Баргашт Чоп кардан

МУҲОРИБАИ ОМЕХТА

13 медали наврасони тоҷик дар чемпионати Осиё
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба ММА (санъати муҳорибаи омехта) дар Чемпионати 1-уми Осиё, ки дар Баҳрайн баргузор шуд, 13 медал (6 тилло, 3 нуқра, 4 биринҷӣ) ба даст оварда, дар ҳисоби даставӣ мақоми аввалро касб кард.
Тавре TAJMMAF хабар дод, дар Чемпионат ҷумҳурии моро 13 варзишгар намояндагӣ кард ва ҳамаашон ба гирифтани медал мушарраф шуданд. Медалҳои тиллоро Умарҷони Умед, Муҳаммадшофеъ Баротов, Муҳаммад Саидзода, Саидмуъмин Иброҳимов, Файзиддин Халилов, Меҳрона Қаландарбекова ба даст оварданд. Мусо Иброҳимзода, Фотима Фозилова, Марҳабо Бобоева ба дарёфти медали нуқра, Умар Шарифов, Аҳмад Зайдуллоев, Осим Бегмуродзода ва Абубакр Баҳромов ба гирифтани медали биринҷӣ сазовор гаштанд.
Аз рӯи натиҷагирии мусобиқа Тоҷикистон дар байни 19 кишвари ширкаткунанда мақоми 1-умро ишғол намуда, ҳамаи 13 варзишгари мо соҳиби роҳхат ба Бозиҳои Осиё миёни наврасон гардиданд. Ёдрас мекунем, ки муҳорибаи омехта бори аввал ба барномаи Бозиҳои осиёии наврасон ворид карда шудааст.
ШИНОВАРӢ
Мусобиқаи байналмилалӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатӣ
2-юми сентябр, ба ифтихори 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ оғоз гардид.
Мусобиқа бо ҷалби беш аз 100 варзишгари 6 давлат – Тоҷикистон, Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Беларус то рӯзи 4-уми сентябр идома меёбад.
Раиси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода дар маросими кушодашавии Мусобиқа иброз намуд, ки ширкат дар мусобиқаҳои байналмилалӣ барои варзишгарони тоҷик мактаби таҷриба ва ирода буда, имконият медиҳад, ки Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоранд.
Таъкид гардид, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ, бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон иқдомҳои муфид роҳандозӣ мешаванд. Баргузории Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба шиноварӣ ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд сол аст, ки ба ҳукми анъана даромадааст. Ин боис мегардад, ки варзишгарони беҳтарини мо малакаю маҳораташонро сайқал дода, дар арсаи байналмилалӣ Тоҷикистони азизро муаррифӣ намоянд.
Дар рӯзи аввал ғолибону ҷоизадорон дар ду сабқат – шиноварии тарзи озод ва брасс миёни мардону бонувон муайян гардиданд. Варзишгари мо Шоҳрух Баротов дар брасс медали биринҷӣ гирифт.
ФУТБОЛ
Пирӯзии тими миллии Тоҷикистон бар Афғонистон
Дар даври дуюми Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дастаи мунтахаби Тоҷикистон бар тими Афғонистон бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард.
Бозии дастаҳо дар гурӯҳи “В” шоми 1-уми сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гашт. Голҳоро аз ҳайати тими миллии мо Эҳсони Панҷшанбе аз пеналтӣ ва Шервонӣ Мабатшоев заданд. Дар бозии дигари гурӯҳ Эрон бар Ҳиндустон бо ҳисоби 3:0 пирӯз гашт.
Дар даври аввал Тоҷикистон аз Ҳиндустон бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрда, Эрон бар Афғонистон бо ҳисоби 3:1 ғолиб омада буд. Дар даври сеюм фардо – 4-уми сентябр Афғонистон бо Ҳиндустон, Тоҷикистон бо Эрон вомехӯранд.
Дар гурӯҳи “А” бошад, ки дар Тошкент ҷараён дорад, дар даври дуюм Ӯзбекистон бар Туркманистон, Умон бар Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи 2:1 пирӯз шуданд.
Тибқи низомномаи мусобиқа, ғолибони гурӯҳҳо дар финал, барандагони ҷойи дуюм барои мақоми сеюм вомехӯранд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”