Баргашт Чоп кардан

ХАТЛОН. МАҚСАДИ МО БЕҲТАРСОЗИИ ШАРОИТИ ЗИНДАГИИ МАРДУМ АСТ

Зимни сафари корӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба шаҳри Кӯлоб аз Муассисаи давлатии Ансамбли "Фалак"-и назди раёсати фарҳанги вилояти Хатлон боздид намуда, бо фаъолияти он шинос шуд.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бояд раванди кор дар сатҳи баланди касбӣ ба роҳ монда шуда, ҳунару маҳорати санъаткорон бештар рушд ёбад. Инчунин, зикр гардид, ки дар оянда, тибқи нақша, бинои Ансамбл таъмиру навсозӣ мешавад.
Дар идома Давлаталӣ Саид аз Муассисаи давлатии "Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ" боздид намуда, бо рафти корҳои таъмири болопӯши бино, вазъи хизматрасонӣ, шароити кории кормандон ва махзани китобхона шинос шуд. Ба иттилои масъулин, фонди китобхона 79 169 нусха китобро дар бар мегирад, ки аз ин шумора 13 279 нусха ба забони тоҷикӣ, 64 222 нусха ба забони русӣ ва 1668 нусха ба дигар забонҳо мебошад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки китобхона ҳамчун маркази маърифат ва худшиносии миллӣ бояд бештар мавриди таваҷҷуҳи ҷавонону наврасон қарор гирад. Зикр гардид, ки бинои китобхона пурра таъмиру навсозӣ шуда, барои пешбурди фаъолияти муназзам ва беҳтар намудани шароити хизматрасонӣ ба китобдӯстону хонандагон имкониятҳои бештар фароҳам оварда мешавад.
Сипас, раиси вилоят дар маҳаллаи Ориёнои шаҳри Кӯлоб толори варзишии сангбардориро мавриди истифода қарор дод.
Минбаъд дар ин толори варзиш сокинони маҳаллаҳои гирду атроф тамрин ва ба варзиши бадан машғул мегарданд.
Раиси вилоят Давлаталӣ Саид бо варзишгарон суҳбати самимӣ намуда, иброз дошт, ки аз чунин имкониятҳо истифода бурда, баҳри рушди соҳаи мазкур саҳми худро гузоранд.
Дар идомаи сафар дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб рӯзи қабули шаҳрвандон баргузор гардид, ки дар он роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ низ ҳузур доштанд.
Сокинон арзу муроҷиати худро, ки, асосан, ба бунёди муассисаҳои таълимӣ, сохтмони варзишгоҳ, насбу васли трансформатор, ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ барои оилаҳои ниёзманд ва дигар иншооти иҷтимоӣ вобаста буданд, ба роҳбарияти вилоят ироа карданд.
Давлаталӣ Саид ҷиҳати расидагӣ ба ҳар як муроҷиати сокинон ба масъулон дастурҳои мушаххас дод. Таъкид шуд, ки бо афзоиши аҳолӣ талабот ба мактаб, обу барқ ва муассисаҳои тиббӣ дар деҳоти Кӯлоб меафзояд ва барои ҳалли саривақтии ин масъалаҳо бояд чораҳои амалӣ андешида шаванд.
Раиси вилоят ба масъулон дастур дод, ки муроҷиати мардумро сари вақт ва бо масъулияти баланд баррасӣ карда, ба рушди иқтисоди маҳаллӣ, вусъати корҳои навсозиву ободонӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд. Ҳамзамон, барои ҷамъоварии ҳосил ва кишти такрорӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар анҷоми сафар зикр гардид, ки ҳадафи асосии роҳбарияти вилоят беҳтарсозии шароити зиндагии мардум ва таъмини қаноатмандии сокинон аз фаъолияти мақомоти маҳаллӣ мебошад.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"