Дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» дар ноҳияи Сино ҷамъбаст гашт.
Дар чорабинӣ тарроҳону чакандӯзон аз муассисаву идораҳои ҳудуди ноҳия иштирок карда, намунаҳои зиёди анвои чакан: пероҳану тоқиҳои бо нақшу нигори миллӣ ороёфтаро, ки муаррифи фарҳанги дирӯзу имрӯзи тоҷикон аст, ба намоиш гузоштанд.
Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оила дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат идома дорад, яке аз тадбирҳои муҳим ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикон ҳисобида мешавад.
Дар ноҳияи Сино Фестивал бо риояи ҳамаи талабот баргузор гардид. Бонувони ҳунарманд, дӯзандагони чирадаст, тарроҳону қаламкашон ва чакану сӯзанидӯзон беҳтарин дастовардҳо, нақшу гулдӯзиҳо, сӯзаниҳо ва намунаи чаканҳои зебои худро намоиш доданд.
Дар Фестивал намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Сино иброз доштанд, ки чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд.
Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои «Авас-то», «Шоҳнома» ва осори таърихии бисёр маълумоти фаровон дарҷ гардидааст.
Бояд гуфт, ки Фестивали «Сад ранги чакан» ба баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳои миллӣ ва, ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ равона гардидааст. Ин Фестивал имкон медиҳад, ки паҳлуҳои то ҳанӯз норавшани анъанаҳо, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулу сӯзаниву тоқидӯзӣ ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ дубора эҳё гардида, мавриди истифода қарор гиранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибони даври аввали Фестивал муайян гардида, беҳтаринҳо бо намунаи ҳунари худ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.
Шаҳзода САЛИЕВА, коромӯзи «Ҷумҳурият»