Ӯ ҳам омӯзгор буду ҳам сароянда. Он нафароне, ки аз санъату ҳунари волои тоҷик огаҳӣ доранд, ӯро хуб мешиносанд. Ӯ бо хидматҳои камназиру шоистааш дар рушду нумӯи соҳаҳои санъату маорифи мамлакат нақши бузург дорад. Саҳми боризи ӯ дар хазинаи санъати миллӣ барҷаста аст. Саҳифаҳои ҳаёташ ибратбахшу рӯзгораш пандомез.
Иброҳим Кобулӣ Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, 10-уми июли соли 1926 дар ноҳияи Тоҷикобод, дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст.
Падараш Кобулӣ деҳқони одӣ, вале бохатту савод буд. Ӯ ба санъати мусиқӣ ва адабиёт рағбати зиёд дошт. Ана ҳамин тарбияи падар боис шуд, ки фарзандон бо вуҷуди зиндагии вазнин доштан, ба санъат шавқ пайдо намоянд. Кобулӣ ном гирифтани падараш ба хотири дӯстони кобулии бобояш аст.
– Ман 8-9-сола будам. Бародарам Борон ҳофизӣ мекард. Овози хуб дошт. Тамоми ашъори Абдураҳмони Ҷомиро аз ёд медонист. Дар тӯю маъракаҳои мардум суруд мехонд. Вақте 12-сола шудам, маро ҳамроҳаш ба тую маъракаҳо мебурд. Ман чанд суруди ӯро аз худ карда будам. Баъзан, навбатро ба ман медод. Бо дуторчаам сурудҳои азёдкардаамро мехондам. Ҳамин тавр, устоди аввалини ман дар роҳи санъат бародарам Борон аст, – гуфта буд Иброҳим Кобулӣ дар як мусоҳибаи телевизионӣ.
Мутаассифона, бародараш дар айни камолоти умр аз олам мегузарад.
Он замон Сафои Каҷбедӣ бо гурғулихониаш дар минтақа шуҳратёр буд. Ӯ ҳунарварии Иброҳими наврасро бахубӣ медонист. Бинобар ин, ӯро ба шогирдӣ пазируфт. Дар базму хурсандии мардум аввалӣ гурғулӣ мехонду дуюми ғазале аз фарзонагони шеъри порсӣ…
Аввали солҳои 40-ум дар шаҳри Душанбе (он вақт Сталинобод) чорабинии калони фарҳангӣ баргузор мешавад. Дар он аз тамоми гӯшаву канори кишвар ҳофизони бомаҳорат иштирок намуданд. Иброҳим Кобулӣ низ ба ин чорабинӣ даъват шуда буд ва бо сурудани ғазале аз Абдураҳмони Ҷомӣ мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирифт. Аз ин пас, ӯро ба тамоми чорабиниҳои пойтахт давъат мекарданд. Пас аз шиносоӣ бо Акашариф Ҷӯраев роҳи санъат барояш фаррохтар шуд.
– Иброҳим Кобулӣ тамоми сурудҳояшро бо як сетор мехонд, бо ҳамон оҳангҳояшро иҷро менамуд, ки ин аз истеъдоди худододиаш дарак медод. Бо овози хуб ва маҳорати баланди навозандагияш тавонист дар дили мардум ҷой гирад, – мегӯяд Ҳофизи халқии Тоҷикистон Файзалӣ Ҳасан.
Акашариф Ҷӯраев борҳо Иброҳим Кобулиро таклифи дар пойтахт зистанро мекунад. Аммо, бинобар бемории модараш, ӯ ин таклифро рад мекунад. Ӯ то охири умр дар деҳа зист. Миёни мардуми одӣ буд. Касбашро дӯст медошт. Меҳнати ҳалол мекард. Нонашро аз пешаи пуршарафи омӯзгорӣ мехӯрд. Иброҳим Кобулӣ зиёда аз чил сол омӯзгор кор карда, дар тарбияи насли наврас низ саҳми калон дорад.
Иброҳим Кобулӣ ду бор – солҳои 1957 ва 1964, дар даҳаи адабиёту ҳунари тоҷик дар Москва якҷо бо Акашариф Ҷӯраев ҳунарнамоӣ кардааст.
Сурудҳои Иброҳим Кобулӣ, асосан, аз ашъори Рӯдакию Ҳилолӣ, Ҳофизу Бедил, Ҷалолиддин Балхию Абдураҳмони Ҷомӣ мебошад. Тамоми рубоиёти Умари Хайёмро аз ёд медонист ва ба чандтои он оҳанг ҳам бастааст. Сабки Иброҳим Кобулӣ хосаву нотакрор мебошад. Сурудаҳои ӯ равзанаеро мемонад ба сӯи ирфону маърифат ва худшиносӣ...
Аввалҳои соли 90-ум Иброҳим Кобулӣ аз сурудхонӣ даст кашид, ба тӯю базмҳо намерафт. Касе сабабашро намедонист.
– Соли 1994 Ҷаноби Олӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Тоҷикобод омаданд. Он замон як фазои ноором буд. Пас аз мулоқот бо мардум, аз падарам мепурсанд, ки ба чанд даромадӣ? Падарам мегӯяд, ки ба синни ҳафтод. Он вақт раиси ноҳия Маҳмуд Идиев буд. Ҷаноби Олӣ ба раиси ноҳия супориш медиҳанд, ки ҳафтодсолагиашро ҷашн гиред... Баъди ин, падарам ҳамон сетореро, ки чанд сол боз чанг гирифта, дар кунҷе меистод, дубора ба даст гирифт ва то дами марг дар базму хурсандии мардум буд, – ба ёд меорад писараш Муҳаммадрасул Кобулӣ.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои шоиста дар рушди фарҳанги кишвар соли 1999 Иброҳим Кобулиро бо ордени Дӯстӣ қадр намуданд.
Имрӯз Иброҳим Кобулӣ миёни мо нест, лекин садояш дар дили мухлисону ҳунараш то абад побарҷост.
Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР,
«Ҷумҳурият»