Баргашт Чоп кардан

САФАРИ КОРИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Дар ноҳияи Ховалинг бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ” ифтитоҳ ёфт
11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ва бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ба ноҳияи Ховалинг ташриф оварданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг нахуст бинои Муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи ба номи Ҷалол Икромӣ”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти таълимӣ дар доираи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат аз рушди соҳибкорӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Абдулло Ҳасанов ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ин гӯшаи зебоманзари диёр, бунёд гашт, ки аз ду ошёна иборат буда, барои 456 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи феврали соли 2025 дар масоҳати умумии 4 ҳазору 860 метри мураббаъ оғоз гардида, моҳи августи соли равон ба анҷом расиданд. Баробари ифтитоҳи Гимназия 60 мутахассиси маҳаллии соҳаи илму маорифи ноҳияи Ховалинг бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардид.
Муассисаи таълимии муосир дорои китобхонаи электронӣ, толори варзишии болопӯшида, майдончаи варзишӣ, синфхонаҳои махсуси фаннӣ, ошхона ва биноҳои ёрирасон буда, бо шабакаи мустақили гармидиҳӣ таъмин аст. Ҳамчунин, дорои се озмоишгоҳи фанҳои физика, кимиё ва биология мебошад, барои омодагӣ ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ 12 маҳфили фаннӣ ба роҳ монда шудааст.
Аснои шиносоӣ бо шароиту имконоти ин Гимназияи замонавӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, саҳмгузорӣ дар соҳиби илму маърифат намудани насли наврасро амали неку шоиста номиданд.
Бинои навбунёди соҳаи маориф бо назардошти талаботи соҳа, унсурҳои меъмории миллӣ ва ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ бо сифати баланд бунёд гардида, синфхона ва кабинетҳои фаннию таълимӣ бо таҷҳизот ва аёнияти дарсӣ муҷаҳҳазанд.
Маблағи лоиҳавии сохтмони Гимназияи мазкур 5 миллиону 500 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Ифтитоҳи фосилавии 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва Маркази варзишии сайёҳӣ дар ноҳияи Ховалинг
11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 кӯдакистон ва як Маркази варзишии сайёҳиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Иншоот дар деҳоти Чуқурак, Таги Ҷар ва Дараи Мухтор сохта шуда, раванди таҳсили илму маърифат ва ҷалби наврасону ҷавононро ба машқу тамрин беҳтар месозанд.
Муассисаҳои таълимӣ дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва саҳми сокинону соҳибкорон бунёд карда шуданд.
Биноҳои таълимӣ бо муҳимтарин лавозимоти соҳавӣ ҷиҳозонда шуда, дар он заминаи мусоиди ба таҳсил фаро гирифтани 2100 хонанда фароҳам аст. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-ум дар шаҳраки Мунк бо тарҳу услуби муосир аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Зафар Сафаров навсозӣ шудааст. Иншоот дорои 34 синфхона буда, дар ду баст 1300 хонандаро ба таҳсил фаро мегирад.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №31-ум, воқеъ дар деҳаи Таги Ҷари Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт 10 синфхона, хонаи омӯзгор ва дигар иншооти ёрирасон дорад, ки аз ҷониби Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки иншоот дар асоси дархост ва хоҳиши ҷавондухтари илмдӯст Гулнигори Карим бунёд гардид. Гулнигори Карим, соли 2020 зимни суҳбат бо Сарвари давлат аз вазъи ногувори бинои қаблии Муассиса маълумот дода буд. Аз ин рӯ, Роҳбари давлат барои дар муҳлати муайян сохта ба истифода додани иншооти нави соҳа ба масъулин дастуру супоришҳо дода буданд ва имрӯз, хушбахтона, ин мушкил бартараф гардид.
Тибқи таҳлилҳо, шумораи хонандагон ҳамасола дар ноҳия зиёд мешавад. Аз ин рӯ, масъулон барои дар шароити хуб ба таҳсил фаро гирифтани хонандагон чораҳои зарурӣ меандешанд.
Бунёд ва мавриди истифода қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ум дар деҳаи Чуқураки деҳоти Ҷомбахт дар идомаи ҳамин иқдому тадбирҳо амалӣ гардидааст. Муассиса бо саҳми соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Ҳасанов бо шароити замонавӣ сохта шуда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 300 хонанда дар ду баст пешбинӣ гаштааст.
