ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар иртибот ба Ҷашни Рӯзи Истиқлоли давлатӣ аз номи роҳбарони шарикони байналмилалии кишвари мо ба номи
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон паёмҳо ва барқияҳои шодбошӣ ворид гардидаанд, ки дар онҳо бо арзи ғояти эҳтиром ба Сарвари давлати мо ва таманниёти нек ба мардуми Тоҷикистон, аз ҷумла навишта шудааст:
Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Лутфан, табрикоти самимиямро ба муносибати Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Кишвари Шумо дар соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои назаррас даст ёфта, дар арсаи байналмилалӣ аз обрӯю эътибори шоиста бархӯрдор гардидааст.
Равобити Русия ва Тоҷикистон дар руҳияи шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ муваффақона рушд мекунанд. Давлатҳои мо дар самтҳои гуногун ҳамкории босамар доранд, талошҳои худро дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ҳамоҳанг месозанд.
Итминон дорам, ки мо минбаъд низ робитаҳои созандаи дуҷонибаамонро ба нафъи ду мардуми дӯст ва таъмини амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамаҷониба тақвият хоҳем бахшид.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, сиҳатмандии комил ва комёбӣ, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ хоҳонам».
Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати 34-умин солгарди соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти самимӣ ва беҳтарин таманниёти хешро иброз менамоям.
Имрӯз таҳти роҳбарии Шумо Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 устуворона амалӣ мегардад ва дар роҳи инкишофи кишвар пайваста комёбиҳои нави хушоянд ба даст меоянд. Ҷониби Чин, ҳамчун ҳамсояи дӯст ва шарики стратегии ҳамаҷониба, дар даврони нави Тоҷикистон аз ин дастовардҳо хушҳол аст.
Шуруъ аз оғози соли равон мо бо Шумо ду маротиба мулоқоти муваффақона анҷом дода, дар робита ба ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Чину Тоҷикистон ба мувофиқаҳои муҳим даст ёфтем ва нақшаи нави тавсеаи муносибатҳои Чину Тоҷикистонро тарҳрезӣ кардем. Чин омода аст, ки бо талошҳои якҷоя бо Тоҷикистон эътимоди сиёсии мутақобиларо пайваста амиқ гардонда, дастгирии ҳамдигариро идома диҳад ва ҳамбастагии роҳбурдҳои рушди кишварҳоямонро тақвият бахшад, “Як камарбанд, Як роҳ”-ро дар сатҳи сифатан баланд бунёд намуда, ҳамчунин, эҷоди ҷомеаи сарнавишти муштараки Чину Тоҷикистонро амиқ ва мушаххас созад.
Ба Тоҷикистон пешрафту шукуфоӣ ва саодатмандиву беҳбудӣ орзумандам!».
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Трамп:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Аз номи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ман Шумо ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Ҷашни 34-умин солгарди соҳибистиқлолиатон табрик менамоям. Ин рӯйдод ҷиҳати таҷлили таъриху фарҳанги ғанӣ ва дастовардҳои миллати бузурги Шумо як фурсати махсус аст.
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико шарикии бо Тоҷикистон доштаашро қадр мекунад ва нақши муҳимеро, ки кишвари Шумо дар таҳкими суботи минтақавӣ ва бунёди ояндаи амнтару шукуфон барои кишварҳои мо мебозад, эътироф менамояд. Ҳамроҳ мо метавонем ба таҳкими заминаи мустаҳками дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни миллатҳоямон, аз ҷумла дар соҳаҳои мубориза бо терроризм ва истихроҷи маъданҳои муҳим, идома диҳем.
Дар ҳоле ки Шумо аз ин рӯзи муҳим ҷашн мегиред, лутфан, бидонед, ки мардуми Амрико ва ман бо Шумо дар таҷлили пешрафт ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон ҳамроҳ ҳастем. Ба Шумо ва шаҳрвандони давлати Шумо суботи пойдор, шукуфоии иқтисодӣ ва комёбиҳои бардавом орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон
Қосим-Жомарт Токаев:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Қазоқистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва тамоми мардуми бародари Тоҷикистонро бо Рӯзи Истиқлол аз самими қалб табрику таҳният мегӯям!
Ин ҷашн, ки ваҳдати миллӣ ва ватандӯстии воқеии мардуми тоҷикро ифода мекунад, бахусус барои ҳамватанони Шумо боиси шодмонӣ аст. Тоҷикистон ин санаи фархундаро дар мақоми давлате таҷлил мекунад, ки дорои рушди босуръат ва обрӯю эътибори шоиста дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад.
Комёбиҳои барҷастаи Тоҷикистони соҳибихтиёр бо номи Шумо зич пайванданд. Таҳти роҳбарии хирадмандона ва бонуфузи Шумо мардум душвориҳои солҳои аввали истиқлолро паси сар карда, давлатдории худро таҳким бахшид ва барои дастовардҳои оянда заминаи устувор гузошт.
Сиёсати созандаи Шумо, ки ба пуштибонии қавии мардум асос ёфтааст, ба пешрафти дилпуронаи Тоҷикистон дар роҳи рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ мусоидат мекунад.
