Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ, ПРЕЗИДЕНТ ВА ТАШАББУСҲОИ МАЪРИФАТСОЗ

Яке аз чорабиниҳои муҳим баҳри рушди фарҳанги даврони истиқлол ташкили озмунҳои гуногуни илмиву фарҳангӣ ба шумор меравад. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкили озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва “Илм – фурӯғи маърифат” маҳаки асосӣ дар ин роҳ мебошад.
Озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” на танҳо заминаи рушди тафаккури техникӣ ва илмию ихтироъкориро фароҳам меорад, балки ҷавононро барои рӯ ба рӯ шудан ба талаботи асри технологӣ ва саҳм гузоштан дар пешрафти кишвар омода мекунад. Яке аз ташаббусҳои маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон додани имтиёзҳо ва мукофотпулиҳо барои ғолибони озмунҳои номбурда мебошад. Сарвари давлат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Вазорати маориф ва илм, Маркази миллии тестӣ, инчунин, ба роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш додаанд, ки ғолибони озмунҳоро аз рӯйи интихоби худашон ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ бидуни имтиҳон қабул карда, барои ҳавасмандгардонии моддиву маънавии онҳо тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Ташаккули стратегияи инкишоф бояд аз пешгӯиҳои асосноки илмӣ, ки ҳамгироии сиёсати илмиву техникӣ ва саноатиро таъмин намуда, масъалаҳои афзалиятдоштаи технологиро бо назардошти хусусиятҳои миллӣ ва равияҳои куллӣ муайян месозад, реша гирад. Соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон тағйироти амиқро дар ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва маънавии мамлакат ба вуҷуд овард. Ин тағйирот ба фаъолияти илм низ бе таъсир намонд. Имрӯз лозим аст, ки мо мероси гузаштагону устодони барҷастаи худро аз даст надода, дар пайравӣ ба онҳо саҳми бевоситаи хешро дар рушди илму технология гузорем.
Ғамхорӣ ба пешрафти илму фарҳанг дар айни замон ғамхорӣ ба таҳкими ваҳдату пойдории Тоҷикистони навин аст. Имрӯз ваҳдату ягонагии давлати демократӣ ба инкишофи иқтисод, илм ва фарҳанг такя мекунад.
Беназир НЕЪМАТЗОДА,
хонандаи синфи 9-уми
Мактаби президентӣ дар ноҳияи Данғара, ғолиби даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи мактаббачагон аз фанни химия