Баргашт Чоп кардан

САФАР ҲАМБОЛИ ОРЗУҲО

Ба наздикӣ ба ноҳияҳои воқеъ дар соҳили Сурхоб – Нуробод – Рашт – Тоҷикобод – Лахш сафар доштем. Чизе ки беш аз ҳама ҳуши мусофиронро дар ин масир ба худ мекашад, обгири Роғун аст, ки дамхӯрдагии он барҷаста ба назар мерасад. Тарҳи баҳр ва сатҳи баланди он боиси таваҷҷуҳ ва хушҳолии бинандагон мегардад. Мошинҳои зиёде дар соҳили баланд истода, мусофирон аз онҳо берун омада, ин обгирро тамошо мекунанд ва аз ҳаракати дастҳояшон маълум аст, ки перомуни он, ва умуман сохтмони "Роғун", боҳарорат ибрози назар менамоянд. Шунида кай бувад монанди дида?! Мардум дар оинаи васеи обгири Роғун чеҳраи воқеии орзуҳо ва пиндорҳои деру дури худро мебинанд. Ҳамчунин, тараддуди тунди мошинҳои борбар ва заминков дар соҳил намоиши бошукӯҳи ин сохтмонро ба иҷро даровардааст, ки бисёр диданӣ ва илҳомбахш аст.
Ҳар бор тамошои саҳнаи пуршаҳомати сохтмони "Роғун" моро муътақид менамояд, ки даст ба эҳёи ин сохтмон задан, аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳиммат ва шуҷоати фавқулода мехост. Ин яке аз бузургтарин воҳидҳои сохтмонии абарқудрати ҷаҳоние чун кишвари бузурги Шуравӣ буд, ки дар солҳои поёнии вуҷуди худ сангинии бори онро эҳсос мекард. Тоҷикистони тозаистиқлол, рӯ ба рӯ бо ҳазорон мушкилоти иқтисодиву иҷтимоиву сиёсӣ ба танҳоӣ анҷоми ин тарҳи азимро ҳадафи олии худ қарор дод ва ин муъҷиза, инак, дар пеши чашмҳо ба вуқуъ мепайвандад.
Дар ошхонаҳои сарироҳӣ, аз ҷумла дар Алигалабон ҳам, нахустин пурсупоси мусофирон баъди адои салом, ҳамин аст: Оби "Роғун"-ро дидед? Хеле пур шудааст. Ин роҳҳо ҳам зери об мемонанд? Барои ҳамин аст, ки ин қисми роҳро (40 км) мумфарш накарданд, вагарна ҳамагӣ дар чор соат то Лахш мерасидем. Боқимондаи роҳи 280-километра таъмири олӣ шудааст. Роҳи нав аз куҷо мегузашта бошад? Ҳатман аз болои Кабудҷар. Хавфу хатари сангрези Кабудҷар ҳам, ки солҳои сол боиси нигаронии ҳар мусофире ва беш аз он ҳар ронандае буд, аз сарҳо рафъ мешавад...