Қазоқистон ва Тоҷикистон дар асоси манфиатҳои бунёдии мардумони мо, бо такя ба анъанаҳои бисёрасраи дӯстӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ, муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҳақиқӣ бунёд кардаанд.
Итминон дорам, ки кори муштараки мо минбаъд низ ба татбиқи иқтидори бузурги ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар доираи сохторҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин рӯзи тантанавӣ ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар фаъолияти масъулиятноки давлатӣ дар роҳи беҳбудӣ ва шукуфоии Тоҷикистони бародар комёбиҳои навин орзу дорам».
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Шавкат Мирзиёев:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Бо камоли мамнуният ба Шумо ва мардуми дӯсти Тоҷикистон таманниёти беҳтарини худро ба муносибати Ҷашни миллии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлол мерасонам.
Пас аз он ки Тоҷикистон ба Истиқлол даст ёфт, таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар кишвар ислоҳоти куллии сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ ба амал бароварда шуд, корҳои бузурги созандагӣ анҷом ёфта, дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар натиҷаҳои баланд дастёб гардиданд.
Мо, ҳамчун мардуми бародар, аз рушду инкишофи босуръати мамлакати Шумо, комёбиҳои дурахшони он дар арсаи ҷаҳонӣ ва афзоиши обрӯю эътибори байналмилалии он беандоза шодем.
Бар ин боварам, ки риштаҳои чандинасраи дӯстии мардумони мо минбаъд низ таҳким ёфта, муносибатҳои шарикиии стратегӣ ва ҳампаймонӣ, ки ба усулҳои анъанавии ҳамсоягии нек ва дастгирии ҳамдигар асос ёфтаанд, беш аз пеш рушд хоҳанд кард.
Бо истифода аз фурсат, ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом, хушбахтии оилавӣ, дар фаъолияти масъулиятноки давлатиятон комёбиҳои нав, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳу шукуфоӣ ва пешрафти афзоянда хоҳонам».
Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон
Садир Жапаров:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шумо ва мардуми бародари тоҷикро аз номи мардуми Қирғизистон ва шахсан аз номи худам табрик мегӯям.
Тули солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон дар роҳи таҳкими давлатдорӣ, беҳбуди некуаҳволии аҳолӣ ва тақвияти обрӯю эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Итминони комил дорам, ки ҳамкории кишварҳои мо, ки ба эътимоди ҳамдигарӣ, дӯстӣ ва ҳамсоягии нек асос ёфтааст, минбаъд низ ба манфиати ояндаи дурахшони мардумонамон таҳким хоҳад ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, ба Шумо сиҳатмандии комил, беҳбудӣ ва дар фаъолияти давлатиатон комёбӣ, ба мардуми Тоҷикистон сулҳу рушд хоҳонам».
Президенти Туркманистон
Сердар Бердимуҳамедов:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардум ва Ҳукумати Туркманистон, ҳамчунин, шахсан аз номи худам, шарафёбам ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва тамоми мардуми кишваратон табрикоти сидқӣ ва таманниёти беҳтаринро бирасонам.
Боиси хушҳолист, ки тайи солҳои охир некуаҳволии иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон беҳбуд ёфта, нақши он дар ҳалли мушкилоти мубрами рӯзномаи байналмилалӣ ба таври фаъол афзоиш меёбад.
Омодагии инҷонибро барои идомаи саъю талошҳои зарурӣ ҷиҳати ба сатҳи нав баровардани ҳамкориҳои Туркманистону Тоҷикистон таъкид мекунам. Бо истифода аз ин фурсати хушоянд, ба Шумо аз самими қалб саломатӣ, саодатмандӣ ва беҳбудӣ, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва шукуфоии бардавом орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон
Масъуди Пизишкиён:
«Ҷаноби оқои Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Табрикоти самимонаи инҷонибро ба муносибати фарорасии 34-умин солгарди Истиқлоли кишвари дӯсту бародари Ҷумҳурии Тоҷикистон пазиро бошед.
Робитаҳои бародарона, фарҳангӣ ва таърихии ду кишвар – Эрон ва Тоҷикистон, пуштувонае арзишманд барои ҳамкориҳои васеътар дар арсаҳои мухталиф аст. Бовар дорам, ки дар партави иродаи муштараки ду кишвар, муносиботи дӯстона дар масири тавсеа ва таъмиқи рӯзафзун қарор хоҳад гирифт ва беш аз пеш шоҳиди густариши робитаҳои дуҷониба дар ростои манфиатҳои мутақобил хоҳем буд.
Аз Худованди мутаол саломатӣ ва муваффақияти Ҷаноби Олӣ ва рушду боландагии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам».
Подшоҳи Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир
ва Ирландияи Шимолӣ Карли III:
«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Ман ва ҳамсарам бо камоли мамнуният табрикоти самимии худамонро ба Шумо ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ иброз медорем.
Ман бисёр хушҳолам, ки кишварҳои мо робитаҳои қавӣ доранд ва умедворам, ки дӯстии мо боз ҳам бештар таҳким меёбад.
