Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ИСТИҚЛОЛ ВА МАРҲАЛАИ НАВИ РУШДИ ПОЙТАХТ

Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе дар 10-солаи охир бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои созандаи раиси ҷавони шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба яке аз шаҳрҳои пешрафтаи минтақа табдил ёфтааст.
Бинои Ҳукумати ҷумҳуриву Парлумон, Маҷмааи истиқлол ва озодӣ, китобхонаю осорхонаи миллӣ ва даҳҳо бинои хуштарҳи маъмуриву истиқоматӣ чун нигин медурахшанд. Боғу гулгаштҳои зиёд макони фароғату осоиши сокинону сайёҳони пойтахт гардидааст.
Пойтахти кишвар ҷиҳати сохтмони корхонаҳои саноатӣ дар доираи ҳадафи чоруми кишвар – саноатикунонии босуръат, пешсаф мебошад. Дар идомаи сохтани коргоҳҳои зиёди истеҳсолӣ дар солҳои гузашта, соли равон дар шаҳри Душанбе бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи заргарии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин” ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Гардӣ” мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки ба истеҳсоли сарулибоси мардонаву занона ва кӯдакона машғул мешавад.
15-уми май Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз ҶДММ “Акиа Авесто автоматив индастри” боздид намуда, 30 электробуси замонавиро бо тамғаи “Акиа неру” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. “Акиа Авесто автоматив индастри” фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 оғоз намуда, воситаи нақлиёти ҷамъиятии мусофирбари замонавии тамғаи “Акиа”-ро бандубаст ва истеҳсол карда, барои саноатикунонии босуръати кишвар саҳм гузошта истодааст.
Дар арафаи Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, 15-уми август Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт як қатор иншооти соҳаи маорифро ба истифода доданд. Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Марям” барои 200 кӯдак, марҳалаи дуюми Муассисаи таълимии хусусии «Ҳоризон» барои 820 хонанда, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №129 барои 3400 хонанда дар ду баст, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 барои 1450 хонанда дар як баст, Муассисаи давлатии томактабии № 59 барои 450 кӯдак, бинои нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин ҳиссае аз корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳри Душанбе дар 8 моҳи соли равон мебошад. Бо чунин суръати рушд бовар дорем, ки пойтахти кишвари азизамон дар кӯтоҳтарин муҳлат ба шаҳри зеботар, мутараққӣ ва ифтихори на танҳо сокинонаш, балки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ табдил меёбад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”