Низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамчун як рукни муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба рушди сармояи инсонӣ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва фароҳамсозии имкониятҳои баробар барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, хусусан гурӯҳҳои осебпазир, заминаи мусоид фароҳам меорад.
Шуъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар татбиқи босамари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши назаррас дорад. Дар доираи нақша ва барномаҳои амалкунанда, шуъба пайваста ҷиҳати дастгирии табақаҳои ниёзманд ва фароҳам овардани имкониятҳои беҳтар барои пиронсолон, маъюбон ва оилаҳои камбизоат чораҳои амалиро роҳандозӣ менамояд.
Бино ба иттилои масъулин, дар вилоят 13 марказ ва шуъбаи хизматрасонии иҷтимоӣ амал мекунад, ки ба 1308 нафар хизмат расондаанд. Аз ҷумла, се маркази хизматрасонии минтақавӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Истаравшан ва ноҳияи Деваштич фаъолият намуда, 628 нафар бошандагонро фаро мегирад.
Дар самти дастгирии ашхоси имконияташон маҳдуд то имрӯз ба 59 нафар аробачаи маъюбӣ, 731 нафар асо, асобағал, асои нобиноӣ, дастгоҳи шунавоӣ, пойафзоли ортопедӣ ва дигар таҷҳизоти ёрирасон дастрас карда шудааст. Шуъба, инчунин, дар таъмиру таҷдиди протезҳои пой ва даст ба эҳтиёҷмандон ёрии амалӣ мерасонад.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
ИСТАРАВШАН. МАКТАБСОЗӢ ҶОМЕАСОЗИСТ
Ба истиқболи соли нави таҳсили 2025-2026 дар шаҳри Истаравшан як қатор иншооти нави таълимӣ ба истифода дода шуданд.
Тибқи маълумоти Сарраёсати маорифи вилояти Суғд, дар маҷмуъ, 2 бинои иловагӣ, синфхонаҳо бо 720 ҷойи нишаст, 4 маркази инкишофи кӯдак бо 210 ҷой, 2 ошхона, 1 маҷлисгоҳ ва 1 озмоишгоҳ бунёд гардиданд. Аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии №36 ва №1 синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои рушди кӯдак, китобхона, ошхона ва маҷлисгоҳҳо бо дастгирии волидайн, соҳибкорон ва мақомоти маҳаллӣ сохта шуданд. Назди МТМУ №68 бошад, 4 синфхонаи фаннӣ барои 200 хонанда бо дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва аҳолӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Бо сохтани чоҳи амудӣ, Муассиса бо оби нӯшокӣ низ таъмин шуд. Дар деҳаи Ободдара бинои нави таълимӣ бо 6 синфхона барои 300 хонанда дар ду баст бо маблағгузории беш аз 700 ҳазор сомонӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Нурулло Қодирқулов бунёд гардида, таҷҳизоти хониш аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан дастрас шудааст.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншооти мазкур, имкониятҳои таълимӣ дар шаҳри Истаравшан васеъ гардида, барои садҳо хонандаю кӯдак шароити муосири таълиму тарбия фароҳам оварда шуд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”