Орзую умеди ман ин аст, ки кишварҳои мо тавонанд дар якҷоягӣ барои расондани таъсири мусбат ба ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти муҳити зист, ки ба ҳамаи мо дар ҷаҳон асар мерасонанд, ҳамкорӣ намоянд.
Ман ва ҳамсарам бо камоли хушнудӣ беҳтарин таманниёти худро ба Шумо ва тамоми мардуми тоҷик дар соли пешомад иброз менамоем».
Императори Ҷопон Наруҳито:
«Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли хушҳолӣ ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, табрикоти самимӣ ва орзуҳои неки худро бо таманниёти саодатмандӣ ба Шумо ва шукуфоии мардуми кишваратон мефиристам».
Ходими Ҳарамайни Шарифайн,
Подшоҳи Шоҳигарии Арабистони Саудӣ
Салмон ибни Абдулазиз оли Сауд:
«Бародари азиз,
Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Худо ҳифзашон кунад,
ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳу!
Бо камоли хушнудӣ Ҷаноби Олиро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барояшон беҳтарин таманниёти саломатию саодатмандӣ ва барои Ҳукумату мардуми шарифи Тоҷикистони бародар пешравию шукуфоии беш аз пешро орзу дорем».
Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай
Нурлан Ермекбаев:
«Ҷаноби Олӣ!
Лутфан, табрикоти самимонаи моро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.
Тайи давраи сипаришуда Тоҷикистон дар роҳи такмил ва навсозии ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа, таъмини суръати баланди рушди иқтисодӣ, муаррифии нақши хосаи кишвар ба ҳайси ташаббускори иқдомоти глобалӣ дар соҳаи обу иқлим ва таҳкими обрӯйи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои барҷаста ноил гардид.
Ба туфайли сиёсати ҳадафмандона ва пайгиронаи Шумо модели ваҳдат ва ризоияти миллии тоҷикон мавриди таваҷҷуҳи бисёр давлатҳо қарор гирифт. Дар заминаи он Тоҷикистон муносибатҳои ҳусни ҳамсоягӣ ва дӯстиро бо кишварҳои ҷаҳон роҳандозӣ менамояд, ки бар усулҳои баробарҳуқуқӣ, судмандии мутақобила ва эҳтироми ҳамдигарӣ асос ёфтаанд.
Аз Шумо барои таваҷҷуҳи доимӣ ва алоқамандона ба фаъолияти Созмони ҳамкории Шанхай, саҳми бузурги шахсии Шумо дар тавсеаи ҳамкории бисёрҷониба дар паҳнои Созмон сидқан сипосгузорем.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ба Шумо сиҳатмандии комилу беҳбудӣ ва комёбиҳои нав бар манфиати Тоҷикистон мехоҳам».
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Шахсан аз номи худ ва аз номи мардуми Озарбойҷон Шумо ва дар шахси Шумо тамоми мардуматонро ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлоли давлатӣ сидқан табрику таҳният мегӯям ва таманниёти беҳтарини инҷонибро мерасонам.
Мо аз комёбиҳое, ки дар Тоҷикистони бародар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба даст омадаанд ва ҳамзамон, аз афзоиши обрӯву эътибори байналмилалии кишваратон шодем.
Сатҳи баланди имрӯзаи муносибатҳо миёни Озарбойҷон ва Тоҷикистон ба эҳтироми амиқ ва эътимоди мардумони мо ба ҳамдигар вобаста аст. Боиси хушҳолист, ки равобити байнидавлатии мо дар асоси ҳамин иродаи муштарак пайваста дар самти афзоиш рушд ёфта, ба сатҳи шарикии стратегӣ расиданд.
Ҳамдигарфаҳмӣ, ки дар сатҳи олӣ ба мушоҳида мерасад, барои густариши муносибатҳои мо дар соҳаҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меоварад. Иштироки Шумо дар нишасти 17-уми сарварони Созмони ҳамкории иқтисодӣ, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Ханкенди барпо гардид ва мулоқотамро бо Шумо бо таассуроти хеле гуворо ёд мекунам.
Итминон дорам, ки мо бо истифода аз имконоти мавҷуда бо талошҳои муштарак ба рушди муносибатҳои дӯстона миёни Озарбойҷону Тоҷикистон ва густариши минбаъдаи фаъолияти ҳамоҳангамон даст хоҳем ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, дар ин рӯзи фархунда ба Шумо саломатии комил, саодатмандӣ, дар корҳоятон муваффақият, ба мардуми бародари Тоҷикистон сулҳи доимӣ, беҳбудӣ ва шукуфоӣ орзумандам».
Президенти Ҷумҳурии Беларус
Александр Лукашенко:
«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!
Аз номи мардуми Беларус ва шахсан аз номи ман табрикоти самимиро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бипазиред.
Кишваратон таҳти роҳбарии Шумо натиҷаҳои муассирро дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таъмини суботи минтақавӣ ва пешбурди ташаббусҳои глобалӣ нишон медиҳад.
