Баргашт Чоп кардан

«АБАРМАРДИ ТАЪРИХСОЗ». ГУЛДАСТАЕ АЗ БОҒИ САДОҚАТИ МИЛЛАТ

Ба ифтихори Ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон тавассути нашриёти “Эр-Граф” китоби академик Фарҳод Раҳимӣ – «Абармарди таърихсоз» рӯи чоп омад. Аз номи китоб ҳувайдост, ки он барои рӯшан кардани симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хидмат ва ранҷҳои бебаркаши ин бузургмард дар сохтани давлати тоҷикон нигаронда шудааст. Китоби мазкур аз 814 саҳифа иборат буда, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ интишор ёфтааст.
Дар оғози китоб андар шинохти мағзу муҳтавои он чунин ишоратро мехонем: “Дар ин маҷмуа таълифоти академик Фарҳод Раҳимӣ, ки перомуни рушди соҳаҳои калидии ҷомеа – илму маърифати тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ ва саҳми беназиру мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккули тафаккури илми-техникии ҳамдиёронамон бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф сухан меравад, фароҳам омадаанд. Он, ҳамзамон, армуғонест дар арафаи Ҷашни миллии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Муаллиф ба роҳи беш аз сисолаи давлатдории мо назар афканда, дуруст қайд мекунад, ки истиқлолу озодиву ободии ин солҳо таърихан бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонпайванд аст: “Ба андешаи ман, имрӯз вақте сухан аз истиқлолу соҳибихтиёрӣ меравад, мо бояд ин пайроҳаи 34-солаи тайкардаи кишварро тавъам бо кору пайкори мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳогузорӣ намоем ва онро ба риштаи таҳқиқ кашем”.
Китоб дар баробари таҳлили оқилонаи фаъолияти пурсамари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон будан, ҳамзамон, аз иқтибосу истиқболи шахсиятҳои фарҳангиву сиёсии ҷаҳон пур аст. Муаллиф саҳми Пешвои миллатро дар амри истиқлоли фарҳангии тоҷикон низ хеле ҳам муфассал шарҳ додааст. Бавижа, дар пойдории забони тоҷикӣ-порсӣ дар ин давра таваҷҷуҳ намуда, ин иқтибоси академики маъруф Муҳаммадҷон Шакурии Бухороиро чун муҳри тасдиқ меорад: «Фаъолияти Президенти Тоҷикистон ба устувор кардани истиқлоли фарҳангии тоҷикон равона гардидааст. Суханҳои олие, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи забони модарӣ ва бузургдошти он гуфтанд, ман дар ин умри дарозам аз ҳеҷ Сарвари Тоҷикистон нашунида будам. Шак нест, ки миллати тоҷик дар роҳи худшиносӣ аз Эмомалӣ Раҳмон миннатдор хоҳад буд».
Б. БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”