Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ. АЗ ТАШАККУЛИ НИЗОМИ ҚОНУНГУЗОРӢ ТО ТАҲКИМИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, дар Конститутсияи худ ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон кард. Ин меъёр ба он далолат мекунад, ки шинохти тамоми арзишҳои дигар дар доираи манфиату манзалати инсон имконпазир аст. Ҳеҷ як манфиат, неъмат ва дороӣ аз инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ боло буда наметавонад, ки ин ҳам аз файзи истиқлол аст.
Аз ин дидгоҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз ибтидои фаъолияти сиёсиву сарварии хеш ба масъалаи ташаккули фазои ҳуқуқии мукаммал ва низоми қонунгузории таъминкунандаи асосҳои рушди давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, дар барномаи амали хеш ба ин самти фаъолияти хидматияшон ҷойгоҳи хосро муносиб диданд. Самараи чунин таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат аст, ки тули солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишварамон бо таҳияву мавриди амал қарор додани санадҳои қонунии ҷавобгӯи эҳтиёҷоти замон ва фароҳамоварандаи заминаҳои пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногун таҳкурсии боэътимоди ҳуқуқӣ гузошта шуда, сол ба сол собиту маҳкамтар мегардад.
Хоса таҳкими фаъолияти ҳокимияти судӣ ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи Президенти маҳбуби кишвар қарор дошта, корҳои зиёде дар ин самт анҷом ёфтаанд. Чунончи қабул ва татбиқи барномаи вижаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ, ки маҳз бо эҳтимоми Сарвари давлат сурат гирифт, дар шаклгирии низоми боадолатона, таҳкими сохтори судӣ нақши муассир гузошт.
Дар ин замина барои таъмини иҷрои барномаҳои қабулшудаи соҳавӣ як қатор тадбирҳо, аз ҷумла ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ роҳандозӣ гардида, дар ин раванд қонунҳои конститутсионӣ "Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон", Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор қонунҳо оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои дахлдори мамлакат ба тасвиб расиданд. Дар баробари ин, Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул шуд.
Дар натиҷаи рушди босуръати соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа, шумораи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ сол ба сол зиёд шуда истодаанд. Чунин ҳолат боиси афзоиши сарбории судяҳо шуда, барои босифат ва дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ гардидани парвандаҳо метавонад таъсири манфӣ расонад. Барои таъмини саривақтии баррасии парвандаҳо, кам кардани сарбории судяҳо ва содагардонии мурофиаҳои судӣ рушди мурофиаҳои тосудӣ мувофиқи мақсад мебошад. Чунин муносибат тарафҳоро ба созиш меорад ва ба ҳалли тосудии баҳси тарафҳо мусоидат менамояд. Дар ин радиф, ба таври содакардашуда баррасии парвандаҳо оид ба ҷиноятҳои категорияи вазнин ба мақсад мувофиқ аст. Вобаста ба ин ва бо мақсади ҳалли дигар масъалаҳои фаъолияти судӣ, қонунгузориҳои мурофиавии гражданӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таҷдид мегарданд ва ба онҳо тағйиру иловаҳои дахлдор ворид мешаванд.
Роҳбари давлат дар яке аз суханрониҳои худ оид ба нақши ҳокимияти судӣ дар татбиқи адолат ибрози назар намуда, таъкид сохтанд: «Мустақилияти ҳокимияти судӣ чун рамзи адолат аз обрӯву нуфузи он дар ҷомеа, сатҳи омодагии касбии судяҳо дар мавриди доварии софдилонаи онҳо ба нафъи инсон, ҷомеа ва давлат вобаста аст. Вазифаи асосии ҳокимияти судӣ татбиқ ва таъмини адолати судӣ мебошад. Аз ин рӯ, адолат дар фаъолияти мақомоти судӣ фақат дар сурате амалӣ мегардад, ки онҳо парвандаҳоро воқеъбинонаю беғаразона ва бо риояи қатъии талаботи Конститутсия ва қонунҳо ҳаллу фасл намоянд».
Ин таъкиди Президенти мамлакат кулли кормандони мақомоти судиро муваззаф месозад, ки зимни иҷрои вазифаи ба зиммадоштаашон, дар таҳкими фаъолияти худ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат, назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, инчунин, такмили қонунгузорӣ дар ин самт, бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ амал намоянд.
Амонзода Намози ШАРИФ,
судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон