Баргашт Чоп кардан

КӮШОНИЁН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ МАОРИФ


Дар доираи нақша-чорабиниҳо вобаста ба истиқболи арзандаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба соли хониши 2025-2026 омодагии ҳаматарафа дида, биноҳо, синфхонаҳо, китобхонаҳо, толорҳои хонишу варзишро пурра аз таъмир бароварданд. Махсусан, дар ин самт шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён корҳои назаррасро ба анҷом расонд. Мутобиқи иттилои мудири шуъбаи маорифи ноҳия Саидмухтор Абдуҷабборзода, дар ҳамаи 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва Гимназия, ки дар онҳо 61753 хонанда ба донишомӯзӣ фаро гирифта мешавад, тамоми шароит барои таҳсил фароҳам аст.
Дар ноҳияи Кӯшониён хонандагон дар ду баст таҳсил мекунанд ва аз ҷойи нишаст танқисӣ надоранд. Имсол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 2, 38, 41 ва 44-ум биноҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода шуданд, ки мушкили норасоии ҷойи нишастро дар мактабҳо аз байн бурд.
Хонандагони ноҳия дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», олимпиадаҳои фаннӣ дар вилоят аз пешсафонанд. Ҳар сол шогирдони мактабҳои рақами 1, 10, 17, 26, 39, 70, 71-ум ва ғайра аз озмуну олимпиадаҳо бо мукофотҳо бармегарданд. Ҳамчунин, дар Кӯшониён 9 муассисаи томактабии давлатӣ ва Муассисаи томактабии хусусии «Садаф» дар деҳоти Заргар фаъолият мебаранд ва онҳо дар омода намудани кӯдакони болаёқат, дӯстдори китоб, шавқманди хониш саҳми бориз мегузоранд. Роҳбарони ноҳия мақсад доранд, ки дар деҳоти Меҳнатобод боз як муассисаи нави томактабӣ сохта, онро дар соли Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба кӯдакони хушбахти даврони соҳибистиқлолӣ туҳфа намоянд. Аз оғӯши ин муассисаҳои томактабӣ ва аз домони зодмандон имсол қариб 3 ҳазор кӯдак ба муассисаҳои таълимӣ нахустин қадами худро гузоштанд, қадами онҳо хуҷаста бод дар роҳи аз худ намудани дониш ва амалҳои неку адаб.

Қурбон МАДАЛИЕВ, «Ҷумҳурият»