Иттилоъ доданд, ки ҳоло дар ноҳияи Ховалинг 51 муассисаи таълимӣ, 1 гимназияи хусусӣ, 1 гимназияи давлатӣ ва 1 литсей- интернат бо фарогирии 13 ҳазору 464 хонанда фаъолият доранд.
Ҳангоми шиносоӣ бо шароити таълиму тарбия дар биноҳои навтаъсиси таълимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди чунин муассисаҳоро дар сатҳи деҳот намунаи хуби дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар маънидод карданд.
Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, ки бо иштироки Сарвари давлат дар маҳаллаи Мирзо Турсунзодаи шаҳраки Мунк ва дар деҳоти Таги Ҷари деҳоти Ҷомбахт ба таври маҷозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, дорои шароити хуби таҳсил буда, бо таҷҳизоти соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошанд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии "Осинот" бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ Ҷумъахон Қосимов дар доираи тадбирҳои ободонӣ бунёд гардида, барои ба таҳсил фаро гирифтани 200 дӯстрӯяк пешбинӣ гаштааст. Ороиши бино ва саҳну майдони бозӣ бо сифати баланд анҷом пазируфтааст, рахти хоб, мизу курсӣ ва аёнияту ашёи фароғату таълим мувофиқ ба завқи кӯдакон фароҳам оварда шудаанд.
Муассисаи таҳсилоти томактабии №2-юми "Шараф" дар деҳаи Таги Ҷар бо фарогирии 50 кӯдак ба истифода дода шуд. Муассиса бо тамоми лавозимоти зарурӣ таъмин буда, дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии кӯдакон замина мегузорад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми мазкурро намунаи ибрат гуфта, масъулонро ба таълиму тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ роҳнамоӣ карданд.
Дигар иншоот – Маркази варзишии сайёҳӣ дар деҳаи Дараи Мухтор, ки аз ҷониби Роҳбари давлат фосилавӣ кушода шуд, ба ташаккули тарзи ҳаёти солим замина мегузорад. Иншоот ба истиқболи Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ Исмоил Садиров ва Фазлиддин Кенҷаев бунёд шуд, дар ин ҷо 20 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин мешавад. Маҷмааи мазкур аз ду ошёна ва меҳмонхона иборат буда, дар як вақт ба зиёда аз 100 ҷаҳонгард метавонад хизмат расонад.
Бунёди иншооти варзишиву сайёҳӣ дар ин мавзеъ ба рушди соҳа, таъмини сокинон бо кор ва беҳсозии сатҳи иҷтимоии аҳолӣ замина мегузорад.
Дар ҳамин рӯз бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ховалинг 6 иншооти соҳаи маориф ифтитоҳ шуд, ки дар маҷмуъ, барои ба таҳсил фаро гирифтани бештар аз 2600 нафар пешбинӣ шудааст.
Фаъол шудани Осорхонаи таърихии Ховалинг ва боздид аз корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара
11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Ховалинг Осорхонаи таърихии асри сангро мавриди истифода қарор дода, ҳамзамон, бо корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара шинос шуданд.
Дар Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг ёдгориҳо ва бозёфтҳои нодири таърихӣ, ки дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносон аз мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла Кӯлдара, Хонақоҳ ва Хонақоҳ 1-2-юми Ховалинг дарёфт ва ҷамъоварӣ гардидаанд, гузошта шудаанд.
Зимни шиносоӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки ёдгориҳои Осорхона бозгӯйи се давраи таърихӣ: асри санг, асрҳои миёнаи барвақт ва миёнаи охир мебошанд.
Олоти кории сангӣ, ки қисми зиёди бозёфтҳои ин осорхонаро ташкил медиҳанд, ба давраи полеолити поин тааллуқ дошта, беш аз 950 ҳазор сол умр доранд.
Осорхонаи таърихии асри санги ноҳияи Ховалинг ба омӯзиши давраҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла асри санг, асрҳои миёнаи барвақт, давраи антиқа, миёнаи охир, қарнҳои 18-19 ва баъди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусоидат намуда, дар тарбияи насли ҷавон барои худшиносиву ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни ғановатманди миллати тоҷик нақши бориз мегузорад.