Минск муносибатҳои мустаҳками Беларус ва Тоҷикистонро, ки бар гузаштаи таърихии муштарак, эҳтироми ҳамдигарӣ ва саъю кӯшишҳои якҷоя баҳри сулҳу шукуфоӣ асос ёфтаанд, қадр мекунад.
Дӯстии бисёрсола ва муколамаи эътимодбахши моро баланд арзёбӣ менамоям. Итминон дорам, ки кори самарабахши муштарак минбаъд ҳам ба афзоиши суръати ҳамкории байнидавлатии мо дар ҳамаи арсаҳои тамосҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард.
Ба Шумо – муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дастовардҳои навин, ба мардуми Тоҷикистон саодатмандиву беҳрӯзӣ орзу менамоям».
Президенти Амороти Муттаҳидаи Араб
Шайх Муҳаммад бин Зоид ан-Наҳаён:
«Ҷаноби Олӣ,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бароям боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ба Ҷаноби Олӣ табрикоти ниҳоят самимӣ ва беҳтарин таманниёти худро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям ва ба Ҷаноби Олӣ сиҳатмандии комилу хушбахтӣ, ҳамчунин, ба Ҳукумат ва мардуми дӯсти Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоии пойдор орзу намоям.
Лутфан, табрикоти самимӣ ва миннатдории маро бипазиред».
Сарвазири Малайзия Анвар Иброҳим:
«Президенти гиромӣ Эмомалӣ Раҳмон!
Шарафмандам аз номи Малайзия Шумо ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба муносибати 34-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон сидқан табрику таҳният намоям.
Малайзия муносибатҳои гарму дӯстонаи мутақобилаи моро, ки дар руҳияи арзишҳои муштарак ва ҳамкории пойдор бунёд шудаанд, баланд арзёбӣ менамояд. Ҳамчунон, Малайзия ҳавасманд ва ҷонибдори тақвияти ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ҳамаи бахшҳо, аз ҷумла тиҷорату сармоягузорӣ, кишоварзӣ, молияи исломӣ ва технологияҳои рақамӣ бо дар назар доштани манфиатҳои мутақобилаи мардумонамон мебошад.
Хоҳишмандам, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, эҳтироми олии маро қабул фармоед».
Президенти Ҷумҳурии Мисри Араб
Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ:
«Ба Ҷаноби Олӣ
Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Бо камоли мамнуният салому паёми ниҳоят гарму самимии худро ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти тоҷик ба муносибати солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям.
Миср муносибатҳои барҷастаи дуҷонибаи худро бо Тоҷикистон, ки тули солҳо муваффақона рушд мекунанд, қадр мекунад. Бо истифода аз фурсат, мехостам таъкид намоям, ки мо ба рушди минбаъдаи талошҳои муштарак, ҳамоҳангсозӣ ва такмили механизмҳои ҳамкориамон дар соҳаҳои гуногун ба нафъи ду мардуми дӯст манфиатдорем.
Муҳтарам ҷаноби Президент, ба Шумо беҳтарин таманниёт ва некуаҳволӣ, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ ва беҳбудии бардавом орзу дорам».
Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Александр ван дер Беллен:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Бо камоли мамнуният ба Шумо табрикоти ниҳоят гарми инҷонибро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арз менамоям.
Ман аз муносибатҳои мусбату мустаҳками ду кишвари мо хушҳолам ва ҳамкориҳои афзоишёбанда миёни Австрия ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро қадр мекунам.
Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳам шахсан ба Шумо беҳтарин таманниёт, ҳамчунин, ба мардуми Тоҷикистон ояндаи саодатмандро орзу намоям».
Президенти Венгрия др. Шуйок Тамаш:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Иҷозат фармоед ба Шумо ва тамоми мардуми тоҷик ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрикоти самимии инҷонибро иброз намоям.
Метавонам Шуморо бовар кунонам, ки Венгрия ҷонибдори густариши минбаъдаи муносибатҳои шарикӣ бо Тоҷикистон, ки то имрӯз ташаккул ёфтаанд, мебошад. Итминон дорам, ки ба шарофати талошҳои муштараки кишварҳоямон мо метавонем дар ояндаи наздик дар самти ҳамкориҳои дуҷониба имкониятҳои навро рӯйи кор бигирем.
Лутфан, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Хорватия Зоран Миланович:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароям ифтихор аст, ки шахсан аз номи худ ва аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Хорватия табрикоти самимӣ ва орзуҳои пешрафту шукуфоиро ба Шумо ва мардуми кишваратон иброз намоям.
Бовар дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории байни Хорватия ва Тоҷикистон минбаъд низ дар соҳаҳои гуногун ба манфиати муштарак рушд карда, мустаҳкам хоҳанд шуд. Ман бар он ақидаам, ки таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни кишварҳоямон аҳамияти махсус дорад.
Ҷаноби Олӣ, лутфан, эҳтироми олии маро бипазиред».
Президенти Давлати Фаластин Маҳмуд Аббос:
«Ҷаноби Олӣ, бародари гиромӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Худованд ҳифзашон намояд,
ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Боиси хушнудии инҷониб аст, ки ба шарофати фарорасии солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Тоҷикистон табрикоти бародарона ва самимии худро ироа намоем.
