31-уми август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.
Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.
Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дигар чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок намуда, як қатор мулоқотҳои дуҷониба анҷом медиҳанд.
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ
1-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи Созмони ҳамкории Шанхай иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Роҳбари кишвари мизбони Чин муҳтарам Си Ҷинпин барои дар сатҳи баланд ташкил намудани ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори сипос карданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Созмони ҳамкории Шанхайро дар рушди ҳамкории кишварҳои аъзо назаррас арзёбӣ карда, густариши минбаъдаи муколамаи сиёсии боэътимодро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созанда зарур шумурданд.
“Мо рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки иқтисод, аз ҷумла нақлиёт ва транзит, энергетика, саноат, кишоварзӣ, инноватсия ва рақамисозиро муҳим мешуморем”, – иброз доштанд Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати мо дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва азхудкунии иқтидори гидроэнергетикии кишвар андеша ронданд.
Имкониятҳои Тоҷикистон барои ҷалби сармоя ба рушди саноат, таъсиси корхонаҳои муосири коркарди захираҳои канданиҳои фоиданок ва бахши агросаноатӣ муаррифӣ шуданд.
Роҳбари давлат бо дарназардошти имкониятҳои муҳити табиии Тоҷикистон, иштирокдорони ҳамоишро ба ҳамкории густурда дар соҳаи сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ ва табобатӣ, даъват намуданд.
Зимни таҳлили вазъи таъмини амнияти минтақавӣ ҳамкории кишварҳои аъзои Созмон дар муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, сепаратизм ва радикализм дар ҳама зуҳуроти он, инчунин, бо таҳдидҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки созишномаҳо оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай ва Маркази универсалии мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амнияти кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз ба имзо мерасад, дурнамои навро барои ҳамкории давлатҳо дар самтҳои зикршуда боз менамоянд.
Пешвои миллат аз роҳбарони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар робита ба дастгирӣ аз қарори Шурои сарварони давлатҳои аъзо ҷиҳати таъсиси Маркази зиддимухаддиротиии Созмон дар Душанбе изҳори сипос намуданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади густариши ҳамкории бисёрҷониба дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, бо ташаббуси Тоҷикистон ва дастгирии Созмони Милали Муттаҳид “Раванди Душанбе оид ба мубориза бо терроризм” фаъолона пеш бурда мешавад.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар мавқеи устувор ва тағйирнопазири Тоҷикистонро дар самти ҳалли вазъи мураккаб дар Шарқи Наздик ва дигар кишварҳои ҷангзада таъйид намуданд.
Сарвари давлати мо изҳор доштанд, ки музокирот ва муколама роҳи ягонаи ҳалли ҳамаи буҳронҳо ва низоъҳо мебошанд.
Дар бахши фарҳанг тақвияти ҳамкории фарҳангию башардӯстона бо лоиҳаҳои нави таълимӣ ва иҷтимоӣ амри муҳим дониста шуд.
Дар ин зимн, аз шарикон даъват карда шуд, ки дар Форуми ҷавонони кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки соли оянда дар Тоҷикистон баргузор мегардад, иштирок намоянд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари мо, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти марбут ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо ёдовар шуда, таъкид намуданд: “Тоҷикистон зиёда аз бист сол аст, ки масъалаҳои ҷаҳонии марбут ба захираҳои обӣ, иқлим ва рушди устуворро пеш мебарад, аз ҷумла майдонҳои байналмилалии “Раванди оби Душанбе” ва “Раванди Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо”-ро рушд медиҳад.
Пешбурди ташаббуси Тоҷикистон оид ба қабули қатъномаи махсуси Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда идомаи тадбирҳои башардӯстонаи кишвари мо номида шуд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳамёрии зичи кишварҳои “Оилаи Созмони ҳамкории Шанхай”, Созмони Милали Муттаҳид, ташкилотҳои шарики минтақавӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро таъкид намуданд.
Аз ҳамроҳ шудани Ҷумҳурии Халқӣ-Демократии Лаос ба сифати понздаҳумин шарики муколамаи Созмон истиқбол карда шуд.
Дар анҷоми ҷаласа 15 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла Созишнома оид ба таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар шаҳри Душанбе, ба имзо расид.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПРЕЗИДЕНТИ БОНКИ ОСИЁИИ САРМОЯГУЗОРИҲОИ ИНФРАСОХТОРӢ (БОСИ) ҶИН ЛИТСЮН
1-уми сентябр дар шаҳри Тянҷин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҷаласаи Шурои сарварони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (БОСИ) Ҷин Литсюн мулоқот намуданд.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми Бонкро дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими ҳампайвандии кишварҳои минтақа намоён арзёбӣ карданд.
