Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛИ МИЛЛӢ ВА САОДАТИ МАЪНАВИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Мардуми тоҷик ҳамеша шукргузор ҳаст, ки тавассути раҳнамоиву ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол аз истиқлол то истиқлол тадбирҳои созандагиву ташаббусҳои шоён ривоҷ касб намуда, саросари кишвари азизамон ободу зебо мегардад. Ҷилваи нусрат ва шукӯҳи ин иқдомот ва ибтикороти созандагиро ҳамеша мо дар ҷараёни сафарҳои кории Пешвои миллат дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азиз аз Зарафшон то Бадахшон, Суғд то ба Хатлон, Кӯлобу Ҳисору Рашт ба мушоҳида мегирему аз ҳосили ташаббусҳои зиндагисоз ва нусратёр мефахрему меболем. Дар ҷараёни ин ҳузури мунаввар ва пурбаракоти Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии кишвар шукӯҳи созандагиҳо, ки ҳамагӣ зеббахши зиндагонии мардуми Тоҷикистони азиз гардидаанд, таҷаммули хосаеро ба намоиш мегузоранд.
Дар саросари Тоҷикистон чунин корномаҳои бунёдкорона ҷараён доранд ва ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳамасола садҳо иншооти муҳим, боғу майдонҳои хуррам, муассисаҳои маърифатӣ ва тандурустӣ, биноҳои маъмурӣ ва амсоли ин бо ҳузури Пешвои миллат мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Шукӯҳи муҷассамаҳои доҳии тоҷикон Исмоили Сомонӣ, устод Рӯдакиву Абулқосим Фирдавсӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд, Сайфиддини Исфарангӣ дар Исфара, Деваштич дар ноҳияи Деваштич, Нақибхон Туғрал ва муаллифи Суруди миллии Тоҷикистон Гулназар дар ноҳияи Айнӣ, Садриддин Айнӣ дар боғҳои ба номи устод Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Зафаробод ва шаҳри Бӯстон, дар баробари қоматафрозии Нишону Парчами давлатӣ дар аксари шаҳру навоҳии кишвар, воқеан, рамзе бар таҳкими худшиносии миллии мардум, хоса ҷавонон, гардид.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар ҳар суҳбату мулоқоти хеш Пешвои миллат аз зарурати таҳкими истиқлоли миллӣ ва расидан ба қадру манзалати ин дастоварди беназири таърихӣ, тақвият бахшидан ба ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар сухан мекунанд ва бо таваҷҷуҳ бар ин матолиб, мардумро бори дигар ба сабақбардорӣ аз воқеаҳои солҳои навадум ва расидан ба қадри имрӯзи сулҳрезу ваҳдатшиор даъват менамоянд. Соли 2020 дар ҳамоиши байналмилалӣ бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ ба зарурати шинохти шеър ва андешаи Камоли Хуҷандӣ ба унвони сарчашмаи таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳамдилии башарият таъкид намуданд. Давоми ду соли охир маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО 815-солагии Мавлонои Балхӣ ва 700-солагии Ҳофизи Шерозӣ дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Ҳамакнун вазифаҳои ҳар яки мо аҳли илму маориф аст, ки бар пояи ин раҳнамоиҳо ба ашъори на танҳо Камоли Хуҷандӣ, Мавлонои Балхӣ ва Ҳофизи Шерозӣ, балки тамоми адибони гузаштаи хеш аз ин равзанаи шинохт ворид шавем ва ғояҳои бузурги ниёконро барои насли имрӯз чун василаи беҳтарини тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ, хоса ҳифзи арзишҳои бузурге чун истиқлол, ваҳдат, озодӣ, муҳаббат ба Ватан, истифода намоем.
Албатта, дар ҳошияи сафарҳои пурбаракоти Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии кишвар мо шоҳиди корномаҳои зиёди созандае мегардем, шукӯҳу нусрати истиқлоли миллии моро ҷилвагар месозанд. Ин корномаҳо ҳамарӯзаву ҳамасола ба хотири шукуфоии Тоҷикистони азиз идома доранд ва имрӯз бо илҳом аз тадбирҳои созандаи Пешвои миллат шаҳрвандони кишвар, сокинони касбу кори гуногун низ аз худ ташаббусҳои созанда зоҳир намуда, дар ободонии маҳалу гузару деҳаи худ иқдом мекунанд.
Воқеан, имрӯз вақте ба шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти кишвар сафар мекунем, ҳақиқати ин амр ҷилвагар мешавад. Дар тамоми шаҳру навоҳии Тоҷикистон мактабҳо, муассисаҳои маърифатӣ, бемористонҳои ҷавобгӯ ба меъёрҳои замон, марказҳои хизматрасонии сатҳи баланд сохта ва ба истифода дода мешаванд. Ҳоло дар дурдасттарин ноҳияи кишвар сокинон метавонанд аз тамоми технологияҳои иттилоотӣ ва дастгоҳҳои муосири тиббӣ истифода намоянд. Тарҳи бунёди хонаҳои истиқоматӣ дар деҳот низ ба нишонаҳои меъмории шаҳриву шарқӣ наздик мешавад. Замоне буд, ки мардум дар орзуи ҷомеаи хаёлие бо номи “коммунизм” буданд, ки яке аз нишонаҳои он аз миён рафтани фарқ миёни деҳаву шаҳр аз лиҳози меъморӣ ба шумор мерафт. Дар даврони шуравӣ ин танҳо хобу хаёли мардум буд. Барҳақ, эҷоди иқдомоти созанда ва ибтикороти Пешвои миллат тавассути эълони барномаҳои хосаи рушди деҳот имрӯз он хобу хаёл ва орзуи як замон доштаи мардум ба ҳақиқат мепайвандад.
То таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои дигари бузурги давлат боз ҳам 1 соли дигар дар пеш аст, аммо самараи корномаҳои созандаи Пешвои миллат ва пуштибонии мардум аз ин сиёсати фардосоз бозгӯи он аст, ки ҳар лаҳза тарҳу симои тамоми манотиқи Тоҷикистон, хоса навоҳию деҳоти кишвар, дигаргун мешаванд. Боварии комил дорем, ки дар дарозои имсолу солҳои оянда ва фардову фардоҳои дигар мо ҳамеша шоҳиди чунин ибтикороти зеббахши зиндагӣ гардида, Тоҷикистони азизро ҳамеша шукуфону сабзпӯшу гулрез ва ҳар пораи хоки муқаддаси онро зархез дида, дар ҳар ваҷаб замини он самараҳои созандагиро тамошо хоҳем кард. Ҳоло ки ҳосили садоқат ба қавлу қасами Пешвои миллат, инчунин, барои расидан ба ҳадафҳои наҷиби таҳкими истиқлоли миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум самараҳои сабзу матлуб ба бор овардаанд, мо бо ифтихор ва садоқатмандӣ баён медорем, ки Пешвои миллати тоҷик, воқеан, Пешвои мардумӣ ва парвардаи садоқати халқи азизи хешанд. Ҳамакнун мардуми кишвар, ки борҳо ин садоқат ва саодати ҳузури мунаввари Пешвои миллатро дар рӯзгори хеш маърифат кардаву аз баракоти он файзи афзун бардоштаанд, дар канори Пешвои муаззами миллат, бо садоқат, бовару ихлосу иродат қадам мебардоранд.
Нуралӣ НУРЗОД,
директори Институти илмӣ-тадқиқотии
илмҳои ҷомеашиносии МДТ “ДДХ ба
номи академик Бобоҷон Ғафуров”,
доктори илмҳои филология, профессор