Муноқишаҳои дохилии солҳои аввали истиқлоли давлатӣ, ки мардуми тоҷикро ба гирдоби парешонӣ ва сиёсати ноустувор андохт, вазнинтарин ҳаводисе буд, ки фоҷиаи миллату давлатро ба бор овард. Душманони миллати тоҷик пайваста ангезаҳои нави сиёсиро ба саҳна меоварданд. Роҳ ба сӯи сулҳу салоҳ рӯз ба рӯз тангтар мешуд. Умеду орзуи мардум ба зиндагии шоиста барбод мерафт. Низоми ягонаи идоракунии давлат аз байн рафта, бозори истеҳсолии кӯчагӣ равнақ ёфт. Иқтисодиёт куллан рӯ ба нестӣ оварда, қашшоқиву ниёзмандӣ авҷ гирифт. Баъдтар аз ҳама сиёсатмадорони хориҷӣ пайваста эҳтимолияти пош хӯрдани миллату давлатро пешгӯӣ мекарданд.
Ана дар чунин лаҳзаҳои гарону сахт шиҳоби нур марзи муқаддаси тоҷик ва дили фарзандони умедворашро гармӣ бахшид. Фарзанди фарзонаи миллат, ҷонсупурдаи роҳи адолат, ватандори асил Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори миллати азияткашидаи хеш ва Меҳани дардманду афгорро бар дӯш гирифтанд. Нахуст, роҳҳоро кушода, минтақаҳои ҷудогонаи кишварро пайвастагӣ бахшиданд, ягонагии миллатро таъмин карданд.
Он рӯзи нек ҳеҷ гоҳ аз лавҳи хотири хурду бузурги миллати тоҷик дур нахоҳад шуд. Ин рӯз – рӯзи ормонҳо, рӯзи анҷоми нокомиҳо, рӯзи пирӯзии рӯшанӣ бар зулмот аст, ки дар таърих ҳамеша боқӣ мемонад. Бастани паймони сулҳи тоҷикон навиди фараҳбахшу гуворое буд, ки миллатро аз парокандагиву дарбадарӣ раҳоӣ бахшид. Ин рӯз бо ҷонбозиҳои бемисли фарзанди ҷонсупори миллат раҳнаварди роҳи адолат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад ва дар пайомади он ҳазорҳо тоҷикони овораву сарсон ба Ватан баргаштанду ба зиндагии осоишта камар бастанд.
Марҳалаи аввали ваҳдат имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ буд, ки бо ризоияти тарафайн ба даст омад. Пас аз анҷоми ин масъулияти бузург Президенти кишвар дар роҳи бунёди ҷомеаи навину пешрафта камари ҳиммат бастанд ва дар кӯтоҳтарин муддат мушкилоти иқтисодии мардум рафъ гардид.
Дурнамои рушди иқтисодӣ ва сиёсии давлат дар шароити буҳрони сиёсӣ пайгирӣ гардида, дастоварди бузурге насиби миллати тоҷик гардид. Мустаҳкам намудани риштаҳои ваҳдат бо роҳи худшиносии миллӣ, ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ дар замири ҳар як фарди тоҷик беҳтарин василае буд, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшид.
Эҳёи фарҳанги миллӣ низ яке аз заминаҳои воқеии худшиносии миллӣ маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзи нахуст ин масъалаи миллиро дар мадди аввал гузошта, бо ин васила, шинохти миллатро дар арсаи ҷаҳон таъмин намуданд. Баъдан, ин сиёсатмадори эътирофшудаи сатҳи ҷаҳон аз минбарҳои бонуфуз масъалаҳои глобалиро мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор дода, диққати ҷомеаро ба дарёфти ҳалли масоиле равона намуданд, ки барои тамоми аҳли башар ниҳоят муҳим арзёбӣ мешаванд.
Ҳоло сарфарозии миллати тоҷик аст, ки Сарвари давлати мо ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ дар баррасии масъалаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ширкат варзида, мактаби сиёсиеро созмон доданд, ки мавриди омӯзиш қарор дорад.
Албатта, ин ва дигар дастовардҳои беназири давлати мо, ки дар шахси Президенти маҳбубамон ба зуҳур омаданд, аз файзи истиқлоли давлатӣ буда, дар айни ҳол аз ҳар нафари худогоҳи ин сарзамин тақозо мешавад, ки неъматҳои бузурги ин дастоварди таърихиро ҳифзу таҳким бахшанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор