Баргашт Чоп кардан

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА БОЗ ЯК ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

9-уми сентябр Фонди байналмилалии сулҳи Русия Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро барои саҳми арзанда дар таъмини амнияти ҷаҳонӣ бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ бо Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой қадр кард. Воқеан, ин Ҷоиза маҳз ба шахсиятҳое тақдим мегардад, ки дар таъмини амният бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ саҳм гузоштаанд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамеша ба риояи Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид менамоянд. Аз ҷумла, зимни суханронӣ дар Саммити муштараки ғайринавбатии арабию исломӣ 11-уми ноябри соли 2024 таъкид намуданд: “Пайомадҳои фоҷиабори амалиётҳои ҳарбӣ дар навори Ғаза ва Лубнон минтақаро дар рӯёрӯи буҳрони бесобиқаи гуманитарӣ қарор додаанд. Бо дарназардошти ин ҳолат, мо бори дигар аз тарафҳои даргир даъват менамоем, ки ҳамаи ихтилофотро танҳо аз роҳҳои гуфтушунид ва тавассути абзорҳои дипломатӣ бо истинод ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, бахусус Оинномаи Созмони Милал ҳал намоянд.
Саҳми барҷастаи Пешвои миллати тоҷикон дар таъмини амнияти умумиҷаҳонӣ бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ тавассути қабули 15 қатъномаи Маҷмаи умумии СММ бо ташаббуси Тоҷикистон ва далелҳои зерин тасдиқ мегардад:
1. Мактаби дипломатияи сулҳофарии Пешвои миллат.
Хотима бахшидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандии Тоҷикистон (1992-1997) тавассути Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ (1997) намунаи риояи принсипҳои СММ оид ба ҳалли мусолиматомези низоъҳост. Ин раванд устувории дохилиро таъмин карда, ҳамчун модели сулҳ дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ин таҷриба на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои минтақаҳои дигари ноустувор ҳамчун намуна хидмат мекунад. Дар ҷаҳони имрӯза, ки бо афзоиши низоъҳои мусаллаҳона, таҳдидҳои экологӣ ва нобаробариҳои иҷтимоиву иқтисодӣ мураккаб гаштааст, таҳкими сулҳ ба як зарурати ҳаётан муҳим табдил ёфтааст. Ин масъала на танҳо барои насли ҳозира, балки барои ояндаи инсоният низ аҳамияти бузург дорад. Дар ин замина, Пешвои миллат бо пешниҳоди ташаббуси қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар Созмони Милали Муттаҳид (СММ) нақши муассир иҷро кардаанд. Ин ташаббус, ки дар иҷлосияи 79-уми Маҷмаи умумии СММ 24-уми сентябри 2024 эълон шуд, нишонаи ҷиддии уҳдадории Тоҷикистон ба сиёсати сулҳҷӯёна ва таъмини ояндаи бехатари аҳли башар мебошад. Қатъномаи «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда, бо меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мувофиқ аст.
2. Мактаби дипломатияи об ва иқлими Пешвои миллат.
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар сатҳи ҷаҳонӣ эътирофи васеъ пайдо кардаанд ва ба масъалаҳои об, иқлим ва рушди устувор нигаронда шудаанд. Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии "Об барои ҳаёт" (2005-2015), Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013), Даҳсолаи байналмилалии "Об барои рушди устувор 2018-2028", Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025) ва Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо (21-уми март) аз ҷумлаи ташаббусҳои байналмилалие мебошанд, то кунун барои ҳалли мушкилоти глобалӣ нақши муассир гузоштаанд. Чунин иқдомоти башардӯстонаи Пешвои миллати мо на танҳо эътибори Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боло бурдаанд, балки ҳамчун кишвари пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим муаррифӣ кардаанд.
3. Мактаби дипломатияи фарҳангсолории Пешвои миллат.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими ин мактаб пешниҳоди номинатсияҳо ба рӯйхати ЮНЕСКО аст, ки ваҳдати фарҳангиро таҳким бахшидааст. Аз соли 2003 то 2025, Тоҷикистон 14 номинатсияро ба Рӯйхати мероси ғайримоддии инсоният ва дигар барномаҳои ЮНЕСКО пешниҳод кардааст.
4. Мактаби дипломатияи амнияти минтақавии Пешвои миллат.
Пешвои миллат моҳи марти соли 2013 зимни ифтитоҳи бинои нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мулоқот бо кормандони дипломатии кишвар таъкид намуда буданд: «Роҳбарияти давлати Тоҷикистон ҳамкории густурдаи минтақавиро воситаи муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва таъмини амнияту субот дар Осиёи Марказӣ медонад ва ин бардоштро дар амалияи сиёсии худ дар тули бист соли охир борҳо намоиш додааст. Мо якҷоя ва дар ҳамкории созандаву ҳусни эътимод бо якдигар метавонем бар зидди таҳдиду хатарҳои глобалии муосир дар минтақа муқовимат ва истодагарӣ намоем». Сарвари давлат 6-уми августи соли 2021 дар вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ афзуданд: “Мо ба ҳамкории зич дар соҳаҳои тиҷорат, истеҳсолоти саноатӣ, иқтисоди рақамӣ, инноватсия ва технологияи муосир, дар соҳаи сайёҳӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ, нақлиёт ва амнияти энергетикӣ омода ҳастем”.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёд ва рушди созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ низ нақши мусбат доранд. Аз ҷумла, масъалаи табдили «Панҷгонаи Шанхай» ба Созмони ҳамкории Шанхай ҳангоми мулоқоти сарварони давлатҳо (5-уми июли соли 2000) дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Сарвари давлати мо ба миён гузошта шуд.
Боиси ифтихор аст, ки 6-уми августи соли 2021, зимни вохӯрии машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Туркманбошии Ҷумҳурии Туркманистон, бо қарори муштараки сарварони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои шоиста дар рушди муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ, таҳкими сулҳу амният дар минтақа, пешбурди манфиатҳо ва ибтикороти муштараки кишварҳои минтақа дар арсаи байналмилалӣ бо нахустин мукофоти нави олӣ – “Нишони фахрии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ” сарфароз гардонда шуданд.
Дар мулоқоти сеҷонибаи сарварони давлатҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон дар Хуҷанд 31-юми марти 2025, Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ва Шартномаи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ба имзо расиданд. Ин санадҳо ба ҳалли баҳсҳои марзӣ, бахусус дар минтақаи омехтаи ноҳияи Фарғона (Ӯзбекистон), Ботканд (Қирғизистон) ва Исфара (Тоҷикистон), мусоидат карданд. Тоҷикистон дар ин раванд ҳамчун як давлати ташаббускор баромад кард, ки бо пешбурди сиёсати созанда минтақаро ба сӯйи ваҳдат ва пешрафт ҳидоят намуд. Ин ҳамкориҳо на танҳо сулҳро таъмин карданд, балки барои рушди иқтисодӣ ва фарҳангӣ низ роҳ кушоданд. Осиёи Марказӣ бо ин қадам ба як минтақаи муттаҳид ва шукуфон наздик шуд, ки дар он дӯстӣ ва шарикӣ асоси ҳама чиз аст. Ин мулоқот як намунаи равшани он аст, ки чи гуна кишварҳои минтақа метавонанд, мушкилоти мавҷударо ҳал намоянд.
5. Мактаби дипломатияи суботу ҳамкории Пешвои миллат
Тоҷикистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ бо терроризм ва ҷинояткории муташаккил мубориза мебарад, ки мутобиқ ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4-уми апрели соли 2018 дар маросими ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд таҳти унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” иброз намуда буданд: “Дар зарфи солҳои охир зиёда аз 100 мамлакати дунё ҳадафи амалҳои харобкоронаи террористон қарор гирифта, бар асари ҳамлаҳои террористӣ садҳо ҳазор нафар аҳолии осоишта ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафар макону манзили зисташонро тарк кардаанд. Зарари ба иқтисодиёти кишварҳо расондашуда садҳо миллиард долларро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем”.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як давлати фаъол дар арсаи байналмилалӣ ҷиҳати пешгирии терроризм, экстремизм, фурӯши маводи мухаддир, савдои одам ва дигар ҷиноятҳои муташаккил саҳми назаррас дорад. Таҳти роҳбарии Пешвои миллат Тоҷикистон ташаббусҳои зиёдеро пеш мебарад, ки ба таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ нигаронда шудаанд. Ин ташаббусҳо дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ амалӣ мешаванд.
Пешниҳоди Фонди байналмилалии сулҳи Русия барои тақдими Ҷоизаи байналмилалии сулҳи ба номи Лев Толстой ба муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътирофи саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини сулҳу амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ бар асоси волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ аст. Ҳамон тавре ки бо далелҳо зикр намудем, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли низоъҳо, дипломатияи обу иқлим, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва суботи минтақавӣ қобили эътирофи умум мебошад.
Сазовор донистан ба ин ҷоиза бори дигар собит намуд, ки мактаби давлатдории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои башардӯстонаашон дар ҷаҳони имрӯз омӯзанда ва қобили пайравӣ аст.
Дониёр САНГИНЗОДА,
муовини директори Институти омӯзиши
масъалаҳои давлатҳои Осиё
ва Аврупои АМИТ,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор