ
Шабе дар деҳа барфи зиёд борид, ки баландиаш то миён мерасид. Субҳ шогирдони интернат барои мулоҳиза дар толор ҷамъ омаданд. Муаллим пурсид: “Бигӯед, акнун чӣ кор кунем?”.
Яке гуфт: “Бояд дуо кунем, ки ҳаво гарм шавад”.
Дуюмӣ пешниҳод намуд: “Бояд интизор шавем, то барф тезтар хезад”.
Муаллим гуфт: “Акнун гӯш кунед, ки ман чӣ гуфтаниам”.
Шогирдон барои гӯш кардани ҳикмати устодашон омода шуданд. Муаллим ба онҳо нигаристу гуфт: “Белҳоро бардоред ва ба пеш!”.
ҲИКМАТ: фаромӯш набояд кард, ки барои ҳалли ҳар масъала муҳим амал кардан аст.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
«КИТОБИ РЕКОРДҲОИ ГИННЕСС»
«Китоби рекордҳои Гиннесс» бори аввал 27-уми августи соли 1955 дар Лондон ба нашр расид. Он аз 198 саҳифа иборат буд ва бо номи Артур Гиннесс, пивопазе, ки бренди ҳамин номро таъсис додааст, номгузорӣ шудааст.
Идеяи эҷоди китоб аз ҷониби Ҳю Бивер, директори ширкати пивопазии «Гиннесс», пешниҳод шудааст. Ӯ мехост, ки барои мизоҷони майхонаҳои ирландӣ ва бритониёӣ як манбаи бонуфузе эҷод кунад, то баҳсҳои онҳоро дар бораи моҳияти рекорди як падидаи мушаххас ҳал намояд. Муаллифони ин китоб соҳибони агентии иттилоотии бародарон Норис ва Росс Мак Уайртерҳо буданд. Дар аввал қарор буд, ки нашрия бо теъдоди хурд, пеш аз ҳама, барои соҳибони майхонаҳо нашр шавад, аммо маҷмуа муваффақ шуд ва худи ҳамон сол серхаридортарин китоб дар Бритониёи Кабир ба шумор мерафт.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
REGENT INTERNATIONAL
Биное, ки ба шаҳрак шабоҳат дорад
Дар Чин якчанд биноҳои "шаҳр дохили шаҳр" мавҷуданд, аммо маъруфтаринашон “Regent International” дар Ҳангжоу - наздикии шаҳри Шанхай мебошад.
Дар бино то 30 ҳазор нафар зиндагӣ мекунад ва онро ба яке аз биноҳои сераҳолӣ дар ҷаҳон табдил додаанд. Бино 39 ошёна дорад ва дорои инфрасохтори худ, аз ҷумла мағозаҳо, ҳавзҳои шиноварӣ ва дуконҳои хӯроки тезтайёр мебошад, ки ба сокинон имкон медиҳад, ниёзҳояшонро аз бино берун нашуда бароварда бошанд.
Таҳияи Наргис АТОЕВА