Баргашт Чоп кардан

ИСТИҚЛОЛ ВА НАҚШИ ОН ДАР ШАКЛГИРИИ МД МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТИББИИ “ШИФОБАХШ”

Миллати тоҷик пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гардид, ки дар таърих камназиранд. Зиёд шудани шумораи муассисаҳои тиббӣ аз 240-то дар соли 1991 ба 1750-то дар соли 2025 далели равшани ин андеша аст. Пешрафти соҳаро дар мисоли Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” махсус метавон қиёс кард, зеро Муассисаи мазкур дар ин давра ба пешрафтҳои бесобиқа ноил шуд.

Директори Муассиса доктори илмҳои тиб Хуршед Раҳмонзода дар суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи “Ҷумҳурият” иброз дошт, ки дар ибтидо сифати хизматрасонии тиббӣ ва намои зоҳирию дохили биноҳои табобатӣ таъмиру тармим шуданд.
Дар Муассиса даҳ кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино ва чор кафедраи Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустӣ ҷойгир мебошанд, ки ҳамчун пойгоҳи таълимӣ фаъолият доранд.
Хуршед Раҳмонзода афзуд, ки соҳаи тандурустии мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ маъмулан омили муҳими муайянкунандаи солимии ҷисмонӣ ва равонӣ ва некуаҳволии мардуми саросари кишвар аст. Саломатии мардум гаронбаҳотарин сарват, муҳимтарин омили рушду саодати кишвар мебошад. Таваҷҷуҳи хосаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ барои кору зиндагии ин қисмати аҳолӣ шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.
Бо дастгирии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ лоиҳаи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ татбиқ мешавад, ки дар доираи он лоиҳаи ҳуҷҷати «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (нақшаи генералӣ) таҳия гардида, стратегияҳои рушди соҳаро муайян мекунад ва ба таъмини дастрасии баробар ба хизматрасониҳои тиббӣ, ҷавобгӯ ба талабот ва ниёзҳои аҳолии камбизоат тавассути таҳкими хадамоти аввалияи тиббию санитарӣ нигаронда шудааст. Яке аз вазифаҳои асосие, ки Ҳукумати мамлакат таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба даст овардани истиқлоли давлатӣ, махсусан дар солҳои охир, ба миён гузоштааст, ҷорӣ намудани усулҳои мукаммали ташхису табобат мебошад.
Соли равон дар Муассиса маркази нефрология ва гемодиализ мавриди истифода қарор гирифт. Маркази мазкур бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва дастрасии беморон бо диализ ташкил ёфтааст. Самти фаъолияти марказ барои дастрасии гирифторони бемории музмини гурдаҳо ба диализ мусоидат мекунад. Таъмин ва дастрасии беморон бо диализ яке аз самтҳои муҳими хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ба шумор меравад. Дар маркази мазкур, ки бо таҷҳизоти ҳозиразамони тиббии истеҳсоли кишварҳои пешрафтаи олам таъмин аст, барои беморон тамоми шароиту имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст. Марказ имкон дорад, ки дар як вақт ба даҳ кас ва дар як шабонарӯз то ба сӣ нафар бемор диализ гузаронад.
Дастовардҳои олимони соҳаи тиб дар даврони соҳибистиқлолӣ воқеан, назаррасанд, зеро онҳо ба ташхиси дақиқ ва усулҳои нави табобат бо истифода аз технологияҳои муосири ҷаҳонӣ нигаронда шудаанд, ки аз таваҷуҳҳи хоссаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Аз ҷумла, олимони соҳаи тибби тоҷик барои нахустин бор дар кишвар иллатҳои сиррози ҷигар, гепатити музмин ва саратони гепатоселляриро дар сатҳи мутатсияҳои генетикӣ муайян карданд.
Хуршед Раҳмонзода дар охири суҳбат гуфт, ки кишвари мо дар як муддати кӯтоҳ бо сарварии Пешвои миллат бо роҳе, ки аҷдоди мо гом ниҳода буданд, пеш рафта, забону фарҳанг ва руҳияи миллиамонро ба муддати ҳазорсолаҳои оянда ҳифз намуд. Дастгириҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвият бахшидани ҷараёни татбиқи сиёсати давлат дар самти рушди соҳаи тандурустӣ ва нигоҳдориву беҳтар намудани сарвати бебаҳои мардуми шарифи кишвар, яъне саломатӣ, бешубҳа, мусоидати созанда хоҳанд кард.
Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”