Ба иттилои таърихшиносон, кашшофи ёдгориҳои мазкур бостоншиноси шинохтаи Тоҷикистон Вадин Ранов буда, дар натиҷаи ковишҳои бостоншиносӣ ӯ бештар аз 1000 ёдгории ҷангию шикорӣ ва рӯзгордории аввалин одамонро пайдо кардааст, ки аз санги сангобии навъи Галка сохта шудааст.
Пас аз шиносоӣ бо Осорхонаи таърихии асри санги Ховалинг Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои ҳафриётии бостоншиносон дар мавзеи таърихии Кӯлдара, ки каме дуртар аз Осорхона ҷойгир мебошад, боздид намуданд.
Зикр шуд, ки Кӯлдараи Ховалинг қадимтарин гӯшаи Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, дар ин мавзеъ бошишгоҳҳои замони асри санг – полеолити поин ёфт шудаанд.
Ёдгориҳои бозёфтшудаи мавзеи таърихии Кӯлдара аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҳанӯз 1 миллион сол пеш дар ин ҷо одамони қадим “Ҳомо эректус”-ҳо умр ба сар мебурдаанд.
Омӯзиши мавзеъҳои таърихии ҳудуди ҷумҳурӣ, махсусан, осори давраи асри санг дар замони соҳибистиқлолӣ, вусъати тоза пайдо намуд.
Маҳз бо ташаббусҳои фарҳангдӯстона ва дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавзеъҳои таърихии кишвари мо бо ҷалби бостоншиносони дохиливу хориҷӣ мавриди омӯзиш ва эҳё қарор гирифтанд.
Нигора ва ёдгориҳои бозёфтшудаи ин масир гувоҳи онанд, ки тоҷикон миллати куҳанбунёд буда, таърихи пурғановат доранд.
Боздиди Сарвари давлат аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Кӯлдара
11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар деҳаи Кӯлдараи деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз намоиши молу маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ боздид намуданд.
Дар ин ҷо намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ бо шаклу услуб ва композитсияи зебо пешниҳод шуда буданд.
Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки иқлими ноҳияи Ховалинг барои парвариши картошка, пиёз, сабзӣ ва карам хеле мусоид мебошад.
Ҳамзамон, иқлими ноҳия барои бунёди боғҳои себ, нок, гелос, шафтолу ва чормағз мувофиқ буда, ҳамасола кишоварзон аз ин намуди маҳсулот ҳосили фаровон ба даст меоранд.
Маҳсули ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли анвои нону хӯрокҳои миллӣ ва, ҳамчунин, асал дар ин ҷо гӯшаҳои ҷолиби намоишгоҳро ташкил медоданд. Дар ноҳия зиёда аз 4570 оилаи занбӯри асал мавҷуд буда, аз онҳо асали табиии тоза ба даст меоранд.
Ҳоло дар ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ 8088 га замини кишт мавҷуд аст. Кишоварзону боғдорон маҳсулоти мавсимии худро ҷамъоварӣ намуда, аз он як қисмашро ба фурӯш бароварда, боқимондаро барои зимистон захира менамоянд.
Ба истифода додани корхонаҳои нави саноатӣ дар ноҳияи Балҷувон
11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувон ташриф оварда, дар деҳоти Куҳаншаҳр корхонаҳои нави истеҳсоли орд, равған, афшураи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушкро мавриди истифода қарор доданд.
Аснои шиносоӣ ба Президенти кишвар иттилоъ доданд, ки бо оғози фаъолияти 4 корхонаи муосири саноатӣ наздики 100 сокини маҳаллӣ бо кор таъмин шуд.
Корхонаҳои истеҳсолӣ дар Маҷмааи саноатии ноҳияи Балҷувон дар масоҳати зиёда аз 1 гектар аз тарафи гурӯҳи соҳибкорони ватанӣ бо арзиши 9 миллион сомонӣ сохта шудаанд.
Боздиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Рушди Балҷувон" оғоз шуд.
Дар корхонаи мазкур бо истифода аз таҷҳизоту технологияи замонавӣ дар як шабонарӯз то 20 тонна орд истеҳсол мешавад. Дар ин ҷо гандуми маҳаллӣ ва ашёи хоми воридотӣ бо сифати баланд коркард шуда, маҳсулоти тайёр бо тамғаи «Орди Балҷувон» ба фурӯш бароварда мешавад.
