Чанде пеш бо набераҳо роҳи деҳаҳои Дашти Ар-ар, Паҳндара, Финҷоваи подомани Чилдухтарони афсонавиро пеш гирифтем. Гурдаҳо, миён, пойҳо дард мекарданд, вале то чанде, ки мошин моро сӯи ин гӯшаи диёр наздик мерасонд, табъам болидатар, руҳам хушу дардам кам шудан мегирифт.
Аҷабо, ҳайрон мешаваму андешаҳо домангир. Вақте ки дар Дуоб будем, аз обу ҳавои тозаю мусаффо, накҳати гулу буттаҳо, шир-шири обҳои равонаш ду рӯз гӯё дар як нафас сипарӣ шуд. Бояд гӯям, ки беҳтарин, ноёбтарин дармон барои инсон ин обу ҳавои кӯҳистон аст. Чун дар беморхонаю осоишгоҳҳо аз ин мардум кам касонеро дучор меоӣ. Аз ин ҷост, ки вақте кӯҳистониҳои Дуобу Мазори Ҳазрати Султон, Даштиҷум ба таҳдашти ҷумҳурӣ барои коре ё хабаргирӣ мераванд, дар он ҷойҳо аз як-ду рӯз зиёд намеистанд. Осемасар ҳарчи зудтар бозпас ба он ҷой – обу ҳавои мусаффою дилкаш, шифобахшу дармонбахш раҳакӣ мегарданд. Вақте як пиёла шир ё қаймоқ, як даҳан фатирмаскаю атолаи туппаи лаблабую барги лаблабу, лӯбиё, нахӯд, кадучаю райҳону пудинаю пиёздорро тановул мекунам, ин марҳами нӯшдоруе ба ҷисму ҷонат зам мегардад. Аз ин рӯ, мехоҳам ба ҳамватанон бигӯям, ки барои ҷисми инсон аз обу ҳавои тозаю форам, маҳину гуворо, файзбахшу марҳами ҷон доруи беҳтарине нест. Ба чунин ҷойҳои дилфиребу дилкаш, зебо биёед, то рӯзакею ҳафтае ё моҳе файзу баракати умри даргузарро бинеду ҳаловат баред, дарду хастагию табъи нохушро хуш гардонед.
Нурулло ҲАСАНОВ, рӯзноманигор