Баргашт Чоп кардан

АЗ ЯК АМАЛИ НЕК ТО ДӮСТӢ

Бо Ёқуб Исмоилзода, ки он вақт директори Комплекси табъу нашри “Шарқи озод”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, борҳо сари як пиёла чой нишастаему суҳбат кардаем. Аммо меҳри ӯ дар дили ман бо як амали неку ҷавонмардонааш ҷой гирифт.
Дар ҳавои гарм чанд нафар аз дӯстон, ки ба хонаи як шахси гаронқадр, ба деҳаи Сангмелаи ноҳияи Шаҳринав, даъват шуда будем, мерафтем. Сари чанбараи мошини шахсӣ Ёқуб Исмоилзода менишаст. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ дар мавзее дидем, ки як маршруткаи мусофирбар гирифтори садама шуда буд. Ёқуб Исмоилзода дарҳол мошинашро манъ кард ва ба ёрии зарардидагон шитофт. Мо бо дидани ин манзара ё худ ҳодисаи нохуш аз тарс дасту по гум намудем ва дар ин ҳол чи кор карданамонро намедонистем. Аммо медидем, ки ин ҳамроҳи мо худро гум накарда, ба зарардидагон ёрӣ мерасонд: об медод, шамол медод, аҳвол мепурсид.
Дастҳову куртаи сафедаш хунолуд шуда буданд. Пештар аз ин ба ёрии таъҷилии тиббӣ занг зад, Бозрасии давлатии автомобилиро низ аз садамаи нақлиётӣ огоҳ кард.
Тааҷҷубам аз ин амали ҷавонмардонааш меафзуд. Одатан, дар ин ҳол аксар ронандагон ҳодисаро нодида гирифта, зуд мегузаранд, то шоҳидашон накунанд. Ва ҳатто, ҳам ёрӣ додан ҳам намехоҳанд. Вале директори нашриёти “Шарқи озод” ин замон як фарди одии хайрхоҳу мададрасон буд. Ҳеҷ гуна кибру ғурур ӯро аз роҳ зада наметавонист.
Мошини ёрии таъҷилӣ расид. Ёқуб Исмоилзода шахсонеро, ки бештар зарар дида буданд, ба духтурон муаррифӣ кард ва гуфт, ки дар навбати аввал онҳо бештар ба ёрӣ ниёзманданд.
Мошини БДА ҳам бо чанд нозир ҳозир шуд ва ӯ гуфт, ки ронандаи маршруткаи мусофиркашӣ дар рухдоди ин ҳодиса гунаҳгор нест. Пас аз он ҳуҷҷаташро бароварда, ба онҳо нишон дод, то ба дурустии ному насабаш бовар кунанд. Инчунин, рақами телефони мобилияшро ба онҳо гуфт, то бинависанду ҳар вақте шаҳодаташ лозим шавад, ба ӯ муроҷиат бикунанд.
Пас аз ин ҳама хотираш то ҷое ҷамъ шуд ва омада дастони хунолудашро шуст. Боз бар сари чанбараи мошин нишасту давоми роҳро тай кардем. Ба ӯ гуфтем: “Кору амали ҷавонмардонаи шуморо на ҳар роҳбари идораву муассисаву маҷмаа карда метавонад. Мушкил боз дар шаҳодат додан аст, хосса барои директор”.
– Дар чунин лаҳза ман директор нестам, як одами одиям. Чӣ хел кас ин ҳодисаро мебинаду дасти ёрӣ дароз намекунад? Дигаронро намедонам, аммо он маро дар сурати ёрӣ нарасондан як умр азоб медиҳад. Ҷубронаш баъдҳо на танҳо мушкил, балки номумкин мегардад, – гуфт ӯ.
Воқеан, вазифаи мо – инсонҳо аст, ки ҳар касро, ҳатто, бо як некияш дӯст бидорему қадр бикунем. Одамушшуаро Рӯдакӣ барҳақ фармудааст, ки “сад нек ба як бад натавон кард фаромӯш”, вале, мутаассифона, мо сад некиро ба як бадӣ фаромӯш мекунем, ки ин хуб нест.
Абдулқодири РАҲИМ, “Ҷумҳурият”