Аввалин медали Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон
Варзишгари ҷавону умедбахш Муҳаммадӣ Раҷабов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба марафони қайиқронӣ миёни наврасон медали биринҷӣ ба даст овард.
Чемпионати ҷаҳонии марафони қайиқронӣ дар байдарка ва каноэ миёни наврасону ҷавонон 4-7-уми сентябр дар шаҳри Гйори Маҷористон доир гашт.
Муҳаммадӣ дар байдаркаи якнафара (С1) дар масофаи 14,4 км бо натиҷаи 1:12:25.23 сеюм шуда ба марра расид. Дар ин масофа Мартин Новачек аз Чехия бо натиҷаи 1:11:16.90 ҷойи якум, Леонардо Барбоза аз Португал бо натиҷаи 1:12:00.97 мақоми дуюмро сазовор шуданд.
Дарвоқеъ, ин аввалин медали Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳонии марафони қайиқронӣ мебошад.
– Ман хеле хушҳолам, ки аввалин медали Чемпионати ҷаҳонии қайиқрониро барои Тоҷикистон ба даст овардам, – иброз намуд М. Раҷабов ба сомонаи расмии ICF. – Ман чунин натиҷаро интизор набудам, аммо барои то охир мубориза бурдан талош кардам.
ҶУДО
Чор медали паҳлавонони кишвар аз “Hangzhou Asian Open 2025”
Мусобиқаи Ҷоми кушоди Осиё оид ба ҷудо дар Ҳангжоуи Чин 6-7-уми сентябр доир гашт.
Ба иттилои Федератсияи байнал-милалии ҷудо, дар мусобиқа 87 варзишгар (52 мард, 35 зан) аз 13 давлат ширкат доштанд. Ҷумҳурии моро 6 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карда, Абдулло Қуқаншоев (-60 кг), Набии Нуралӣ (-66 кг), Илҳомиддин Ҷабборов (-73 кг) ва Саидмуъмин Шарифзод (-81 кг) ба гирифтани медали биринҷӣ мушарраф шуданд.
ФУТБОЛ
Ӯзбекистон – ғолиби Ҷоми миллатҳои CAFA-2025
Ҷоми миллатҳои CAFA (Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ) 8-уми сентябр бо пирӯзии тими миллии Ӯзбекистон ба анҷом расид. Ин даста дар финал бар дастаи мунтахаби Эрон бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.
Ҷоми миллатҳои CAFA-2025 дар ду гурӯҳ аз 29-уми август то 8-уми сентябр дар Ҳисор (Тоҷикистон) ва Тошкент (Ӯзбекистон) доир гашт. Тими миллии Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Гела Шекиладзе (Гурҷистон) дар гурӯҳи “В” бар тими Афғонистон пирӯз гашта (2:0), бо Эрон мусовӣ (2:2) бозӣ карда, аз Ҳиндустон мағлуб (1:2) шуд ва дар гурӯҳ ҷойи сеюмро гирифт.
Дар бозӣ барои ҷойи сеюм Ҳиндустон бар Уммон аз рӯйи силсилаи зарбаҳои ёздаҳметра бо ҳисоби 3:2 (вақти асосӣ – 1:1) ғалаба кард.
Тими олимпии Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ наёфт
Дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи “К”, ки 2-9-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд, тими олимпии Тоҷикистон (U-23) ҷойи сеюмро гирифт.
Футболбозони ҷавони кишвар дар ин мусобиқа бар Непал бо ҳисоби 4:0 ғалаба карда, аз Филиппин ва Сурия бо ҳисоби якхелаи 0:1 мағлуб шуд. Аз ин гурӯҳ Сурия ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт. Ғолибони гурӯҳҳо – Урдун (“А”), Ҷопон (“В”), Ветнам (“С”), Австралия (“D”), Қирғизистон (“Е”), Тайланд (“F”), Ироқ (“G”), Қатар (“Н”), Эрон (“I”), Ҷумҳурии Корея (“J”), чор дастаи ҷойи дуюми гурӯҳҳо, ки натиҷаи беҳтар доранд – Чин, Ӯзбекистон, Лубнон, АМА, инчунин Арабистони Саудӣ ҳамчун мизбон иштирокчиёни дигари Ҷоми Осиё-2026 ҳастанд.
Ситоди мураббиёни тимҳои миллӣ ва олимпии Тоҷикистон аз вазифа озод шуданд
Пас аз баромади ғайриқаноатбахши тими миллии кишвар дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup 2025», роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон тасмим гирифт, ки қарордодро бо сармураббӣ Гела Шекиладзе пеш аз муҳлат бекор кунад.
Ҳамчунин, пас аз баромади бебарори мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2026, Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаро бо сармураббӣ Леван Хомерики тамдид нахоҳад кард.
Федератсияи футбол ба мураббиён барои кори муштаракашон изҳори сипос намуда, ба онҳо дар фаъолияти минбаъда комёбиҳо таманно намуд.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба бозиҳои боқимондаи марҳалаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 ҳайати нави мураббиён омода мекунанд, ки роҳбарияти ФФТ дар ояндаи наздик онро тасдиқ менамояд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”