Баргашт Чоп кардан

СИРКИ ДАВЛАТӢ. БИНОИ ГУЛБАСАРЕ, КИ БА НАВСОЗӢ ЭҲТИЁҶ ДОРАД

Кӯчаҳои шаҳри азизам – Душанбе, рӯз ба рӯз симои тоза мегиранд. Бунёди иншооти муосир, сабзкорӣ ва гулпӯшии хиёбону майдонҳо ба шаҳр зебоии тоза мебахшанд. Аз ҷумла, атрофи Сирки давлатӣ ба яке аз маконҳои ҷолиби сайругашти сокинон табдил ёфтааст. Гулгаштҳои навбунёд ва садҳо ҳазор гулҳои рангоранг меҳмононро ба худ ҷалб намуда, ҳангоми баргузории намоишҳои сиркӣ ба ин ҷо шумораи зиёди одамон меоянд.
Тибқи иттилои расмӣ, танҳо дар майдони назди Сирк дар солҳои 2024-2025-ум 1 миллиону 736 ҳазору 906 дона гулҳои мавсимӣ, бисёрсола ва навъи лола шинонда шудааст. Барои харидани ҳар як гул ва тухмии он миллионҳо сомонӣ харҷ мешавад. Бо вуҷуди он ки саҳни Сирк бо гулҳо оро ёфтааст, худи бино ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз дорад. Иншооти мазкур, ки соли 1977 ба истифода дода шудааст, дар тули қариб панҷ даҳсола танҳо як маротиба таъмир дидааст.
Бахтиёр Раҳматуллозода, директори Сирки давлатӣ, изҳор дошт, ки дар тули чанд даҳсола дар бинои Сирки давлатӣ ҳанӯз соли 2015 таъмири ҷойи нишаст ва саҳнаи сирк гузаронда шудааст. Ҳамчунин, дар доираи татбиқи барномаи давлатӣ ҳамасола дар ин ҷо таъмири ҷорӣ гузаронда мешавад, соли 2022 ҷойҳои нишаст аз нав барқарор гардида, корҳои таъмири боми бино, рангуборкунӣ анҷом дода шуданд. Аммо, бо вуҷуди ин, Сирки давлатӣ ба таъмири асосӣ ниёз дорад.
Дарвоқеъ, имрӯзҳо бинои Сирки давлатӣ ба таъмири ҷиддӣ ва таъминот аз ҷиҳати моддию техникӣ, хусусан бо гармидиҳӣ, сардидиҳӣ, таҷҳизоти равшаннамоии толорҳо, ниёз дорад. Норасоии таҷҳизоти сиркӣ, шароити номувофиқи нигоҳдории ҳайвонот ва дигар камбудиҳо фаъолияти муассисаро маҳдуд месозад.
Ҳамзамон, барномаҳои сиркӣ низ бештари вақт такрорӣ буда, ба завқи бинандагон ҷавобгӯ нестанд. Албатта, сиркбозони тоҷик дар ҳамкорӣ бо кишварҳои хориҷӣ барномаҳои муштарак ташкил мекунанд, аммо барои эҳёи воқеии санъати сирк кадрҳои ҷавону варзида, инчунин, дастгирии молиявӣ ва заминаи инфрасохторӣ заруранд. Суоле ба миён меояд: "Чаро барои гулзор намудани кӯчаҳо миллионҳо сомонӣ сарф мешавад, аммо барои таъмиру рушди Сирки давлатӣ, ки манбаи хандаи солим, зебоиофарӣ ва илҳоми эҷодии кӯдакон аст, таваҷҷуҳ камтар зоҳир мегардад?".
Сирк танҳо ҷойи тамошои ҳайвонот ва ҳаракатҳои ғайриодӣ нест. Ин макон метавонад хаёлу тасаввуроти кӯдакро ғанӣ гардонад, тафаккури эҷодиро рушд бахшад ва муҳаббат ба санъатро парвариш намояд. Аз ин рӯ, баробари ободонии шаҳр ва гулпӯшии хиёбонҳо, таъмиру навсозии бинои Сирк низ бояд ба сифати яке аз самтҳои муҳим дар сиёсати фарҳангӣ ва иҷтимоии кишвар ҷойгоҳи арзанда дошта бошад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»