Соли ҷорӣ сокинони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шоҳиди як қатор навгонӣ ва маҷмуи корҳои ободоние буданд, ки муҳимтарини онҳо зимни сафари кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ба вуқуъ пайвастанд. Натиҷаҳои пурбори ин сафар, ки ба манзури шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим, суҳбату мулоқот бо сокинони шаҳру ноҳияҳо ва иштирок дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ анҷом пазируфт, дар хотири сокинони ВМКБ ва тамоми мардуми тараққихоҳи мамлакат нақш баст.
Воқеан, боздиди Сарвари давлат аз ин минтақаи кӯҳистони кишвар, ки рӯзҳои 25-28-уми июн иттифоқ афтод, боз як марҳалаи нави рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фасли тозаи зиндагии шоистаи мардумро фароҳам кард.
Зимни сафари навбатии Пешвои миллат ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияҳои Ванҷ, Дарвоз, Рӯшон, Роштқалъа, Шуғнон ва шаҳри Хоруғ 35 иншооти таъиноти гуногун мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ифтитоҳи роҳи маркази ноҳияи Ванҷ то нуқтаи пайвастшавӣ ба шоҳроҳи Душанбе – Кулма, ба истифода додани қисми шоҳроҳи Кӯлоб – Хоруғ – Кулма – Чин аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон, мавриди истифода қарор додани пули мошингузар аз болои дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ, 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузар дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон, ифтитоҳи бино ва озмоишгоҳи муосири Муассисаи давлатии “Нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” дар шаҳри Хоруғ аз ҷумлаи ибтикороте буданд, ки ба татбиқи яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдили додани мамлакат ба кишвари транзитӣ мусоидат хоҳанд кард.
Нуктаи қобили таваҷҷуҳ ин аст, ки иншооту коргоҳҳои мавриди истифода қароргирифта, дар баробари таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, муҳайё сохтани ҷойҳои нави кор ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони вилоят, ҳамчунин, ба татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатӣ нигаронда шудаанд. Чунончи, ифтитоҳи Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти ширӣ дар ноҳияи Дарвоз, гармхона дар ноҳияи Рӯшон, корхонаи маҳсулоти ширӣ ва нонии ҶДММ “Ганҷи Рӯшон”, хоҷагии моҳипарварии “Тоҷ-Корея” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз, корхонаи ҶДММ “Барги шоҳтут” дар ноҳияи Шуғнон, коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнагишикан дар Парки технологии шаҳри Хоруғ, корхонаҳои истеҳсоли калсит, коркарди мармар ва сангҳои ороишии “Мармар Стоун” дар ноҳияи Ванҷ, Парки саноатӣ дар ноҳияи Ванҷ, Парки технологӣ дар ноҳияи Роштқалъа, маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии “Darya AI” дар деҳаи Зеви ноҳияи Дарвоз, ки ҳудудан беш аз 250 сокини маҳаллиро бо кор таъмин мекунанд, пайванди мустақим ба татбиқи ду ҳадафи стратегӣ: таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар доранд.
“ҶУМҲУРИЯТ”