Баргашт Чоп кардан

Баррасии имкониятҳои сармоягузории ширкати «Sinosure» ба соҳаи энергетика

Ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва имконияти сармоягузории ширкати «Sinosure»-и Чин ба соҳаи энергетикаи Тоҷикистон дар мулоқоти вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа бо роҳбарияти ин ширкат баррасӣ гардид.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҷонибҳо доир ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия табодули назар карданд.
Дар рафти вохӯрӣ, ҳамчунин, имконият ва афзалияти мамлакат дар самти бунёд ва татбиқи лоиҳаҳои неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ муаррифӣ гашт.
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар самти сайёҳӣ
1-уми сентябр раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумахонзода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Россия Александр Рибас вохӯрд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ, инчунин, таҳкими ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.
Истихроҷи беш аз 1,5 миллион тонна ангишт
Вазорати саноат ва технологияҳои нав аз истихроҷи беш аз 1,5 миллион тонна ангишт дар 8 моҳи соли равон иттилоъ дод.
Ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли 2024-ум 55 ҳазор тонна зиёд мебошад.
Гуфта мешавад, ки фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли сипаригардида беш аз 1,3 миллион тоннаро ташкил дод. Дар ин давра фурӯши ангишт бо назардошти бақияи соли 2024 беш аз 1,3 миллион тонна, аз ҷумла ба «Маркази барқу гармидиҳӣ – 2»-и шаҳри Душанбе 599,7 ҳазор тонна рост меояд. Ба хориҷи мамлакат 307,8 ҳазор тонна ангишт содирот шудааст.
Афзоиши интиқоли сӯзишворӣ ба Тоҷикистон
«Моҳҳои январ-июли соли ҷорӣ Россия ва Беларус содироти сӯзишвориро ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34 дарсад зиёд намуданд», – хабар медиҳад «The Moscow Times».
Ба кишвар тақрибан 663,8 ҳазор тонна сӯзишворӣ ворид шуд, ки дар муқоиса бо соли гузашта қариб 170 ҳазор тонна зиёд аст. Афзоиши бештар дар воридоти гази моеъ мушоҳида мешавад: ҳаҷми воридоти он зиёда аз 12 маротиба – аз 6,4 ҳазор то 85,4 ҳазор тонна афзуд. Инчунин, интиқоли сӯзишвории дизелӣ то 308,8 ҳазор тонна (28%), керосини авиатсионӣ то 41,5 ҳазор тонна (32%) ва бензин то 228 ҳазор тонна (6%) бештар гардид.
Муаррифии «Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
«2-юми сентябр дар шаҳри Душанбе бо иштироки доираи васеи олимону коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист «Атласи тағйирёбии муҳити зисти Ҷумҳурии Тоҷикистон» муаррифӣ шуд», – иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар маросими муаррифии «Атлас…» сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Россия дар Тоҷикистон Семён Григорйев, ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҷумҳурӣ Парвати Рамасвами ва дигар шахсони расмӣ сухан гуфта, нашри онро дар шароити тағйирёбии иқлим муассир арзёбӣ намуданд.
Имзои Ёддошти тафоҳум байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Маркази тадқиқоти сотсиологии «Зеркало»
Ҳадафи Ёддошти мазкур дастгирӣ ва рушди фаъолияти «Хатти оҷил оид ба муҳоҷирати бехатар ва муқовимат бо савдои одамон» мебошад.
Ёдовар мешавем, ки фаъолияти «Хатти оҷил» бо дастгирии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва Намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират роҳандозӣ шуда, он барои иҷрои хадафҳои Стратегияи танзими раванди муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва нақшаи амали он мусоидат менамояд.
Зиёда аз 5 000 000 истифодабарандаи интернет
Агентии омор иттилоъ додааст, ки шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон 5 миллион нафарро убур кард.
«Ба ҳолати 1-уми июли соли ҷорӣ шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон ба зиёда аз 5 миллион нафар ва алоқаи сайёр (мобилӣ) ба 6 миллиону 966,1 ҳазор нафар расид, ки аз ин 5 миллиону 661,6 муштарӣ фаъол мебошанд», – омадааст дар маълумот.
Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025»
Аз ҷониби Вазорати фарҳанг Озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин дар соли 2025» ташкил гардид.
Ба хабарнигори мо дар Вазорат иттилоъ доданд, ки Озмун бо мақсади таҳлили вазъи рӯзномаву маҷаллаҳо дар ҷумҳурӣ, интишори мавод ва тақвият бахшидан ба фаъолияти минбаъдаи онҳо гузаронда мешавад. Ҳамчунин, он ба рушди соҳаи табъу нашри мамлакат, дастгирии кормандони воситаҳои чопии ахбори омма ва ҳавасманд намудани рӯзноманигорон мусоидат мекунад.