НУРОБОД
Ноҳияи Нуробод ва хусусан маркази он шаҳраки Дарбанд (балки шаҳри Дарбанд) фараҳи аз манзараҳои Роғун ҳосилшударо дучандон мекунад. Яке аз рафиқони ҳамроҳи мо ба шӯхӣ гуфт: "Маркази пешини ноҳия – шаҳраки Комсомолобод дар сояи як чанори бузурги қадимӣ гунҷида буд, ҳоло маркази нави он – шаҳри Дарбанд дар вусъати назар ҳам намегунҷад". Майдони васеъ, манзараҳои ҷаззоби кӯҳпоя ва дарёдоман, сохтмонҳои хуштарҳу чашмнавоз бо адади зиёд ва суръати назаррас пиндореро ба вуҷуд меорад, ки шумо гӯё дар ҳамон чанд лаҳзае, ки дар канори ин шаҳр қарор доред, болидани қомати он ва густариши паҳнои онро ба муояна мебинед. Манзараҳои зебои табиӣ ва сохтмонҳои зебои ин шаҳр нишон медиҳад, ки дар кӯҳистони мо ҳам бо муваффақияти тамом метавон аз ободиҳои сатҳи ҷаҳонӣ, чун ободиҳои масалан Швейтсария сухан ба миён овард. Омезиши зебоиҳои табиии кӯҳистон бо зебоиҳои санъати меъморӣ муъҷизаи ҳунарро ба вуҷуд меорад. Ин манзараҳоро сайёҳон тақдир мекунанд. Дар роҳ ҳар дам гурӯҳҳои сайёҳони дучархасавори хурҷиндорро мебинем, ки бо фишор бар пошнаҳои дучарха зери офтоби пурҳарорат ҳаракат мекунанд. Ҳанӯз бисёриҳо аз мардуми мо бо тааҷҷуб ба онҳо нигоҳ мекунанд ва рози ин “ранҷи азими” онҳоро аз якдигар ҷӯё мешаванд. Оре, оби дари хона тира бошад. Мо намедонем, ки тамошои манзараҳои кишвари мо, обу ҳавои он, қуллаҳои осмонбӯси барфпӯш ва ҳатто садои мурғону гӯш додан ба мусиқии шарфаи рӯдҳову шаршараҳо барои инсони дар тангнои шаҳрҳои саноатии дамгиркунанда асирмонда чи арзише дорад.
РАШТ
Шаҳраки Ғарм – маркази ноҳия ва водии Рашт, агарчи дорои майдони васеъ нест, вале вусъати ободонӣ ва сохтмонсозӣ онро ба як шаҳри бисёр ободу зебо табдил додааст. Даромадгоҳи ноҳия бо боғи пурбаҳра (интенсивӣ) шуруъ мегардад, ки ниҳолони он дар нахустин соли нишондан борвар гардида, чун муъҷизаи боғдории муосир манзури мардум шудаанд. Баъди мушоҳидаи ин манзара мардум ба парвариши боғҳои пурбаҳра (интенсивӣ) майлу таваҷҷуҳи бештар пайдо намуданд. Сохтмони роҳҳо ва биноҳо чандин сол аст, ки дар Рашт ва бахусус маркази он – шаҳраки Ғарм босуръат идома дорад. Дар Ғарм бисёре аз муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бахшҳо ва намояндагиҳои худро дар сохтмонҳои муносиб ва муҷаҳҳаз ҷой додаанд. Дар даромадгоҳи шаҳрак дар доманаи хушманзару васеи кӯҳ Донишкадаи давлатии омӯзгории Рашт воқеъ гардидааст, ки имрӯз аз саросари Тоҷикистон ва ҳатто хориҷ аз он донишҷӯ дорад, ки дар бахшҳои гуногуни омӯзгорӣ, аз ҷумла муосиртарин тахассусҳо, таҳсил менамоянд.
Сармоягузориҳои давлатӣ барои ободонии Рашт ва Ғарм қобили таҳсин аст, аммо гузашта аз ин, сармоягузорони хусусии маҳаллӣ ҳам дар ободонии он саҳми фаъол доранд.
Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия, ки дар солҳои охир обод шудааст, қобили боздид мебошад.
ТОҶИКОБОД
Бо гузаштан аз пули “Ваҳдат”, ки дар силсилаи таъсисоти роҳи Душанбе – Саритош чанд соле пеш ба истифода дода шуд, ба заминҳои фарохи ноҳияи Тоҷикобод қадам мемонем. Осори ободии чанд соли охир дар ноҳия бо шуруъ аз ҳамин пули васеъву мустаҳкам ба назар расидан мегирад. Заминҳои зери кишти картошка ва дигар анвои зироатҳо ва боғот бо ранги сабзи баланду шодоб мушаххас мешаванд ва заминҳои берун аз кишт дарав шудаанд. Ғарами коҳ гувоҳи рушди хуби имсолаи хӯроки чорвост.
Бахши роҳи Тоҷикобод – Ҷиргатол шояд беҳтарин қитъаи роҳи Душанбе – Лахш бошад, ки ба қавли яке аз ронандагони мусофирбари доимии ин масир баҳузур метавонед ин роҳро “сари як пиёла чой” тай кунед.
