4-уми сентябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ!
Хабари ҳалокати фоҷиавӣ ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари суқути қатораи кабелӣ дар Ҷумҳурии Португалияи дӯст боиси андуҳи мо гардид.
Дар робита ба ин ҳодисаи ғамангез, ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми Португалия изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».