Раиси ноҳияи Ванҷ Наҷмиддин Давлатзода дар суҳбат бо мо дастовардҳои соли равонро дар тамоми соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун ва дигар самтҳо қаноатбахш арзёбӣ намуд. Раис афзуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон барои истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободонию созандагӣ дар деҳоти ноҳия вусъат ёфтанд.
Дар давраи ҳисоботӣ аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои бунёди иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоӣ бештар аз як миллиард сомонӣ равона гардид ва ба маблағи бештар аз 932 миллион сомонӣ корҳои сохтмонӣ анҷом дода шуданд.
Дар доираи сафари кории Пешвои миллат ба ноҳия корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии “Мармар стоун”, “Парки саноатӣ” ва толори варзишии муосир дар маркази ноҳия, ҳафт муассисаи томактабӣ тариқи онлайнӣ дар деҳаҳои Мотравн, Будун, Вишхарв, Жамаг, Техарв ва Ғуҷовст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Бо ибтикори раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят дар деҳоти Язгулом чор муассисаи томактабӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Мо аз он хушнудем, ки солҳои охир бештари иншооти истеҳсолӣ дар ҳудуди ноҳия бо маблағи соҳибкорони маҳаллӣ сохта ба истифода дода шуданд. Роҳбари давлат дар мулоқот бо роҳбарону фаъолони ноҳия ба заҳмати соҳибкорон ва тамоми сокинони ноҳия дар бунёди иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ва вусъати корҳои ободонию созандагӣ баҳои баланд доданд.
Тайи солҳои охир соҳибкорони мо даст ба амалҳои ободкорӣ зада, дар бунёди иншооти обтаъминкунӣ ва бунгоҳҳои тиббию майдончаҳои варзишӣ низ саҳми арзанда мегиранд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар такя ба дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат ба амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии давлат – саноатикунонии босуръат тадбирҳои судманд роҳандозӣ менамояд. Айни ҳол дар ҳудуди ноҳия 21 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба таври доимию мавсимӣ фаъолият мекунанд. Дар шаш моҳ дар ин корхонаву коргоҳҳо ба маблағи қариб панҷу ним миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст.
Дар соҳаи кишоварзӣ низ дар ин давра пешравиҳо зиёданд. Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар шаш моҳ ба 37 миллиону 182 ҳазор сомонӣ расид, ки ин дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта чор миллиону 188 ҳазор сомонӣ бештар мебошад. Кишоварзон дар майдони 1458 гектар кишти баҳорӣ анҷом доданд ва боғдорон бошанд, дар майдони 42 гектар боғҳои нав бунёд карданд.
Наҷмиддин Давлатзода, инчунин, оид ба корҳои анҷомдода дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, амалӣ гаштани дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самтҳои сиёсати давлат вобаста ба тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасон, танзими ҷашну маросим, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, омодагӣ ба фасли тирамоҳу зимистон, иҷрои Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии ноҳия барои солҳои 2021-2025, нақшаи чорабиниҳо оид ба истиқболи сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ маълумот манзур карда, пешрафти ноҳияро дар ҳама соҳаҳо назаррас арзёбӣ намуд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”,
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА, рӯзноманигор