Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН ДАР ФУРӮҒИ ЗАРҲАЛИН

Ба бузургдошти Истиқлоли давлатии Тоҷикистон
Менависам номи тобони туро бо оби тилло
Дар фарози симгуни чархи мино,
Дар фарози тоблуи чархи гардун,
Дар ҷилои ормонҳои фарогири ҳазоронсолаи халқам
Бо фари хуршеди дил, бо ашку бо хун...
Менависам
Бо дурахши лоязолии муҳаббат,
Бо фурӯғи зарҳалини ишқ,
Бо ҳазорон сӯзу таф,
Сози шааф,
Тоҷикистон! Тоҷикистон! Тоҷикистон!
Эй адолат, эй ҳақиқат, эй муҳаббат,
Эй шараф!
Аз ҳазоронсола таърихи банангат,
Аз ҳазорон сахраи сангину
аз ҳар реза сангат,
Аз ҷилои чеҳраи ранги ба рангат,
Аз фурӯғи офтоби озарангат
Ҳамчу тандеси муҳаббат
Рустаам бо орзуҳои фалакпеч,
Бо иродатҳои ҳар нахли зарангат.
Рустаам ман аз зулоли чашмаҳои кӯҳсоронат,
Рустаам аз ҳар гули хор,
аз навои обшор...
Аз сиришти арчаҳои бехазонат...
Рустаам аз ҳулбаву райҳону барги зуф
Ҳамчунон, к- аз ҳасрати дарди ниҳонат,
Рустаам ман аз садои чаҳ-чаҳи булбул,
навои кабки сур
Ҳамчунон, к-аз сӯзу сози ҷисму ҷонат,
Рустаам аз мағз-мағзи хоки пурфайзу ба эҳсонат,
Тоҷикистон!
Ман паёми сатр-сатри шеъри волои бузургони туям,
Ман фари дасти дуои модарону мӯсафедони туям,
Ман ҳама саршор аз ангезаҳои бӯйи нонат,
Файзу эҳсони туям!
Рустаам ман аз ту, яъне, аз сиришти пок.
Рустаам ман аз ту –
аз кирдору аз гуфтору
аз пиндори неки родмардон,
Аз тани хуншори Шерак дар набарди ҳифзи Меҳан,
Аз фари Испетамон, аз фитрати озодагон...
Ман намегӯям, ки тумори танам аз байтҳои Рӯдакист,
Ман намегӯям, ки дар ҷону дилам хуршеди Мавлоност,
Ман намегӯям, ки дар пуштам фари Синост,
Ҷоми хайёмии ман дар ростои гунбади мино
Гашта лабрези майи маъност....
Парчами пирӯзии ман офтоби Ховарон аст,
Манзили хушрӯзии ман
Соҳати Боми ҷаҳон аст,
Мулки худафрӯзии ман
Аз Карон то бекарон аст...
Қимату неруи ман, дороии ман
Шаъни инсон, шаъни инсон, шаъни инсон аст!
Ин ҳама ҷамъи хуҷаста
Ҳифз дар як вожаи оганда аз меҳру садоқат,
Вожаи зарҳалкашида аз сиришти ман –
Тоҷикистон аст!
Сӯхт оташ, сӯхт оташ,
Гашт хокистар, равони ман насӯхт,
Об шуд санг, об... дар маҷрои вақт...
Ҷони ман аз марги қисмат зиндагӣ омӯхт.
Эҳтиромамро, саломамро, каломамро
ба алфози биҳиштӣ
Мефиристонам ба паҳнои башар,
Мурғи Симурғе, ки ман эҷод кардам,
парваридам, болу пар додам,
Мебарад пайки маро бар баҳру бар.
То туро ёбам, нигоҳам асрҳо бедор монд,
Маҳв шуд олам, валекин ишқи ман подор монд,
Ҳастии ман
Ёдгорӣ чун муҳаббат
Аз сиришти Одаму Ҳавво ба сад озор монд.
Шаъни ман чун рамзи Мансур
Бо ҳама сӯзу сурур,
Бо аналҳақ дар канори дор монд...
То ҷаҳон фаҳмад, ки аз симои ман
Рафт озори ҷаҳон, осор монд...
Ишқ монду шаън монду нанг монду ор монд!
Меҳани ман - Миллати ман
Дар намои Тоҷикистони биҳиштосо
шукуфон
Бо фурӯғи лоязолӣ,
Посдори шаъни худ подор монд,
Дар паноҳи хилқати хуршедии худ
Дар фурӯғи раҳмати Додор монд!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон