Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ – КАЛИДИ ДАРВОЗАҲОИ САОДАТИ МИЛЛӢ

Истиқлоли мо калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду соҳибфарҳанги тоҷик аст, ки тақдирашро ба дасти худ гирифта, бо роҳу равиши хоси хеш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайвастааст ва ҳамеша мекӯшад, ки набзи давлату давлатдории худро бо набзи сайёра ҳамоҳангу ҳамсадо намояд.
Эмомалӣ РАҲМОН
Боиси сарафрозист, ки сол ба сол пояҳои истиқлоли давлатӣ устувор гардида, аз ҷашни истиқлол то истиқлол мардуми заҳматпешаи тоҷик ба қаламрави нави рушду шукуфоиҳо ворид мешаванд. Ин дар ҳолест, ки расидан ба истиқлоли давлатӣ барои мо - тоҷикон аз бузургтарин дастовардҳои таърихӣ ба шумор рафта, ҳифзу таҳким бахшидани неъматҳои он камоли инсониву эҳсоси волои ватандорист.
Тавре мебинем, қудрати истиқлоли сиёсиву иқтисодӣ, фарҳангиву маънавӣ, андешаву тафаккури миллии халқи тоҷик бар мабнои сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳала ба марҳала қавитар гашта, саросари Тоҷикистони азиз шукуфову зеботар мегардад. Соли ҷорӣ низ, чун солҳои қаблӣ тадбирҳои созандагӣ вусъат гирифта, дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат даҳҳо боғу майдонҳои хуррам, муассисаҳои фарҳангию маърифатӣ, биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти ҷашнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Имрӯз мояи ифтихори ҳар тоҷики бедордил чи дар дохил ва чи дар хориҷ аст, ки ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор ва Сарвари давлати моро ба ҳайси сиёсатмадори сулҳҷӯву башардӯст мешиносанд. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар симои Пешвои миллат, агар аз як тараф, иқдомоти башардӯстонаро амалӣ созад, аз сӯи дигар, ҳамчун давлати мизбони ҳамоишҳои муҳими сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад, ки тозатарин намунаи он мизбонии нахустин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мебошад, ки 30-юми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе бо ҳузури беш аз 2500 коршиноси сатҳи баланд аз 80 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.
Дастовардҳои бесобиқа дар сиёсати дохилӣ ва нуфузи афзояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар саҳнаи сиёсати байналмилалӣ, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ муяссар гардидаанд, водор месозанд, ки ҳар яки мо бо гиромидошти арзишҳои бебаҳои истиқлолу озодӣ дар пешрафти минбаъдаи Ватани азизамон нақше бар ҷой гузошта бошем.
Ғозибек САФАРЗОДА, раиси суди ноҳияи Тоҷикобод