Баргашт Чоп кардан

МЕДИАТЕКАИ ПРЕЗИДЕНТ. ГАНҶИНАИ КИТОБХОНАИ МИЛЛӢ

Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи марти соли 2012 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани захираи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Маҷлиси Олӣ таъсис ёфт.
Вазифаи асосии Медиатека бунёди фонди алоҳидаи ҳуҷҷатҳои расмии давлатии дар воситаҳои ахбори омма интишорёфта: анъанавӣ (нашрияҳои чопӣ), электронӣ, гӯё, маҷозӣ, таъмини амният ва истифодабарии дарозмуддати фонди эҳтиётии ҳуҷҷатҳои электронӣ (микрофилмҳо, микрофишаҳо, микрочиптаҳо, дискҳои оптикии гуногунҳаҷм, маъхазҳои компютерӣ, саҳифаи интернетӣ ва дигар навъҳои воситаҳои электронӣ) гирдоварӣ, мураттабсозӣ, феҳристнигорӣ, ҳифз, коркарди илмӣ ва нигаҳдории маҷмуи пурраи ҳуҷҷатҳои расмии давлатӣ ва асноди марбут ба фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Медиатека барои гирдоварии мавод дар бораи саҳми Пешвои миллат дар ташкили сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ Тоҷикистон аз саҳифаҳои нашрияҳои даврӣ, ғайридаврӣ ва давомдор, аз сомонаҳои иҷтимоӣ маълумот доир ба фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ ва арабӣ ҷамъоварӣ менамояд. Ҳамзамон, ташкил ва таъсиси фонди аудио-видеоии Медиатека, таҳияи наворҳои видеоӣ ва китобҳои гӯёи Президент яке аз вазифаҳои калидии Медиатека ба ҳисоб меравад.
Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.08.2022, №423 Медиатекаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати гирандагони нусхаҳои ҳатмии ройгони ҳуҷҷатҳо дохил гардидааст.
Бояд гуфт, ки бо дастгирии директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода Озмуни ҷумҳуриявии “Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат” баргузор мешавад, ки баҳри омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи корҳои наҷиб ва фаъолияти шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти шуъбаи мо ҷонноктар мегардад.
Инчунин, шуъба ба чопу таҳияи як қатор дастурҳои библиграфӣ, аз ҷумла; “Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои “Народная газета”(1997-2001), “Инъикоси фаъолияти Президенти Тоҷикистон дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” (2016-2018), “Бонувони Тоҷикистон”(Феҳрист), “Минбари халқ”(Феҳрист) ва “Феҳристи маҷаллаи Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2004-2008) машғул аст. Айни замон дар махзани Медиатека 1367 китоб (1124 бо забони тоҷикӣ, 218 бо забони русӣ ва 25 китоби дар хориҷа нашргардида) маҳфуз аст.
Абубакр МАННОНЗОДА,
сардори Медиатекаи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Китобхонаи миллӣ