Баргашт Чоп кардан

ФУТБОЛ

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026-ро бо пирӯзӣ оғоз кард
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) нахустин бозии худро дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, дар гурӯҳи «К» доир намуд.
Футболбозони ҷавони мо дар даври аввал бар тими олимпии Непал бо ҳисоби 4:0 пирӯз шуданд. Муҳаммадалӣ Азизбоев дар дақиқаи 39 ҳисобро кушода, дар дақиқаи 58 голи дуюмашро зад. Ду голи дигарро Раҳматшо Раҳматзода дар дақиқаи 90 ва Далер Шарифов дар дақиқаи 90+2 заданд.
Тими олимпии Тоҷикистон дар даври дуюми марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 бо дастаи Филиппин, ки дар даври якум аз тими Сурия (1:2) шикаст хӯрд, вомехӯрад. Ин дидор рӯзи 6-уми сентябр баргузор мешавад.
Бозиҳои ин гурӯҳ дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе ҷараён доранд.
ҶУДО
Паҳлавонони ҷавон ба Индонезия мераванд
11-14-уми сентябр дар шаҳри Ҷакартаи Индонезия Чемпионати ҷудои Осиё миёни наврасону ҷавонон баргузор мешавад.
Тавре Федератсияи байналмилалии ҷудо маълумот додааст, дар Чемпионат миёни наврасон 194 варзишгар (111 писар, 83 духтар) аз 20 давлат ва миёни ҷавонон 198 варзишгар (106 мард, 92 зан) аз 19 давлат ширкат меварзанд. Ҷумҳурии моро миёни наврасон 4 нафар – Рошид Неъматов, Бобоҷон Шаропов (-73 кг), Абубакр Абдуҷалилзода (-81 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг) ва миёни ҷавонон 10 нафар – Икром Шамсов (-60 кг), Умар Шеров (-66 кг), Муҳаммадин Лоиқов, Фирӯз Маҳмадбеков (-73 кг), Абдулло Лоиқов (-81 кг), Суруш Саломов, Муслим Маҳмадбеков (-90 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг), Виктория Киселева (+78 кг) намояндагӣ мекунанд.
Ду рӯзи аввал (11-12-уми сентябр) наврасон, ду рӯзи баъдӣ (13-14-уми сентябр) ҷавонон барои дарёфти унвони чемпиони Осиё зӯр меозмоянд.
ТАЕКВОНДО
Дар Душанбе курси такмили ихтисос барои мураббиён шуруъ шуд
2-юми сентябр дар Маркази такмили ихтисоси кормандони соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш курси байналмилалии такмили ихтисос барои мураббиёни таеквондо оғоз гашт, ки то 8-уми сентябр идома меёбад.
Курси омӯзиширо профессор Саид Неъмат Халифа, доктори илмҳои варзиш, узви Кумитаи таълимии Федератсияи байналмилалии таеквондо (WT) аз Ҷумҳурии Исломии Эрон мегузаронад. Дар машғулиятҳои омӯзишӣ беш аз 50 мураббӣ ва 100 варзишгар аз саросари ҷумҳурӣ ширкат доранд ва дар мавзуъҳои “Равишҳои нави омӯзиш ва методикаи муосири тамрин”, “Усулҳои барқарорсозӣ ва омодагии ҷисмонӣ”, “Психология ва педагогикаи варзиш”, “Таҳлили тактика ва техникаи муосири таеквондо”, “Таҷрибаи ҷаҳонӣ ва варзиши рақобатпазир” машғулиятҳои назариявию амалӣ мегузаронанд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”