Дар шаҳри бостонии Истаравшан дар баробари рушди иқтисодиёт, бунёди корхонаҳои хурду калони истеҳсолӣ ба соҳаи маориф ва рушди ҳамаҷонибаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунанд, зеро дар шаҳр солҳои охир шумораи хонандагон афзудааст. Аз ҷумла, бо назардошти афзоиши солонаи теъдоди хонандагон, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ аз оғози соли равон то ба имрӯз иловатан 3 муассисаи таҳсилоти умумӣ воқеъ дар деҳаи Куҳандижи деҳоти Зарҳалол барои 600 ҷойи нишаст дар ду баст аз ҷониби кумитаи падару модарон, дар деҳаи Ниҷонии деҳоти Ниҷонӣ барои 360 ҷойи нишаст дар ду баст ва дар деҳаи Таги чинори деҳоти Гули Сурх барои 480 нафар хонанда дар ду баст бо кумаки Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, дар маҷмуъ, барои 1440 нафар хонанда бунёд шуда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳамзамон, дар давоми солҳои 2021-2025 дар назди муассисаҳои таълимӣ биноҳо ва синфхонаҳои иловагӣ барои 7310 ҷойи нишаст дар ду баст сохта ба истифода дода шуданд.
Ба андешаи раиси шаҳр Адҳам Маъмурзода, сарфи назар аз дастовардҳои бузурги соҳаи маориф дар солҳои охир, имрӯз зарурати рушди минбаъдаи инфрасохтори таълим дар мадди назар мебошад.
Дар ин давра дар шаҳри Истаравшан 4 кӯдакистон, аз он ҷумла кӯдакистони хусусии “Хурсандӣ” (соли 2021) дар шаҳраки Истаравшани деҳоти Зарҳалол барои 200 нафар кӯдак, кӯдакистони хусусии “Аладдин” (соли 2022) дар шаҳраки Гули Сурх барои 100 кӯдак, кӯдакистони хусусии “Донояк” (соли 2024) дар деҳаи Пошкенти деҳоти Пошкент барои 100 кӯдак ва ширхоргоҳ-кӯдакистони №8 бо номи “Табассуми насли истиқлол” (соли 2024) барои 140 кӯдак мавриди истифода қарор гирифтанд, ки дар 5 соли охир бо назардошти ифтитоҳи гурӯҳҳои иловагӣ наздики 1000 нафар кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шуданд. Маҳз ба шарофати даврони соҳибистиқлолӣ имрӯз иншоотҳои сохташавандаи соҳаи маориф ва тандурустӣ аз лиҳози намуд, сатҳи сохтмон ва ороиш аз кӯдакистонҳо ва беморхонаҳои даврони пешин хеле бартарӣ доранд ва бо тамоми таҷҳизоти муосир барои тифлакон таъмин мебошанд.
Дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Истаравшан 60 маркази инкишофи барвақтии кӯдак бо фарогирии 1981 кӯдак таъсис дода шуда, он нисбат ба соли 2020-ум 31 марказ ва 1135 кӯдак зиёд аст.
Омӯзиши барвақтии кӯдак бо гирифтани таҳсили минбаъда дар муассисаи таълимӣ заминаи асосӣ мегузорад. Он алоқамандии байни оила ва муассисаи таълимиро таъмин намуда, дар ҳаёти кӯдак қадами муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир, хуб мешуд волидайн бештар кӯдаконро ба ин марказҳо ҷалб намуда, завқи хонданро дар дили онҳо бедор намоянд.
Баланд бардоштани сифати таълим, таъмини хонандагон бо ташхисгоҳҳои замони муосир ва, албатта, шароити хуби фаъолияти корӣ ба устодон феълан аз ҷумлаи ҳадафҳои наздики Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дониста мешавад.
Дар шаҳри Истаравшан бо мақсади иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатӣ (28-уми декабри соли 2024) ироа шуда буд, корҳои ободониву созандагӣ ва муҳайёнамоии шароити мусоиди таълим дар соҳаи маориф вусъат пайдо кардааст.
Соли равон дар ин шаҳри куҳанбунёд бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Истаравшан ва, албатта, соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 25 иншооти гуногун идома дорад.
Ободии муассисаҳои таълимӣ рамзи эҳтиром ба илму дониш ва таваҷҷуҳ ба насли ояндасоз ба ҳисоб меравад. Мактабҳои тоза ва замонавӣ дар шаҳри Истаравшан шароити хуб барои таҳсил фароҳам оварда, дар дили кӯдакон муҳаббат ба маърифатро меафрӯзанд.
Сохтмон ва азнавсозии муассисаҳои таълимӣ дар шаҳри Истаравшан на танҳо ба як амали иқтисодӣ, балки ба як иқдоми фарҳангию маърифатӣ табдил ёфтааст, зеро ҳар як синфхонае, ки обод мешавад, ба садҳо кӯдакон имкони бештари таҳсил меорад. Истаравшан аз давраҳои қадим ҳамчун шаҳри дониш ва фарҳанг шинохта шудааст. Имрӯз низ идомаи ҳамин суннат дар сохтмон ва ободии муассисаҳои таълимӣ таҷассум меёбад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”