Маркази фарҳангию фароғатӣ, меҳмонхонаи муосир, майдони навсохту муҷаҳҳази варзиш, Боғи фарҳангию фароғатӣ, бемористони наву муҷаҳҳаз, чандин хатҳои оби нӯшокӣ, боғи пурбаҳра (интенсивӣ), бо дастгирии раҳбарияти олии кишвар эътибори “шаҳрак” гирифтани Тоҷикобод хушҳолу қаноатманд шудем.
ЛАХШ
Барои сафар ба Лахш ва маркази он Ҷиргатол, ки рӯ ба ғарб ва маҷрои Сурхоб дар соҳили рост воқеъ аст, боз аз шаҳпули дигар, поёни деҳаи Сарипул гузашта, рӯбарӯйи Ҳоит ба самти шарқ роҳӣ шудем. Ин ду шаҳпул дар фосилаи камтар аз 30 км воқеъ буда, дар зарурат бори якдигарро дар масири шоҳроҳи Душанбе – Саритош мебардоранд. Аммо ободии ҳамешагии ҳардуи ин пулҳо боиси равнақ ва имтиёзи хосси ин масир аст. Аз ҳисоби сарфи назар шудани чандин гардиши кӯҳпояи соҳили рости Сурхоб роҳ бамаротиб кӯтоҳтар мешавад. Фосилаи маркази ноҳияи Тоҷикобод бо маркази Лахш – Ҷиргатол низ 30 километрро ташкил медиҳад, ки робитаи осони ду ноҳияро таъмин менамояд.
Лахш сарзаминест дорои таърихи куҳан, ки аз номҳои қадими ориёии он, ки дар ин масир то Ӯш мерасад ва як силсилаи зарини бостониро ташкил медиҳад, ин таърих дар осори бисёре аз ҷумла сангҳои нақшин ва пайи маъмураҳои куҳан, аз ҷумла дар шаҳри навсозишудаи Чоргул, сабт аст. Рафтуомади мардуми ин минтақаҳо дар замонҳои пешин ба водии Фарғона ва шаҳри Ӯш аз ҳамин масир амалӣ мегардид. Дар Ӯш, ки тибқи баъзе ахбор (аз ҷумла, китоби “Шаҳристонҳои Эроншаҳр”) яке аз шаҳрҳои муқаддас ва дорои иртибот бо Ашу Зардушти Испитамон мебошад, бостоншиносон дар даврони шуравӣ дар теппаи Боракӯҳи он (дар “Бурҳони қотеъ” бо номи “Баркӯҳ” зикр шудааст) машҳур бо унвони “Тахти Сулаймон” ду озаркадаи бузурги даврони зардуштияро ҳафр кардаанд. Ояндаи корҳои бостоншиносӣ дар ин минтақа ва эҳёи марказҳои қадими тамаддун бузург мебошад.
Имтиёзи дигари ин ноҳия дар он аст, ки дар ин ҷо намунаи ҳамзистии дӯстона ва бародаронаи ду халқи ҳамсоя – тоҷикҳо ва қирғизҳо дар тули солҳо ба намоиш гузошта ва аз имтиҳони рӯзгор гузаштааст. Чашми бад дур, камтарин эҳсоси хусумат ва муноқиша миёни ин ду миллати дӯсту ҳамсоя дар ин ноҳия ба назар намерасад, балки ташкили бисёр табиӣ ва озоди оилаҳои муштарак гувоҳи қаробати онҳо мебошад. Қирғизҳои ин минтақа бе эҳсоси мушкил ба забони тоҷикӣ суҳбат ва дар мактабҳову донишгоҳҳои тоҷикӣ таҳсил мекунанд.
Масъулон, имконоти хуби рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия ва сохти пойгоҳҳои зарурии ин бахш, хусусан дар бахши кӯҳнавардӣ ва беҳдоштӣ, имкони сохти таъсисоти коркарди маҳсулоти чорво, рушди соҳаи картошкапарвариро таъкид менамоянд. Хулоса, дар ноҳия уфуқҳои тавсеаи иқтисодиву иҷтимоӣ хеле васеъ аст.
Рустам ВАҲҲОБЗОДА,
Шоири халқии Тоҷикистон