Ҳоло дар ду хатти технологии корхонаи дигари саноатӣ равғани пахта ва офтобпараст дар зарфҳои аз 3 то 10 литр бандубаст мешаванд.
Таъсиси корхонаҳои нав дар ин самт, вобастагии бозори дохилиро аз маҳсулоти воридотӣ давра ба давра коҳиш дода, сатҳи зиндагии мардумро беҳтар мегардонад.
Дар идомаи боздид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамзамон, бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли афшураи меваю сабзавот ва коркарди меваю гиёҳҳои хушк шинос шуданд.
Иттилоъ доданд, ки корхонаи муосири саноатӣ барои қонеъсозии талаботи аҳолӣ ва содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар дар доираи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръати кишвар аз тарафи соҳибкори ватанӣ Адҳами Холбобо бунёд ёфтааст.
Барои коркарди меваю сабзавот ва гиёҳҳо дар корхонаи мазкур ду хатти технологӣ насб шудааст, ки тавассути он дар як рӯз 1000 қуттии шартӣ консерви меваю сабзавот ва 15 ҳазор қуттии шартӣ мураббои себ истеҳсол мешаванд. Аввалин маротиба аз ноҳияи Балҷувон меваи хушк содирот мегардад.
Дар ноҳияи Балҷувон баробари афзоиши талабот ба афшураи меваю сабзавот ва меваи хушк майдони боғҳои мевадиҳанда ва ҷангалзор васеъ мешавад.
Акнун меваю гиёҳҳои шифобахши боғу ҷангалзори ноҳия дар ин корхонаи муосир бо сифати баланду тарҳи ҷолиб коркард шуда, бо тамғаи «Файзи Балҷувон» ба мизоҷон пешниҳод мешаванд.
Дар корхонаи навтаъсис аз меваю гиёҳҳо зиёда аз 25 намуди маҳсулот истеҳсол мегардад, ки ҷавобгӯи стандарти байналмилалӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи маҳсулоти корхонаҳои навтаъсис муаррифӣ шуд.
Тибқи иттилоъ, дар корхонаҳои тозабунёд истеҳсоли 40 намуди маҳсулот ба роҳ монда шудааст, ки дар бозор рақобатпазир буда, дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ, ҳамзамон, содирот мешавад.
Зимни суҳбат бо масъулон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкорони ватаниро барои саҳмгузорӣ дар рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъмини сокинон бо кор муҳим арзёбӣ намуданд.
Шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон соҳиби бино шуд
11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувонро мавриди истифода қарор доданд.
Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шуда, беҳтарин туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандони мақомоти амният ба шумор меравад.
Барои таъмини кормандони ин ниҳод бо манзил дар бино 9 хонаи истиқоматӣ бо тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст, ки бозгӯй аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони ин сохтори қудратӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Балҷувон калиди хонаҳои истиқоматиро тақдим карданд. Хонаҳо дуҳуҷрагӣ буда, бо ҳама лавозимоти рӯзгор ҷиҳозонда шудаанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони ниҳод даъват намуданд, ки бо истифода аз чунин шароит ва имконият ба нафъи миллату давлат содиқонаву софдилона хизмат намоянд.
Чароғпояҳои насбшуда ва гулу дарахтони ороишиву сояафкан саҳни биноро зеб бахшидаанд.
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ва МТМУ №10 дар ноҳияи Балҷувон
Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат нахустин муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Балҷувон аст, ки 11-уми сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Таъсиси чунин муассиса дар ноҳияҳои дурдаст, ки аз лиҳози барномаҳои таълимӣ, кадрҳои соҳибтахассус, имтиёз ба хонандагон ва шароиту инфрасохтор бартарӣ дорад, бозгӯ аз зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлат қарор доштани соҳаи маориф ва илм мебошад.
Иншоот дар асоси супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба рушди зеҳну тафаккури хонандагон бо панҷ бинои мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст. Дар 32 синфхонаи муҷаҳҳаз имкон аст, ки 1520 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта шавад.
Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои замони муосир мусоидат мекунанд.
Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология ва физика бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонда шудаанд, ки дар омӯзиши дониши назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузоранд.
