Баргашт Чоп кардан

ГВАРДИЯИ МИЛЛӢ. 30 СОЛ ДАР РОҲИ ҲИФЗ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ

Тоҷикистон замоне истиқлоли сиёсӣ ба даст овард, ки раванди тақсимоти нави ҷаҳон оғоз гардид. Вазъи мавҷуда боиси он гардид, ки дар баъзе манотиқи олам тамоюли азхудкунии фазои геосиёсӣ ва иқтисодию мафкуравии минтақаҳои олам сар шуда буд. Ҳолати мавҷуда боиси он гардид, ки дере нагузашта дар пасманзари талоши қувваҳои манфиатхоҳи сиёсӣ, кишварҳои алоҳидаи дунёро абри сиёҳи муноқиша ва низоъҳои таҳмилии дохилидавлатӣ фаро гирифт. Абзори асосии суистифода дар раванди ин воқеаҳои нангин унсури мафкуравӣ ва дар ин замина ҷудоиандозӣ буд.
Тамоюли мазкур дар таърихи сиёсии муосири тоҷик теша бар решаи давлати нав истиқлолёфтаи Тоҷикистон мезад. Соле нагузашта аз дастоварди таърихии касби истиқлоли давлатӣ, дар оғози соли 1992 Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор омад. Оташи ҷанги таҳмилӣ то ҷое аланга зад, ки миллати тоҷикро хатари боз ба саҳифаҳои беранги таърих баргаштан таҳдид менамуд.
Хиради азалӣ боло гирифт ва бори дигар фарзандони сарсупурдаи миллат ба ёриаш расиданд, то онро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳанд. 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Он замон, вазъият дар ҷумҳурӣ то сатҳе мураккаб буд, ки сохторҳои қудратии кишвар фалаҷ гардида, кафолати ҳифзи ҷони шаҳрвандон, фаъолияти озоди ниҳодҳои давлатию ҷамъиятиро дода наметавонистанд. Вобаста ба ин, Раиси Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз аввалин муроҷиатномаҳои худ вобаста ба вазъияти ҳамонрӯзаи кишвар изҳор доштанд, ки мо вазифадорем, аввал амнияти давлатро таъмин намоем, артишро созмон дода, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқро мустаҳкам намоем. Бо вуҷуди касодии иқтисодӣ, Роҳбари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъсиси Артиши миллӣ шуруъ намуданд.
Сарвари ботадбир бо фидокорӣ ва ҷоннисориҳо тавонистанд, ки тамоми неруҳои солими ҷомеаро дар атрофи худ гирд оварда, Тоҷикистони навинро аз вартаи фано наҷот бахшад. Дар ин робита, яке аз ниҳодҳои муҳими давлатӣ, ки таъсиси он дар ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда мегузошт, маҳз Гвардияи миллӣ ба ҳисоб мерафт.
Ин сохтори бонуфузи низомӣ 17-уми январи соли 1995 дар заминаи як бригадаи зудамал (қисми ҳарбии 3571-и Вазорати корҳои дохилӣ) таъсис ёфта, бевосита ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеъ гардид.
Ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ин ниҳоди сирф миллӣ бо устувориву матонат ба иҷрои хизмат шуруъ карда, дар лаҳзаҳои тақдирсози таърихи миллат ба гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар майдони муқовимат зафар ёфта, эътимоди баланди Сарвари давлат ва мардуми кишварро соҳиб гардид.
Бо назардошти падидаҳои нав дар ҳаёти сиёсӣ ва ҳарбии дунё, ниҳоди мазкур зери таваҷҷуҳи пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта, ҳамеша заминаҳои моддию техникӣ ва меъёрию ҳуқуқии Гвардияи миллӣ ба тақозои замон мутобиқ гардонда шудааст.
Таҳлили фаъолияти Гвардияи миллӣ дар тули 30 соли мавҷудияташ нишон медиҳад, ки он ҳамчун ниҳоди сирф миллӣ ва муҳими давлатӣ, на танҳо дар ҳифз ва таҳкими истиқлоли давлатӣ, амалӣ намудани чорабиниҳои ҳимоявӣ, низомӣ, фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, техникӣ ва дигар чораҳо барои таъмини амнияти объектҳои таҳти ҳимояи давлатӣ қарордошта, балки муаррифии муқаддасоти миллию давлатӣ дар сатҳи байналмилалӣ саҳми беандоза дорад.
Масъалаи ҳимоя ва муаррифии муқаддасоти миллию давлатӣ дар фаъолияти Гвардияи миллӣ дорои ду ҷанба мебошад: дохилӣ ва байналмилалӣ.
Ҷанбаи дохилӣ, масъалаи асосӣ дар самти ҳифзи намунаҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, дар маросими ба иҷрои вазифа шуруъ намудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи меъёрҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ баровардани рамзҳои давлатии Тоҷикистон аз ҷониби баталёни қаравули фахрии Гвардияи миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар робита бо ин, маҳз баталёни қаравули фахрии Гвардияи миллӣ, баёнгари оини давлатдорӣ ва фарҳанги миллати мутамаддини тоҷикон мебошад.
Ҷанбаи байналмилалӣ, иштироки баталёни қаравули фахрии Гвардияи миллӣ дар маросимҳои қабул ва гусели сарварони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, инчунин якҷо бо дигар ниҳодҳои давлатӣ, таъмин намудани муҳофизат ва амнияти ҷойҳои баргузоршавии вохӯриҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони давлату ҳукуматҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳудуди Тоҷикистон муҳимтарин саҳми Гвардияи миллӣ дар муаррифии давлату миллат мебошад.
Анҷоми фаъолияти босамари касбӣ, тақвияти имкониятҳои зеҳнии Гвардияи миллӣ, ки омили муҳими таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар мебошад, ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар ин замина, таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба масъалаи таъминоти моддию техникии хизматӣ ва сатҳи зиндагии ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ шоистаи таҳсин мебошад.
Маҳз дар ин замина, бо пешбурди фаъолияти босамари касбӣ ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ ба ҷоиза, мукофот ва рутбаҳои давлатӣ пайваста қадр мегарданд.
Дар ин замина, агар ба таҳлили оморҳои расмӣ таваҷҷуҳ намоем, дар заминаи хизмати содиқона ва фидокориву корнамоиҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ пайваста аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонда мешаванд.
Аз ин рӯ, агар соли 2010 барои хизматҳои шоёнашон 195 нафар афсарону сарбозони сохтори мазкур бо ордену медалҳо ва дигар мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида бошанд, нишондоди мазкур соли 2020 ба 300 нафар расида, аз ҷумла 13 нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд.
Дар маҷмуъ, аз солҳои аввали соҳибистиқлолии Тоҷикистон афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ дар баробари дигар хизматчиёни ҳарбии сохторҳои низомӣ барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини амният ва таҳкими истиқлоли давлатӣ саҳми арзанда гузоштанд. Ҳамзамон, фармондеҳони Гвардияи миллӣ, ҳайати шахсӣ ва ҷузъу томҳои он дар татбиқи босамари сиёсати давлатӣ, иҷрои барнома ва стратегияҳои давлатӣ, мубориза бар зидди таҳдидҳои замони муосир: терроризм, тахрибкорӣ дар ҳудудии Тоҷикистон, инчунин бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, фалокатҳо ва садамаҳо, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бақои давлату миллат саҳми бағоят муҳим гузоштаанд.
Саидҳомид ШАРИФЗОДА,
сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии масъалаҳои амнияти минтақавии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих