Истиқлоли давлатӣ барои ҳар як миллат падидаи бузург ва таърихист, ки онро метавон оғози ҳаёти мустақил ва худшиносии миллӣ арзёбӣ кард. Барои миллати тоҷик ба даст овардани истиқлол на танҳо рамзи озодӣ ва давлатдории миллӣ, балки марҳалаи нав дар рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа мебошад. Ин дастовард, ки бо садоқат, заҳмат ва фидокориҳои зиёде ба даст омадааст, боиси ифтихори ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад.
Бо ба даст овардани истиқлоли давлатӣ Тоҷикистон тавонист сохтори мустақили сиёсӣ ва ҳуқуқии худро таъсис диҳад, ки ин маънои таъсиси ҳукумати мустақил, қонунгузории миллӣ ва идоракунии кишвар дар асоси манфиатҳои миллиро дорад. Истиқлолу озодӣ ба миллати тоҷик фурсат дод, то забон, фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии худро аз нав зинда карда, барои наслҳои оянда ҳифз намояд. Забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт, арзишҳои миллӣ дубора ба маркази таваҷҷуҳи ҷомеа баргаштанд ва фарҳанги миллӣ рушди бесобиқа пайдо кард.
Дар баробари ин, қонунгузории миллӣ низ тақвият ёфт, ки барои ҳифзи фарҳанг ва тарбияи ҷомеа нақши калидӣ бозид. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» бо мақсади ҷилавгирӣ аз исрофкорӣ, зоҳирпарастӣ ва хароҷоти зиёдатӣ қабул гардид. Ин Қонун ба он мусоидат кард, ки мардум расму маросимро мутобиқи имконоти худ баргузор намуда, сарфаю сариштакор бошанд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бошад, ҷавобгӯи ниёзҳои замони муосир буда, ба баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи фарзанд, таҳкими ахлоқ ва худшиносии насли наврас равона шудааст.
Ҳар ду қонун арзишҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаи тоҷикро ҳифз ва мустаҳкам карданд, ки нишондиҳандаи сиёсати фарҳангсолор ва инсондӯстонаи роҳбарияти кишвар мебошад.
Тавре маълум аст, дар даврони истиқлоли давлатӣ илова ба дастворадҳои сиёсати дохилӣ, сиёсати хориҷии мамлакат ҳам марҳала ба марҳала рушд ёфта, ба як ҷузъи муҳими муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ табдил ёфт. Аз ҷумла, сиёсати “дарҳои кушода”, ки аз ҷониби роҳбарияти кишвар роҳандозӣ шуд, ба густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ бо давлатҳои гуногуни ҷаҳон мусоидат намуд. Ин сиёсати ҳушмандона имконият дод, ки Тоҷикистон бо кишварҳои ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ барқарор намуда, ба як шарики боэътимод дар арсаи байналмилалӣ табдил ёбад.
Яке аз самтҳои муҳим ва эътирофшудаи сиёсати хориҷии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об мебошанд. Бо ташаббус ва роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон пешниҳодҳои муфидро дар сатҳи СММ ва дигар созмонҳои ҷаҳонӣ ироа намуд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтанд.
Дар маҷмуъ, истиқлоли давлатӣ бузургтарин ва муҳимтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик мебошад, ки дар заминаи он эҳёи ҳувияти миллӣ, ваҳдати саросарӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва пешравии иҷтимоӣ таъмин гардид. Ин дастовард на танҳо як фурсати нав барои зиндагии беҳтари мардум, балки масъулияти ҷиддӣ барои наслҳои оянда низ мебошад.
Раҳим КАРИМОВ,
номзади илмҳои филология