Ифтихор ва шарафи бузург аст, ки дар кишвари соҳибистиқлоламон ҳамасола 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шукӯҳ таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо рӯзи оғози соли нави хониш, балки рӯзи омӯзиши нақши сулҳ ва аҳамияти он барои ҳаёти инсонӣ низ мебошад.
Ҳамагон шоҳиди он будем, ки Пешвои миллат Дарси сулҳро бо суханронии пурмуҳтаво оғоз намуда, дар зимн, вазифагузориҳои мушаххасро барои рушд ва пешрафти соҳа дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир матраҳ намуданд: “Асре, ки мо дар он кору зиндагӣ карда истодаем, асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияҳои навтарин – замони пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад”.
Пешвои маҳбуби миллат дар суханронии пурмуҳтавояшон ба падару модарон рӯ оварда, таъкид доштанд, ки ояндаи равшану пурсаодати фарзандон, қабл аз ҳама, ба сатҳи масъулиятшиносии онҳо дар самти тарбияи маънавӣ, ахлоқӣ ва руҳию равонии фарзандон вобаста мебошад.
Муҳимтарин таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мисли шиори миллӣ садо дод, ин буд: “Ҷомеа бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба омӯзгор ин эҳтиром ба миллат аст”.
Дар масъалаи сифати таълиму тарбия низ суханони Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳамияти бузургеро доро мебошанд, чунки омода намудани кадрҳои баландихтисос ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифату ватандӯст ва сатҳу сифати таълиму тарбия аз муассисаҳои таълимӣ вобастагии зиёд дорад.
Дар баробари дигар супоришу роҳнамоиҳо Президенти кишвар доир ба таҳияи китобҳо бо стандартҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсиро яке аз масъалаҳои меҳварии соҳаи маориф арзёбӣ намуданд: “Яке аз масъалаҳои муҳими зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар умум соҳаи маориф таълифи китобҳои дарсии насли нав мебошад. Китоби дарсӣ бояд хонандаро на фақат ба дараҷаи шинохти илм расонад, балки андешаи ӯро бедор созад, дар ниҳоди хонанда ҷаҳонбинии дунявӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро ташаккул диҳад”.
Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, академияҳои соҳавӣ ва Маркази тадқиқоти стратегӣ вазифадор шуданд, ки бо ҷалби олимони соҳибтаҷриба Консепсияи таҳияи китобҳои дарсиро аз нав таҳия ва пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, зарур аст, ки китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ пеш аз нашр аз ташхиси олимони Академияи миллии илмҳо гузаронда шаванд.
Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бори дигар исбот кард, ки Пешвои азизи мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дастгир ва сарпарасти соҳаи илму маориф, насли имрӯз ва ояндаи Тоҷикистонанд.
Алишери АБДУЛМАҶИД,
дотсенти кафедраи журналистикаи ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