Аз даргоҳи Худованди мутаол хоҳонем, ки ба Шумо саломатӣ, хушбахтӣ ва муваффақият ато фармуда, ба кишвари дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешрафт ва шукуфоии доимиро насиб гардонад.
Мо ин фурсатро ғанимат шумурда, бори дигар таъкид мекунем, ки ба равобити бародарона ва ҳамбастагии миёни мардумонамон арҷ мегузорем. Ҳамчунин, сипоси амиқи худро барои мавқеи устувори Шумо дар пуштибонӣ аз ҳуқуқи қонунии миллати мо дар роҳи озодӣ ва истиқбол баён медорем.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, бародари гиромӣ, ғояти эҳтиромоти инҷонибро бипазиред».
Попи Рум Роберт Фрэнсис Превост Лео XIV:
«Ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Дар ибтидои хизматам ҳамчун вориси Пётри Муқаддас, Иди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ман имкони саодатмандона медиҳад, то ба Шумо орзуҳои самимонаи хушбахтӣ, оромиш ва шукуфоии инҷонибро, ки ман аз Худованд барои мардуми Шумо мехоҳам, расонам.
Дар бунёди ҷомеа бигузор Худованд ба тоҷикон илҳом бахшад ва кумак кунад, ки бо ҳам бародар бимонанд, шарафи ҳар як инсонро эҳтиром намуда, дар ҳаққи фақирон ғамхорӣ кунанд, тавоноии худро ба нафъи хидмати умум истифода намоянд. Ман, бо майли тамом, аз Худованд барои Шумо – Ҷаноби Олӣ, онҳое ки масъули умури иҷтимоиянд ва ҳамаи шаҳрвандони кишваратон баракати илоҳиро хоҳонам».
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид
Антониу Гуттериш:
«Ҷаноби Олӣ!
Табрикоти маро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ бипазиред.
Ҷашнҳои миллӣ, ҳамзамон, фурсате фароҳам меоранд, то роҷеъ ба мушкилоти ҷаҳонии муштарак андеша намоем. Ҷомеаи байналмилалӣ дар рӯбарӯи рӯйхати афзояндаи санҷишҳо – аз буҳрони иқлим то низоъ ва афзоиши нобаробарӣ қарор дорад, ки ҳалли онҳо танҳо дар қолаби бисёрҷониба имконпазир аст.
Маҳз ҳамин руҳия дар Аҳдномаи оянда таҷассум ёфтааст. Ин санади сарнавиштсоз соли гузашта аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардида, бар асоси зарурати таҳкими бисёрҷониба, пешбурди сулҳ, рушди устувор ва ҳуқуқи башар барои ҳамаи инсонҳо бунёд ёфтааст. Бори дигар таманниёти беҳтарини худро ба мардуми Тоҷикистон дар ин рӯзи фархунда баён медорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми олии маро қабул фармоед».
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон
Муҳаммад Шаҳбоз Шариф:
«Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли хушнудӣ табрикоти худро ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ва мардуми бародари Тоҷикистон ба муносибати фурсати мубораки Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз менамоям.
Покистон бо риштаҳои устувор ва бародаронаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Тоҷикистон, ки таҳти дидгоҳи дурнигарона ва роҳбарии хирадмандонаи Шумо – Ҷаноби Олӣ, пайваста таҳким меёбанд, ифтихор дорад.
Бо эҳсоси самимӣ сафари худ ба шаҳри Душанбе дар моҳи майи соли ҷорӣ, инчунин, мулоқоти гарму созандаи худро бо Шумо дар ҳошияи иҷлосияи СҲШ дар шаҳри Тянҷин ба ёд меорам. Дар он мулоқот мо мубодилаи назарҳои пурмуҳтаво ва дурнигарона анҷом дода, роҳҳои навро барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкориҳо тарҳрезӣ намудем, то ки робитаҳои бародаронаи мо ба як ҳамкории воқеан гуногунсамт ва барои ҳар ду ҷониб судманд табдил ёбанд. Тавре ки дар Тянҷин ба Шумо иброз доштам, боиси қаноатмандист, ки Созишномаи шарикии стратегӣ байни кишварҳоямон, ки соли гузашта имзо гардид, аллакай, ба натиҷаҳои мушаххас ва назаррас оғоз бахшидааст.
Дар ҳамин замина, мутмаинам, ки дар ҳамкории наздик бо Шумо – Ҷаноби Олӣ, мо кишварҳоямонро ба марҳалаи нави шарикии стратегии мутақобилан судманд ворид намуда, ба шукуфоии муштараки мардумонамон такон мебахшем.
Аз ин фурсат истифода бурда, беҳтарин таманниётамро барои саломатӣ, хушбахтӣ ва саодати шахсии Шумо – Ҷаноби Олӣ, баён менамоям ва барои сулҳи пойдор, пешрафт ва шукуфоии мардуми бародари Тоҷикистон орзуҳои самимии худро иброз медорам. Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми амиқи маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон
Асиф Алӣ Зардорӣ:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон ва шахсан аз номи худам, бо камоли хушнудӣ табрикоти худро ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иброз менамоям.
