Баргашт Чоп кардан

АЗ ШИНОХТИ МАСЪУЛИЯТ ТО САЪЮ КӮШИШ

Волидайн бояд дарк намоянд, ки ояндаи фарзандон маҳз аз онҳо вобастагии калон дорад. Ва нағз дар хотир нигаҳ доранд, ки мероси гаронбаҳое, ки онҳо баъд аз худ боқӣ мегузоранд, фарзанди неку тарбиятдида мебошад, ки ба халқу Ватан хизмат менамояд. Аз ин хотир, аз лаҳзаи таваллуд ба тарбияи фарзанд диққати махсус зоҳир кардан мебояд.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамасола дар Тоҷикистон 1-уми сентябр Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бо шукӯҳи хосса таҷлил мегардад. Ин сана барои мардуми мо на танҳо ҳамчун рӯзи оғози донишомӯзӣ, балки оғоз ба сӯи ояндаи дурахшон, роҳ ба сӯи равшанию нури саодат ва кохи маърифат мебошад. Маҳз дониш аст, ки инсонро ба камол мерасонад ва ба сӯи зиндагии шоиста ҳидоят месозад.
Дар арафаи соли нави хониш ва Дарси сулҳ суханони хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хонандагону донишҷӯён, омӯзгорони тамоми муассисаҳои таълимӣ ва аҳли ҷомеаро барои омӯхтани дониш, ҳидоят намуда, боз ҳам бештар ба азхудкунии дониш, хондани китоб, баланд бардоштани сатҳи забономӯзию забондонӣ, сифати таълим ва корҳои илмиву педагогӣ тақвият мебахшад.
Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати мамлакат бо роҳбарию ҳидоятҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми имкониятҳои заруриро барои таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонони саодатманди кишвар муҳайё намудаанд. Роҳбари давлат ба соҳаи илму маориф диққати ҷиддӣ дода, барои илмомӯзӣ ва ташаккули зеҳниву ҷисмонии тамоми синну соли сокинони кишвар имкониятҳои васеъ фароҳам оварда, ҳамзамон, тамоми сохторҳои маориф бо техникаву технологияҳои замонавию муосир муҷаҳҳаз гардиданд.
Боиси ифтихори мо – сокинони кишвар аст, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун шахси ташаббускор дар ҳамаи самтҳо ва соҳаҳои ҳаётан муҳим дар ҷаҳон шинохта шудаанд.
25-уми июли соли 2025 Маҷмаи умумии СММ лоиҳаи қатъномаи махсусро зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” қабул намуд. Ин бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мубоҳисаҳои умумии иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ 24-уми сентябри соли 2024 пешниҳод гардида буд.
Ин ҳама озмуну чорабиниҳо гувоҳи ғамхориву таваҷҷуҳи доимии Сарвари давлат бо мақсади ояндаи дурахшони ҷавонон, насли ояндасози давлату миллат аст.
Мо соли нави таҳсилро бо шукргузорӣ аз фазои осудаву ором ва сулҳу суботи пойдор, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардидааст, оғоз менамоем. Дар ҷавоби ин ҳама ғамхориҳои Роҳбари сулҳпарвару маорифпарвар ва хирадпарвару тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат месазад, ки тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона гардонем, ки оянда ҷавонони ватандӯсту меҳанпарвар, худогоҳу хештаншинос ва бомаърифату масъулиятшиносро тарбия намоем.
Сарварбӣ МИРАЛИЕВА, номзади илмҳои филология, ДТҶТ ба номи С. Раҳимов