Тавре таъкид гардид, ҳадафи давлату Ҳукумат аз фароҳам овардани чунин шароит омода кардани кадрҳои дорои донишу малакаи баланд аст, ки оянда тавонанд дар идораи умури давлатӣ ва Ватани азиз саҳмгузор шаванд. Зарурати истифодаи босамар аз ин дастгоҳу таҷҳизоти навтарин бо ташкилу баргузории дарсҳои амалӣ бештар таъкид гардид.
Синфхонаҳои таълими меҳнат, маҷлисгоҳ бо 180 ҷойи нишаст, ошхона, толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузоранд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти боз як муассисаи нави таълимӣ дар ноҳияи Балҷувон фосилавӣ оғоз бахшиданд.
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ум дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия аз ҷониби соҳибкор Рустам Муъминов сохта шудааст. Бо мунтазам зиёд гаштани шумораи хонандагон раванди таълим дар бинои қаблии дорои шаш синфхонаи садамавӣ мушкил шуда буд. Ҳамовозии шахсони ватандӯст бо сиёсати маорифпарваронаи Роҳбари давлат боис шуд, ки ин мушкили ҷиддии аҳолии деҳа бартараф гардад.
Бинои нави Муассиса бо истифода аз масолеҳи баландсифати ватанӣ ва бо тарҳи муосир сохта шудааст. Шумораи хонандагон дар маҷмуъ, 370 нафарро ташкил медиҳад, вале бо дар назар доштани зиёдшавии аҳолӣ, 16 синфхонаи муҷаҳҳаз барои ба таҳсил фаро гирифтани 960 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.
Синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва майдончаи варзишӣ имкони мусоид барои омӯзиши фанҳои гуногун ва ҳам машғул шудан бо тарбияи ҷисмонию варзишро фароҳам овардаанд.
Дар асоси дастури Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати омӯзгорон ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-ум дар ноҳияи Балҷувон бо сарулибоси ягонаи мактабӣ таъмин шуданд. Ин иқдом бозгӯ аз ғамхории Пешвои миллат ба соҳаи маориф ва талошҳои пайваста барои боло бурдани мақоми омӯзгор дар ҷомеа мебошад.
Муаррифии лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Балҷувон – Сари Хосор дар масофаи 54,1 километр
Дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи бунёди роҳи мошингарди дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Балҷувон – Сари Хосор шинос шуданд.
Роҳи мазкур яке аз лоиҳаҳои муҳими инфрасохтори нақлиётӣ дар минтақа ба шумор меравад. Амалӣ шудани ин тарҳ имконият медиҳад, ки алоқаи доимӣ ва босифати нақлиётӣ байни деҳаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Балҷувон то Сари Хосор таъмин гардида, шароити зиндагии аҳолӣ беҳтар шуда, имконияти иҷтимоиву иқтисодии минтақа густариш меёбад.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки лоиҳаи беҳтарсозии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор масоҳати умумии 54,1 километр ва паҳноии 10 метрро дар бар гирифта, ба ду қитъа – Қитъаи А 30 км ва Қитъаи Б 24,1 км ҷудо карда шудааст.
Сабаби ба ду қитъа ҷудо намудани роҳи лоиҳавӣ ба ҳаҷми зиёди корҳо ва мушкилии вобаста ба иқлим рабт дода мешавад. Корҳои лоиҳакашӣ ба анҷом расида, хулосаи мусбати экспертизаи давлатӣ низ гирифта шудааст.
Дар доираи лоиҳа, дар баробари навсозии роҳ, ҳамзамон, корҳои соҳилбандӣ, сохтмони пулҳо, лӯлаҳои обгузар, танбадеворҳо, ҷӯйборҳои канори роҳ, роҳҳои пиёдагард, насби деворҳои ҳимоявӣ ва хатти равшанидиҳӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Маблағгузории сохтмони роҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд анҷом меёбад.
Сарвари давлат зимни шиносоӣ бо лоиҳа таъкид доштанд, ки сохтмони босифату саривақтии роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор барои рафтуомади сокинон, самаранок истифода бурдани заминҳои кишт, истифодаи босамари ҷангалзор, ҷамъоварии ҳосили меваю сабзавот ва рушди соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Мавриди зикр аст, ки бунёди роҳи мошингарди Балҷувон – Сари Хосор дар ҷалби сайёҳони хориҷӣ, бунёди инфрасохтори сайёҳӣ ва рушди соҳа дар ин минтақаи баландкӯҳи кишвар, ки дорои табиати нотакрор ва назаррабо, олами ғании набототу ҳайвонот, шаршараю рӯдҳои хурӯшон, чашмаҳои шифобахш ва ёдгориҳои таърихӣ мебошад, заминаи устувор мегузорад.