Покистон муносибатҳои деринаи бародарона ва таърихан устувори худро бо Тоҷикистон, ки бар пояи имони муштарак, ҳамбастагии фарҳангӣ ва эътимоди мутақобил устувор гардидаанд, қадр менамояд. Боиси хушнудист, ки рушди мунтазами ҳамкориҳои мо дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла тиҷорат, энергетика, пайвастшавӣ ва робитаҳои башарӣ назаррас мебошанд.
Муколамаи сатҳи олии роҳбарони ду кишвар неруи тозае ба ин ҳамкориҳо бахшида, иродаи моро барои таҳкими равобит боз ҳам қавитар гардондааст. Итминон дорам, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Шумо – Ҷаноби Олӣ, ҳамкории мо густариш ёфта, саҳми арзанда дар таҳкими сулҳ, субот ва шукуфоии минтақавӣ хоҳад гузошт.
Аз фурсати муносиб истифода бурда, беҳтарин таманниётамро барои саломатӣ, хушбахтӣ ва умри дароз ба Шумо иброз медорам ва орзу дорам, ки мардуми бародари Тоҷикистон ба пешрафт ва шукуфоии бештар ноил гардад.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, изҳори эҳтироми амиқи маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Пеш аз ҳама, иҷозат фармоед сипоси самимии хешро барои номаи ирсолнамудаатон ба муносибати 14-уми июл баён намоям. Бо камоли хушнудӣ ба муносибати Ҷашни миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худ ва аз номи мардуми Фаронса самимонатарин табрикот ва таманниёти некро барои саодат ва некуаҳволии мардуми тоҷик ба Шумо изҳор менамоям. Тоҷикистон, ки чанде пеш бо ҳамсоягони худ сулҳи пойдор баст, ба ҷаҳониён ба хотири ҳамкории байни давлатҳо ва мардумон ва эҳтироми соҳибихтиёрии ҳар як кишвар паёми сулҳ ирсол намуд.
Кӯшишҳои муштараки мо барои ҳифзи муҳити зист, хусусан пиряҳҳо ва қутбҳо, низ аҳамияти бузург дорад.
Барои иштирокатон дар Конфронси СММ оид ба уқёнус ва барои муколамаҳои созандаамон дар ин замина миннатдорӣ иброз медорам. Дар доираи Даҳсолаи амал оид ба илмҳои криосфера, ки мо якҷо дар шаҳри Нитса ифтитоҳ намудем, иштироки Фонди фаронсавии «Ёдгории пиряхҳо» дар миссияи байналмилалии илмӣ дар Тоҷикистон дар ҳафтаҳои наздик далели возеҳи густариши ҳамкории судманди мо дар ин самт мебошад.
Мехоҳам, ки мо минбаъд низ муколамаи сиёсӣ ва амниятиро байни ду кишвари дӯстамон дар шароити мураккаби низои Украина ва вазъи ҳассоси Афғонистон тақвият бахшем. Шарикии мо дар соҳаҳои фарҳангӣ ва донишгоҳӣ низ заминаи муҳими муносибатҳои дуҷониба ба ҳисоб рафта, татбиқи лоиҳаи «Алянс Франсез» дар шаҳри Душанбе бояд ба таҳкими он мусоидат намояд. Илова бар ин, аз майли ширкатҳои фаронсавӣ ба таҳкими мавқеи худ дар Тоҷикистон ҳамчун шарикони боэътимод ва дарозмуддат дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтор, кишоварзӣ ва сайёҳӣ изҳори хушҳолӣ менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Президент, эҳтироми олии маро бипазиред».
Президенти Конфедератсияи Швейтсария Карин Келлер-Зуттер:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Шурои федералии Швейтсария ва мардуми Швейтсария мехоҳам ба Шумо ва шаҳрвандони кишваратон ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикот иброз намоям. Лутфан, иҷозат фармоед таманниёти беҳтаринро низ барои ояндаи босаодат ва муваффақонаи кишваратон ва шаҳрвандони он баён кунам.
Ман хушҳолам, ки ду кишвари мо муносибатҳои бисёрҷанбаи хуб доранд ва бовар дорам, ки солҳои оянда мо метавонем онҳоро боз ҳам густариш диҳем. Мо интизори ҳамкории зич бо Тоҷикистон дар давраи раёсати Швейтсария дар САҲА дар соли 2026 ҳастем.
Ҳамчунин, иҷозат фармоед, ба Шумо барои табрикоти самимиятон ба муносибати Рӯзи миллии Швейтсария миннатдорӣ баён намоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, ғояти эҳтироми амиқи маро бипазиред».
Президенти Гурҷистон Михаил Кавелашвили:
«Ҷаноби Олӣ, ҳамтои азиз!
