“Шоҳнома” ҳадяи қисмат барои тоҷикон,
Достони мардуми соҳибхирад андар ҷаҳон.
Қисса гӯяд аз фарозу аз нишеби сарнавишт,
Сабт дар авроқи ӯ шодию андуҳи гарон.
Аз Каюмарсу Сиёмак то Ҳушангу Таҳмурас,
Зиндагӣ оғоз шуд бо шӯру шавқу бо ҳавас.
Даври Ҷамшеди Аҷам шуд умри одам бас дароз,
Даҳр буд бедарду ғам, бедору бебанду қафас.
Аҳриман-он деви каҷдил-маншаи макру гуноҳ,
Кард Заҳҳоки сияҳдилро ба Эрон подшоҳ.
Отибинро аз Фаронак баҳри моронаш бибурд,
Зери зулмаш мардумон дар нолаву фарёду оҳ.
Он замон он Коваи боёду ҳушу бохирад,
Пешдоман тофта бар найзааш парчам бикард.
Бо Фаридуни ҷавону некдил пайванд шуд,
Бастаанд он аждаҳоро дасту по андар набард.
Аз Фаридун баҳри миллат давлати обод монд,
Кори неку номи некаш ҷовидон дар ёд монд.
Пок кард ӯ аз замона нақши Иблиси лаин,
Банду ҷодуро шикасту мулки ӯ озод монд.
Кайқубоду Хусраву Ковусу ҳам Луҳроспи Кай,
Сому Золу Рустами Таҳамтани фархундапай.
Бо дирафши Коваю бо Бежану Тӯси Нузар,
Роҳи нопаймудаеро бо зафар карданд тай.
“Шоҳнома”, эй чароғи равшани шоми Аҷам,
Аз сафоят ҷовидон шуд дар ҷаҳон номи Аҷам.
Сӯхт гаҳ аз рашку кина сарзамину қасру кушк,
Пухта шуд аз гулханаш андешаи хоми Аҷам.
Пири Тӯсӣ-шоҳи панду ҳикмату шеъру сухан,
Парчами андарзҳоят парфишон дар анҷуман.
Худшиносӣ медиҳад ҳар сафҳаат аз баҳри кас,
То бидонад қадри аҷдодону ин хоки куҳан.
Амиршоҳи ХАТЛОНӢ,
шаҳри Бохтар
ШУКРОНАИ ИСТИҚЛОЛ
Шукри зиндагӣ дорам дар замони Истиқлол,
Меҳани азизи ман ошёни Истиқлол.
То баҳори бахти мо сабзу гулфишон бошад,
Пар кушо, ливои мо, эй нишони Истиқлол.
Ҳамватан, фақат ваҳдат медиҳад ба мо қудрат,
Мебарад ба кӯи дил остони Истиқлол.
То ба боми мо бошад селаи кабӯтарҳо,
Осмони мо бошад осмони Истиқлол.
Рафтуои шеду маҳ дар фазои мулки мо
Пайки он, ки беохир корвони Истиқлол.
Хандаи гуҳарбори тифлакони хуштолеъ,
Медиҳад ба кас пайғом аз ҷаҳони Истиқлол.
Эй Ватан, диёри мо - модари саодатбахш,
Файзи бекарони ту аз тавони Истиқлол.
Чашми мо зиё дорад аз фари ватандорӣ
Ишқ бар Ватан бошад ҷон ба ҷони Истиқлол.
Меҳронаи АКРАМ,
шаҳри Хуҷанд