Таъкид гардид, ки Бонк дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон бо маблағи умумии беш аз 430 миллион доллари ИМА иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони Неругоҳи «Роғун» ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод. Дар ин зимн, Бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба Неругоҳи «Роғун» ба 500 миллион доллари ИМА расонад.
Ҷонибҳо имконоти васеи ҳамкорӣ дар самти «энергетикаи сабз», аз ҷумла сохтмон ва навсозии неругоҳҳои барқии гуногуниқтидор ва ба истифода додани дастгоҳҳои офтобию бодиро муҳокима намуданд.
Дастгирии молиявии Бонк барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хатари селу ярч ва ҷалби технологияҳои муосири назорату мониторинг зарур шумурда шуд.
Ба тақвияти ҳамгироии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори он ва навсозии низомҳои коммуналӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Ҳамкорӣ барои ҷалби сармояи хусусӣ, рушди шаклҳои инноватсионии маблағгузорӣ ва усулҳои нави молиявӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳо номида шуд.
ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ҶАЛАСАИ “СҲШ ПЛЮС”
ДАР МАВЗУИ “ТАТБИҚИ БИСЁРҶОНИБА, ТАЪМИНИ АМНИЯТИ МИНТАҚАВӢ ВА МУСОИДАТ БА РУШДИ УСТУВОР”
1-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷин дар ҷаласаи «Созмони ҳамкории Шанхай плюс» дар мавзуи “Татбиқи бисёрҷониба, таъмини амнияти минтақавӣ ва мусоидат ба рушди устувор” иштирок ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба роҳбарияти кишвари мизбон барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ ва дар доираи Созмон фароҳам овардани имкони хуби баррасии масоили ҳамкорӣ изҳори сипос намуданд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши Созмони ҳамкории Шанхай дар рушди ҳамкории гуногунҷанба андешаронӣ карда, таваҷҷуҳи роҳбарони кишварҳо ва намояндагони воломақоми созмонҳои иштирокдори ҳамоишро ба масъалаҳои мубрам ва ҳалли мушкилоти глобалӣ ҷалб намуданд.
Ба таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласа тадбирҳои то имрӯз анҷомдодаи Тоҷикистон дар соҳаҳои афзалиятноки нақлиёт, гидроэнергетика, саноат ва дигар самтҳо расонда шуд.
Даъват карда шуд, ки бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир ҳамкории муштарак тақвият дода шавад.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, аз ҷумла дар самти ҳалли мушкилоти вобаста ба оби ошомиданӣ ва ҳифзи пиряхҳо, ёдовар шуда, ҳамаи кишварҳо ва созмону ниҳодҳои минтақавию ҷаҳонии алоқамандро ба ҳамкории самарабахш даъват намуданд.
МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ВЛАДИМИР ПУТИН
1-уми сентябр мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор гардид.
Зимни суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаро баррасӣ карда, доир ба натиҷаҳои ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай табодули афкор намуданд.
Масъалаҳои алоҳидаи рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт. Ҳамчунин, масъалаҳои вобаста ба ҳамоишҳои дарпешистодаи сатҳи олӣ баррасӣ шуданд.
МУЛОҚОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БО РАИСИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН
1-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат аз тамоюли афзояндаи тамосу мулоқот дар сатҳҳои олӣ ва баланд изҳори қаноат намуданд.
Ҷонибҳо ба густариши равобити иқтисодиву тиҷоратӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, ҳамлу нақли байналмилалӣ, илму фанновариҳо, кишоварзӣ, тандурустӣ ва дигар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб манфиатовар таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Аз лағви раводид миёни Тоҷикистону Эрон, ки дар пешбурди ҳамкорӣ дар соҳаҳои гардишгарӣ, тиҷорат, нақлиёт, фарҳанг ва тиб нақши назаррасе гузоштааст, истиқбол карда шуд.
Атрофи вазъи кунунии мураккабу ноустувор ва пешгӯина-шаванда дар Ховари Миёна табодули афкор сурат гирифт.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид. Дар ин робита ба кишвари дӯст барои ҷонибдорӣ аз ташаббуси Тоҷикистон барои таъсиси Маркази зиддимухаддиротии Созмони ҳамкории Шанхай дар Душанбе изҳори сипос карда шуд.
СУҲБАТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САРВАЗИРИ ҶУМҲУРИИ ҲИНДУСТОН НАРЕНДРА МОДИ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Тянҷини Ҷумҳурии Мардумии Чин бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Зимнан, доир ба густариши робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию башарӣ табодули афкор сурат гирифт.
Сарварони ҳар ду давлат аз раванди рушди муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ҳиндустон изҳори қаноат намуданд.