Аз номи мардуми Гурҷистон ва шахсан аз номи худам Шумо ва мардуми муҳтарами Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ, ки 9-уми сентябр таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Ин санаи фархунда дар таърихи кишвари Шумо рамзи амиқи озодӣ, ифтихори миллӣ ва давлатдории устувор мебошад. Дар ҳамин рӯз, соли 1991, Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлоли худро эълон намуда, роҳи рушди соҳибихтиёрро пеш гирифт. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз руҳи озодихоҳӣ ва иродаи қавии мардуми тоҷикро дар сохтани давлати қавӣ ва мустақил – давлате, ки мероси бойи фарҳангӣ ва анъанаҳои қадимии худро пос медорад, инъикос мекунад.
Гурҷистон муносибатҳои дӯстона бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки бар пояи эҳтироми мутақобил, анъанаҳои муштараки таърихӣ ва манфиатҳои миллӣ асос ёфтаанд, баланд арзёбӣ мекунад. Итминон дорам, ки равобит ва ҳамкории байни кишварҳои мо минбаъд низ таҳким ва густариш меёбанд ва ба некуаҳволии мардумони мо ва амалӣ гаштани талошҳои муштаракамон мусоидат менамоянд.
Ҷаноби Олӣ, ба Шумо сиҳатии комил ва дар фаъолияти пурмасъулатон муваффақиятҳои минбаъда орзу менамоям. Ба мардуми дӯсти Тоҷикистон сулҳи пойдор, пешрафт ва шукуфоии беш аз пешро таманно дорам».
Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Ҳукумат, мардуми Ҳиндустон ва аз номи худам саломи гарму ҷӯшон ва табрикотро ба Шумо – Ҷаноби Олӣ ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-солагии Рӯзи Истиқлоли давлатӣ мерасонам.
Давлатҳои мо риштаҳои пойдори дӯстӣ доранд, ки бар пояи робитаҳои ғании фарҳангӣ ва таърихӣ асос ёфтаанд. Бо нигоҳи ба оянда ман итминони комил дорам, ки ҳамкории мо дар сатҳи дуҷониба, минтақавӣ ва ҳамчунин, дар чаҳорчӯби созмонҳои бисёрҷониба рушд ёфта, ба таҳкими сулҳу амонӣ ва пешрафти умумӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар ин рӯзи фараҳбахш ман беҳтарин орзуҳои самимии саломатии бардавом ва саодатмандии худро ба Ҷаноби Олӣ изҳор намуда, ба мардуми Тоҷикистон пешрафти доимӣ, шукуфоӣ ва сулҳу осоишро таманно дорам.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми амиқи маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Сербия Александар Вучич:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Бо камоли мамнуният ба муносибати Ҷашни миллӣ – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Сербия ва шахсан аз номи худ ба Шумо табрикоти самимӣ ва орзуҳои беҳтаринро барои шукуфоии минбаъдаи кишваратон ва некуаҳволии мардуми он ирсол медорам.
Итминон дорам, ки бар асоси равобити анъанавии дӯстона мо мусоидатро ба таҳкими минбаъда ва рушди ҳамкории ҳамаҷониба байни Сербия ва Тоҷикистон идома хоҳем дод.
Бо истифода аз фурсати муносиб, миннатдории амиқи худро ба Тоҷикистон барои дастгирии усулии он дар ҳифзи тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии Сербия баён менамоям. Ин амал далели равшани пойбандии кишвари Шумо ба усулҳои асосии ҳуқуқи байналмилалӣ ва Ойинномаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад.
Лутфан, ҷаноби Президент, эҳтироми хосаи маро нисбат ба Шумо бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Булғористон Румен Радев:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Ҷашни миллии кишваратон – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 9-уми сентябр ҷашн гирифта мешавад, лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки маро барои сулҳу пешрафт ва некуаҳволии Шумо ва мардуми Тоҷикистон бипазиред.
Ҷумҳурии Булғористон муносибатҳои созандаи худро бо Тоҷикистон ва саҳми Шуморо дар таъмини амният, субот, ҳамсоягии нек ва рушди устувор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баланд арзёбӣ менамояд.
Дар доираи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ аз соли 2019 ва болоравии сатҳи муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сатҳи шарикии стратегӣ, Булғористон минбаъд низ аз густариши робитаҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо пуштибонӣ хоҳад кард. Ин раванд ҳамчун ангезаи муҳими истифодаи пурсамари иқтидори мавҷуда барои ҳамкории мутақобила байни кишварҳои мо дар самтҳои ояндадор хидмат мекунад.
Бо ирсоли таманниёти беҳтарин барои некуаҳволӣ ва фараҳмандии мардуми Тоҷикистон, шахсан ба Шумо саломатии бардавом ва дар фаъолияти пурмасъулатон муваффақият орзу менамоям.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми волои маро бипазиред».
Президенти Ҷумҳурии Словения
Наташа Пирс Мусар:
«Муҳтарам ҷаноби Президент!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат фармоед, аз номи шаҳрвандони Ҷумҳурии Словения ва шахсан аз номи худам, самимонатарин табрикот ва беҳтарин таманниёти пешрафти ҳамаҷониба, некуаҳволӣ ва сулҳи пойдорро ба кишвари Шумо ва тамоми сокинони он изҳор намоям.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам таманниёти самимӣ ва омодагии худро ҷиҳати густариш ва таҳкими минбаъдаи ҳамкории дӯстона байни Словения ва Тоҷикистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби минбарҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ изҳор намоям. Бовар дорам, ки робитаҳои мунтазам ва талошҳои муштараки мо ба таҳкими сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳам байни кишварҳоямон ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.