Бояд тазаккур дод, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Балҷувон минтақаи сайёҳӣ эълон гардидааст, аз ин рӯ, сохтмони роҳҳои мошингарди ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба муаррифии захираю иқтидорҳои сайёҳии Балҷувон, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳони дохилию хориҷӣ ба ин минтақаи баландкӯҳи кишвар мусоидат менамояд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни муаррифии лоиҳа зикр карданд, ки рушди шабакаи роҳҳои маҳаллӣ яке аз самтҳои муҳими сиёсати созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, зеро роҳҳо на танҳо воситаи муҳим барои алоқаи мардуманд, балки заминаи рушду шукуфоии деҳот, густариши робитаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ низ ба ҳисоб мераванд.
Ифтитоҳи Муассисаи давлатии "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон" баъд аз таъмиру навсозӣ, иштироки Пешвои миллат дар барномаи адабӣ-фарҳангӣ
11-уми сентябр дар ноҳияи Балҷувон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи давлатии "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон"-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд.
Дар даромадгоҳи МД "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон" Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сокинони касбу кори гуногуни ноҳия ва аҳли илму фарҳанги вилояти Хатлон бо самимияту эҳтироми беандоза истиқбол гирифтанд.
Корҳои барқарорсозии қалъаи Балҷувон дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2019 оғоз гардида, бо сифати баланд ба анҷом расонда шудааст.
Ин макони таърихӣ дар рӯйхати иншооти буҷети маҳаллии вилояти Хатлон қарор дорад, дар баробари маблағгузории буҷети вилоятӣ, ҳамзамон, соҳибкорони маҳаллӣ низ дар таъмири он саҳм гузоштанд. Барои навсозии қалъаи Балҷувон аз ҳисоби буҷет 6 миллиону 322 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби соҳибкорон 17 миллиону 624 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ шудааст. Арзиши умумии навсозии иншоот 23 миллиону 946 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Иншооти мазкур яке аз ёдгориҳои таърихии ноҳия ба ҳисоб рафта, ҳамасола шумораи зиёди сайёҳони дохилию хориҷӣ аз он дидан менамоянд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо имкониятҳои Марказ таъкид намуданд, ки чунин муассисаҳо мактаби худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ буда, насли ҷавонро ба омӯзиши таърих ва арҷгузорӣ ба фарҳанги ниёгон ҳидоят месозанд.
МД "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон" бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба талаботи меъёрҳои меъморӣ навсозӣ шуда, имконият фароҳам меорад, ки таъриху фарҳанги ғании миллати тоҷик ба таври шоиста муаррифӣ гардад.
Марказ дорои толори калони намоишӣ, осорхонаи таърихӣ, китобхона ва гӯшаҳои махсуси фарҳанги миллӣ мебошад. Ҳар як гӯша бо ҳунари баланди меъморӣ ва тарҳи замонавӣ оро ёфта, таърихи қадимаву фарҳанги ғании мардуми тоҷикро инъикос мекунад. Дар осорхонаи ин мавзеъ намунаҳои нодири санъати дастӣ, нигораҳои қадимӣ, ашёи рӯзгори ниёгон ва асарҳои муҳаққиқону адибон ҷой дода шудаанд.
Пас аз шиносоӣ бо шароити Марказ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи адабӣ-фарҳангӣ, ки бо иштироки аҳли адабу ҳунар баргузор гардид, иштирок намуданд.
Сокинон ифтитоҳи МД "Маркази таърихию фарҳангии Балҷувон"-ро туҳфаи арзандаи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишвар дар рӯзҳои таҷлил аз 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки бо истифода аз ин имкониятҳо барои ҳифзу рушди фарҳанги миллӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ саҳм мегузоранд.
Ифтитоҳи ин Муассисаи фарҳангӣ дар ноҳияи Балҷувон гувоҳи равшани сиёсати созандаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.