Пиряхҳо ҳамчун сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии оби тоза арзиши стратегӣ дошта, нақши муҳимашон дар амнияти обӣ ва рушди устувори иқтисодӣ барҷаста аст. Бо вуҷуди ин, таҳқиқоти илмӣ ҳушдор медиҳанд, ки зери таъсири тағйирёбии иқлим равандҳои обшавӣ ва таназзули онҳо бо суръати ташвишовар идома ёфта, хатари камбуди оби ошомиданӣ, коҳиши захираҳои энергетикӣ, баланд гардидани сатҳи уқёнусҳои ҷаҳонӣ ва тағйири ҷиддии экосистемаҳои табииро ба миён меоранд.
Назриало Шерализода, директори Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, вазъи кунунии пиряхҳоро дар миқёси ҷаҳон нигаронкунанда арзёбӣ намуда, мегӯяд: «Натиҷаҳои таҳқиқоти илмии солҳои охир собит месозанд, ки дар аксари пиряхҳои ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, тамоюли таназзул ба мушоҳида мерасад. Агар мо раванди ташаккули пиряхҳоро таҳлил намоем, мебинем, ки он равандест бисёр мураккаб, ки зери таъсири омилҳои табиӣ қарор дорад. Масалан, обшавии босуръати пиряхҳои қисми ғарбии Антарктида метавонад дар даҳсолаҳои оянда сатҳи уқёнуси ҷаҳониро ба таври назаррас боло барад ва ба ҳаёти тақрибан 20 дарсади аҳолии сайёра таҳдид кунад. Натиҷаи таҳлилҳо нишон медиҳад, ки пиряхҳои Осиёи Марказӣ низ давоми даҳсолаҳои охир тақрибан 30 фоиз коҳиш ёфта, ба равандҳои гидрологӣ ва зиёд гардидани офатҳои табиии хусусияти гидрологию глятсиологидошта мусоидат намудаанд. Арзёбӣ ва пешгӯиҳо ҳушдор медиҳанд, ки агар чунин вазъ идома ёбад, то нимаи асри XXI аз се як ҳиссаи назарраси пиряхҳои минтақа аз байн хоҳанд рафт. Мутаассифона, пиряхҳои Тоҷикистон низ аз ин раванд истисно нестанд. Тибқи таҳлилҳо, дар сад соли охир масоҳати онҳо то 33 фоиз коҳиш ёфтааст ва суръати обшавӣ дар оянда низ афзоиш меёбад».
Тибқи арзёбии коршиносони Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ ва ташкилотҳои молиявию иқлимӣ, Тоҷикистон дар байни кишварҳои қитъаи Осиё аз ҳама бештар ба тағйиёрбии иқлим ҳассос мебошад.
Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи асосии ташаккули зиёда аз 60 дарсади захираҳои обии Осиёи Марказӣ буда, барои минтақа аҳамияти ҳаётӣ доранд, аммо таҳти таъсири тағйирёбии иқлим раванди обшавии онҳо боиси коҳиши захираҳои об мегардад ва дар айни замон занҷираи мураккаби мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ ва афзоиши ҳолатҳои фавқулодаи табииро ба вуҷуд меорад. Ин мушкил на танҳо хусусияти экологӣ, балки пайомадҳои иқтисодию иҷтимоии амиқ низ ба ҳамроҳ дорад. Бо дарки ҳамин воқеият, омӯзиши бунёдии пиряхҳо дар кишвар бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст.
Назриало Шерализода таъкид намуд: «То соли 2018 таҳқиқот бештар хусусияти ҷудогона доштанд ва ба таври мутамарказ роҳандозӣ намешуданд. Бо ташаббуси Пешвои миллат соли 2018 дар сохтори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маркази омӯзиши пиряхҳо таъсис ёфт. Ин иқдом бори аввал заминаи таҳқиқоти бунёдӣ ва мунтазами пиряхҳоро фароҳам овард. Имрӯз ин самти илм яке аз равияҳои нав ва умедбахш ба ҳисоб меравад ва ҳайати асосии муҳаққиқонро ҷавонон ташкил медиҳанд».
Олимони Марказ дар кори худ аз усулҳои муосири илмӣ, аз ҷумла таҳқиқоти саҳроӣ ва хатсайрӣ, зондиронии фосилавӣ, идоракунии дастгоҳҳои бесарнишин ва таҳлили акси моҳвораӣ истифода мебаранд. Танҳо дар соли 2024-ум 47 пиряхи қаблан ба қайд гирифтанашуда, тавассути чунин экспедитсияҳо муайян ва рақамгузорӣ шуд. Ҳоло корҳои илмӣ дар доираи чанд лоиҳа, аз ҷумла «Атласи пиряхҳои Тоҷикистон», Барномаи минтақавии таҳкими устувории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи баҳогузории низомҳои нивалӣ-глятсиалӣ ва омӯзиши хавфи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ, амалӣ шуда истодаанд.
Ба гуфтаи Н. Шерализода, имрӯз 22 нафар муҳаққиқи ҷавон дар экспедитсияҳои саҳроӣ иштирок дорад ва 8 нафар барои таҳсил дар зинаҳои магистратура, докторантура ва постдокторантура ба кишварҳои хориҷӣ фиристода шудааст. Ин иқдом ба ташаккули насли нави олимони соҳибтахассус мусоидат мекунад.
Соли ҷорӣ мутахассисони Марказ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Фрибурги Швейтсария нахустин экспедитсияи байналмилалиро дар самти омӯзиши яхбандии абадӣ дар Помири марказӣ ва шарқӣ гузаронданд. Ин равия барои илми Тоҷикистон комилан нав буда, бори аввал дар кишвар роҳандозӣ шуд. Олимон ба масъалаи рахнашавии кӯлҳои пиряхӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, бо истифодаи сенсорҳо ва камераҳои назоратӣ имкони муайян намудани хавфи селҳои эҳтимолиро фароҳам овардаанд. Ҳодисаи рахнашавии кӯли пиряхии Саид Нафисӣ 14-уми июни соли 2025 ва обхезии дарёи Сурхоб бори дигар зарурати таҳқиқоти мунтазам ва тадбирҳои пешгирикунандаро собит намуд.
Ҳамаи ин таҳқиқот гувоҳи онанд, ки масъалаи пиряхҳо танҳо як масъалаи илмӣ нест, он ба амнияти экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ва минтақа алоқаманд аст. Аз ин рӯ, омӯзиш ва ҳифзи онҳо вазифаи на танҳо олимон, балки тамоми ҷомеа мебошад. Танҳо тавассути саъю талоши муштарак ва тадбирҳои фаврӣ метавонем ин манбаи ҳаётан муҳимро ҳифз намоем.
Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»