Лутфан, муҳтарам ҷаноби Президент, ғояти эҳтироми амиқи маро бипазиред».
Президенти Ирландия Майкл Дэниел Ҳиггинс:
«Ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Иҷозат фармоед ҳамчун Президенти Ирландия ва аз номи мардуми Ирландия ба Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатӣ табрикоти самимӣ ва гармтарин паёми шодбошии худро ирсол намоям.
Бигзор айёми расида барои мардуми Тоҷикистон сулҳу пешрафт ва саодат оварад».
Президенти Ҷумҳурии Молдова Майя Санду:
«Ҷаноби Олӣ!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон самимонатарин табрикот ва таманниёти сидқии сулҳу некуаҳволӣ ва пешрафти минбаъдаро мерасонам.
Ин рӯз барои баррасии роҳи Тоҷикистон ба сӯи соҳибихтиёрӣ ва ҳувияти миллӣ имконияти хуб аст. Молдова муносибатҳои кишварҳои моро, ки бар эҳтироми мутақобил ва ҳамкорӣ асос ёфтаанд, қадр мекунад ва бовар дорам, ки муколамаи мо боз ҳам тақвият ёфта, ба манфиати шаҳрвандонамон ва суботи минтақа хизмат хоҳад кард.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, арзи эҳтироми фоиқаи маро қабул фармоед».
Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии
Шри-Ланка Анура Кумара Дисанаяке:
«Ҷаноби Олӣ!
Аз номи Ҳукумат ва мардуми Шри-Ланка иҷозат фармоед, самимитарин табрикоти ҳудро ба Шумо, Ҳукумат ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи миллии кишваратон иброз намоям.
Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш, ки Тоҷикистон ин рӯйдоди муҳимро ҷашн мегирад, изҳори сипоси амиқи Шри-Ланкаро барои дӯстии устувор ва ҳамкориҳои наздик, ки тайи солҳои зиёд хоси муносибатҳои ду кишвари мост, баён намоям. Итминони комил дорам, ки шарикии мо дар солҳои оянда беш аз пеш рушд ҳоҳад кард.
Дар ин замина, мехоҳам роҳбарии дурандешонаи Шуморо – Ҷаноби Олӣ, ки дар масири пешрафт ва шукуфоӣ Тоҷикистонро роҳнамоӣ менамояд, баланд арзёбӣ намоям. Орзу мекунам, ки Тоҷикистон ба қуллаҳои навбатии муваффақият бирасад ва риштаҳои дӯстӣ байни ду кишвари мо боз ҳам қавитар гарданд.
Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтироми фоиқа, инчунин, беҳтарин таманниёти маро барои саломатии бардавом ва саодатмандии Шумо, ҳамчунин, барои пешрафт ва шукуфоии мардуми Тоҷикистон бипазиред».
Подшоҳи Шоҳигарии Баҳрайн
Ҳамад бин Исо оли Халифа:
«Муҳтарам ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ!
Мояи шараф ва ифтихори бузург аст, ки ба Ҷаноби Олӣ самимитарин табрикоти худро ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намоям.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб, ба Ҷаноби Олӣ саломатии бардавом ва хушбахтӣ орзу менамоям ва барои кишвари Шумо пешрафту шукуфоиро таманно дорам».
Султони Салтанати Умон
Ҳайсам бин Ториқ оли Саид:
«Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Боиси хушҳолии мост, ки табрикоти самимиямонро ба Ҷаноби Олӣ ба муносибати фарорасии Ҷашни Истиқлоли давлатӣ бирасонем.
Бо истифода аз ин фурсат, мо ба Шумо – Ҷаноби Олӣ, хушбахтӣ ва тандурустӣ ва ба мардуми дӯсти Тоҷикистон идомаи пешрафту шукуфоиро таманно дорем».
Президенти Ҷумҳурии Куба
Мигел Диас-Канел Бермудес
«Ба Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Ба муносибати таҷлили Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат фармоед аз номи мардум ва Ҳукумати Куба ба Шумо ва мардуми Тоҷикистон табрикоти самимӣ ирсол намоям.
Бори дигар иродаи худро барои тақвияти робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвар таъйид менамоям.
Лутфан, арзи эҳтиром ва самимияти баландтарини маро қабул фармоед.
Раиси умури давлатии Ҷумҳурии Мардумии
Демократии Корея Ким Чен Ин:
«Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ба муносибати Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Шумо ва дар симои Шумо ба Ҳукумат ва мардуми кишваратон табрику таҳният арз намуда, дар фаъолиятатон ба манфиати рушду шукуфоии кишваратон барору комёбиҳо орзумандам.
Барқияҳои табрикӣ, ҳамчунин, аз номи Капитан-регентҳои Ҷумҳурии Сан-Марино Денизе Бронcетти ва Итало Риги ва Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Асад Хон ворид гардиданд.