Беҳтарсозии вазъи воқеӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти санитарӣ дар деҳоти ҷумҳурӣ яке аз масъалаҳои мубрам ба шумор меравад. Бо назардошти ин, Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ёрӣ ва дастгириҳои рӯзафзуни Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат дар доираи татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ бо мақсади сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа, аз ҷумла дар самти обтаъминкунӣ ва рафъи обҳои партови шаҳру ноҳияҳо, фаъолияти худро равона намудааст.
Тавре Ҷамшед Табарзода, раиси Кумитаи мазкур, изҳор дошт, ҷиҳати ноил шудан ба дастовардҳои беш аз пеш сармояи институтҳои молиявӣ ҷалб гардида, дар доираи татбиқи босамари лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ як қатор корҳо ба анҷом расиданд.
Мавриди зикр аст, ки бо татбиқи лоиҳаи “ Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” ва бо пайгирӣ аз ин ташаббуси некбинона ва башардӯстона айни замон бо сарпарастии Ҳукумати мамлакат дар ҳамоҳангсозӣ бо Бонки ҷаҳонӣ аз ҷониби Маркази идораи лоиҳаи рушди инфрасохтори маҳаллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмон, навсозӣ ва барқарор намудани системаи обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Кӯлоб амалӣ мегардад. Дар доираи лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” корҳои сохтмонӣ ва таҷдиду барқарорсозии системаи обтаъминкунӣ дар деҳу деҳкадаҳои ноҳияи Восеъ ва ноҳияҳои минтақаи Бохтар – Вахш, Кӯшониён, Левакант, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун мавриди амал қарор дорад.
Айни замон аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ ду лоиҳаи сармоягузорӣ – лоиҳаҳои “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” ва “Сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон” амалӣ шуда истодааст. Дар доираи лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот” корҳои навсозии 5 пойгоҳи обкашӣ ва системаҳои обтаъминкунии 40 деҳаи ноҳияи Восеъ ба анҷом расиданд. Вобаста ба қисмати дуюми компоненти мазкур 125 иншооти санитарӣ-гигиенӣ, аз ҷумла ҳоҷатхонаҳои замонавӣ дар МТМУ, марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ, сохта ба истифода дода шуданд, ки ба аҳолии ноҳияи Восеъ хизмат мерасонанд.
Лоиҳаи “Сармоягузорӣ ба соҳаи обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон” барои беҳтар намудани дастрасӣ ба оби бехатар ва хизматрасониҳои санитарию беҳдоштӣ дар вилояти Хатлон ва сармоягузории афзалиятноки инфрасохтори системаҳои обтаъминкунии байниноҳиявии минтақаи водии Вахш, аз ҷумла ноҳияҳои Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун, равона карда шудааст. Дар назар аст, ки дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур 830 ҳазор нафар сокини ин минтақа бо оби тозаи ошомидании безараргардонда таъмин мегардад. Ҳамзамон, дар доираи ҳамин лоиҳа дар шаш шаҳру ноҳияи болозикр 160 иншооти санитарӣ-гигиенӣ сохта ба истифода дода хоҳад шуд.
Аз ҷониби Бонки аврупои таҷдид ва рушд бошад, лоиҳаи “Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Кӯлоб” татбиқ гардида истодааст. То имрӯз 70 дарсади корҳо ба анҷом расиданд. Дар натиҷаи амалишавии лоиҳаи мазкур истифодабарандагони оби ошомиданӣ дар шаҳри Кӯлоб аз 76 ҳазор нафар ба 126 ҳазор нафар расида, таъминоти об шабонарӯзӣ ба роҳ монда мешавад.
Дар доираи лоиҳаи дигаре, ки аз ҷониби БАТР барои “Барқарорсозии низоми обтаъмикунии шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара” маблағгузорӣ мегардад, созишномаҳои қарзӣ ва грантӣ ба имзо расида, корҳои асосноккунии техникӣ, аллакай, оғоз ёфтаанд.
Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Беҳтаргардонии низоми обтаъминкунӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” маркази ноҳия ва 7 деҳаи атрофи он, дар маҷмуъ, 50 ҳазор нафар аҳолии ноҳия бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин мегардад.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”