Баргашт Чоп кардан

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ САРФАРОЗ ГАРДИДАНД

Сарварони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон Садир Жапаров ва Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой дар соли 2025 сазовор шуданд.
Дар ин бора сомонаи Фонди Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой 9-уми сентябр – дар Рӯзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон хабар додааст.
“Роҳбарони ин се кишвар бо ин ҷоизаи фахрӣ барои саҳми бузургашон дар таҳкими сулҳу амният дар минтақаи Осиёи Марказӣ сарфароз гардиданд, – омадааст дар гузориш. – Онҳо 31-уми марти соли 2025 дар шаҳри Хуҷанд Аҳднома дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи дӯстии абадиро ба имзо расонда, ба ин васила, дар таъмини амнияти умумӣ ва баробар дар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни халқҳо саҳми арзанда гузоштанд”.
Саъю талоши муштараки президентҳо, ки барандаи Ҷоиза гардиданд, ба таъмини субот ва рушди устувор, баланд бардоштани нуфузи байналмилалии минтақа нигаронда шудааст.
Раиси ҳайати ҳакамон, роҳбари бадеӣ ва директори генералии Театри Мариинский, директори генералии Театри калони Москва Валерий Гергиев талошҳои се кишвари Осиёи Марказиро қадр карда, бо қаноатмандӣ гуфт: "Ҳаракати сулҳ, ки Ҷоизаи сулҳи Лев Толстой, нависанда ва файласуфи бузурги рус, оғоз кардааст, гӯшаҳои гуногуни кураи Заминро фаро мегирад. Ҷоизаи байналмилалии сулҳ мисли мусиқӣ ба мардуми кишварҳои мухталиф на танҳо гӯш кардани ҳамдигар, балки шуниданро низ меомӯзонад”.
Рӯзи маросими супурдани Ҷоизаи байналмилалии сулҳ ба номи Лев Толстой ба зудӣ маълум мешавад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”