Баргашт Чоп кардан

ПИРЯХШИНОСӢ. НАҚШИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ ШОИСТАИ ТАҲСИН АСТ

Зан таҷассумгари симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар як миллату давлат, ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, дониш, камолоту пешрафт, гузашта, имрӯз ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд. Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати таъмини мавқеи устувори зан-модар дар ҷомеа тамоми имкониятҳоро фароҳам овард ва бонувони кишварро ба арсаи сиёсат ворид намуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷомеа шароити зарурӣ муҳайё гардида, ин сиёсат ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Маҳз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занону духтарон буд, ки занони тоҷик тавонистанд дар дилхоҳ самт фаъолият намоянд. Аз ҷумла дар самти илми пиряхшиносӣ, ки барои як зан бисёр мушкил аст, аммо занони тоҷик тавонистанд, ки дар ин ҷода ҳам муваффақ шаванд.
Дар байни муҳаққиқони тоҷик, ки дар ин соҳа фаъолият мекунанд, занон худро ҳамчун шахсиятҳои донишманд ва соҳибназар муаррифӣ намудаанд. Онҳо бо дастгириҳои Пешвои миллат, муассисаҳои илмӣ ва лоиҳаҳои байналмилалӣ дар таҳқиқи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба захираҳои обӣ саҳм мегузоранд. Имрӯзҳо даҳҳо занон дар кишвар ба омӯзиши пиряхҳо ва захираҳои обӣ машғул буда, дар ин самт корҳои назаррас ба анҷом мерасонанд. Махсусан, дар таҳияи Атласи пиряхҳои Тоҷикистон, ки бузургтарин дастоварди даврони истиқлол дар ин самт ба ҳисоб меравад, саҳми босазои худро гузошта истодаанд. Ба ғайр аз ин, дар экспедитсияҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, сарфи назар аз шароити сахти баландкӯҳӣ, иштирок намуда, корҳои илмӣ ба сомон мерасонанд. Имрӯзҳо натиҷаи фаъолияти занони тоҷики пиряхшиносро, ки дар маҷаллаҳои илмии дохилӣ ва бурунмарзӣ ба чоп расидаанд, дар сомонаи расмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ пайдо намудан мумкин аст. Тибқи нақшаи кории Марказ, ҳамасола кормандон аз аввали июн то охирҳои сентябр ба тадқиқоти саҳроӣ сафарбар мегарданд. Хонумон, асосан, тадқиқоти метереологӣ, гидрологӣ, геофизикӣ, корҳои аблятсионӣ ва аккумулятсионӣ мегузаронанд. Занони Марказ, асосан, дар экспедитсияҳои минтақаҳои Помири Шарқӣ ва Ғарбӣ, Лахш, Зарафшон ва Майхураи болооби дарёи Варзоб иштирок намудаанд. Аз ҷумла, дар пиряхи Сурхоби (Қизилсу) болооби дарёи Муқсу, ки дар минтақаи Лахш ҷойгир шудааст, ҳамасола аз ҷониби занони Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ таҳқиқоти илмӣ гузаронда мешавад.
Имрӯз, ки инсоният бо чолишҳои гуногуни глобалӣ, аз қабили гармшавии иқлим, камобиву офатҳои табиӣ рӯбарӯст, иштироки ҳамаҷонибаи занон дар рушди илмҳои табиӣ, аз ҷумла пиряхшиносӣ, ногузир ва зарурист. Занони тоҷик бо нигоҳи нав, муҳаббат ба Ватан ва табиат на танҳо ба омӯзиши пиряхҳо, балки метавонанд ба нигоҳдории онҳо ҳамчун сарвати миллӣ саҳмгузор бошанд.
Адолат ДАВЛЯТОВА,
ходими илмии Маркази омӯзиши пиряхҳои АМИТ