ИНТЕЛЛЕКТ +
Рубрикаи «Интеллект +» охири ҳар моҳ ҷамъбаст гардида, иштирокчие, ки ба чор муаммо ҷавобҳои дуруст пешниҳод мекунад, бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ сарфароз мешавад. Инчунин, нафаронеро, ки саволу муаммо, мисолу масъала ва филворду кроссвордҳои ҷолиб пешкаш менамоянд, мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 300 сомонӣ интизор аст.
МУАММОИ «САМАРҚАНД»
АЗ ЧАП БА РОСТ:
1. Шаҳр дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон 6. Ҷумҳурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ 8 Як шакли ифодаи мафҳуми «асосан» 11. ***ов, исми хонаводагии нависанда Борис Полевой 12. Қаҳрамони асосии филми «Бандии Қафқоз» 13. Чӯбҳои баҳамбаста, ки барои гузаштан аз дарё ба кор мебаранд 15. Шакли дигари «кифоя» 16. Узви инсон ва ҳар махлуқи дигар 19. Ҳудуди муайян 20. «***, ки куҳан буданду онон, ки наванд» (Хайём) 21. Асбоби мусиқӣ.
АЗ БОЛО БА ПОЁН:
2. Дарё дар Осиёи Миёна 3. Қаҳрамони «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ. 4. Амалеро махсус, дидаю дониста ба иҷро расондан 5. Истилоҳи илми физика ва математика 7. Исми мардонаи тоҷикӣ 8. Ҷавоне, ки ҳанӯз риш набаровардааст, бериш, содарух 9. Муқаддасоти миллӣ 10. Хеле бақувват, сахттаркиб 14. Ҷойи баҳамдӯхташудаи қисмҳои либос 15. Нодон, аблаҳ, аҳмақ. 17. Боғи тамошо бо забони русӣ 18. ***ӣ гуфтан, пажвок.
Мураттиб Ҳотами ҲОМИД, рӯзноманигор
ҶАВОБИ МУАММОИ «ИРФОН»:
Аз боло ба поён:
2. Одам. 3. Овоз. 5. Аҳсан. 6. Андоз.
7. Монда. 8. «Ирфон». 10. Гана.
11. Амон.
Аз чап ба рост:
1. Ломоносов. 4. Самара. 7. Маориф.
9. «Одина». 12. Андарз. 13. Арманӣ.
14. Паҳлавонӣ.
Масъули рубрика
Ш. ШОКИР
Бо мо ҳамкорӣ намоед!
Телефон: 238-53-82
ҶИЛВАИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ДАР БУРҶИ «ОЗОДӢ» ВА ШАРШАРАИ НИАГАРА
Тавре сомонаи asiaplus.tj хабар медиҳад, шоми 9-уми сентябр ба ифтихори 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар бурҷи «Озодӣ»-и Теҳрон барои як соат Парчами кишвари мо дурахшид.
Дар он вақт Суруди миллии Тоҷикистон низ садо дод. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе бо нашри як видео хабар додааст.
Инчунин, дар ин рӯз шаршараи Ниагара низ ба ифтихори 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо рангҳои Парчами Тоҷикистон мунаввар шуд.
Ёдовар мешавем, ки солҳои 2023 ва 2024 низ ба ин муносибат шаршараи Ниагара бо рангҳои Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мунаввар гардида буд.
Таҳияи Сайфулло АШУРОВ
ҚАҲРАМОНМОДАРИ ТАНҲО
Мариам Набатанзи аз Уганда (Африқо) яке аз серфарзандтарин бонуи олам ба ҳисоб меравад. Ӯ соҳиби 44 фарзанд мебошад.
Солҳои гуногун Мариам чор маротиба чоргоник, панҷ маротиба сегоник ва шаш маротиба дугоник ба дунё овардааст. Даҳтои онҳо духтар буда, боқимондаҳояшон писаранд. Калониаш 24 сол дошта, хурдтаринаш ҳамагӣ дусола мебошад.
Дар ҳоле ки шавҳар тарбияи кӯдаконро бар дӯш гирифтан нахост ва оиларо тарк кард, Мариам мардонавор барои нигоҳубини оилаи бузургаш фурӯши гиёҳҳои шифобахш, ороиши тӯйхонаҳо ва дигар корҳоеро, ки бо онҳо метавон рӯзгорро таъмин сохт, пеш гирифт.
– Ман аз ягон коре, ки зиндагиро пеш мебарад, рӯй намегардонам, зеро фарзанд доди Худост. Аз ин рӯ, то ҷон дар рамақ дорам, мекӯшам, ки фарзандонам аз чизе танқисӣ накашанд, – мегӯяд зани баномуси угандӣ.
Таҳияи Кароматулло АТО
МОҲИГИР ВА ТОБА
Боре моҳигирон нафареро диданд, ки паси ҳам моҳӣ медошту аксариятро раҳо мекард.
Дар дасташ ҷадвале буд, ки бо он ҳар моҳиро чен менамуд ва агар сайдаш аз 15 сантиметр дарозтар мешуд, онро баргашта ба кӯл меандохт.
Моҳигирон аз ин амали ӯ ҳайрон шуда, пурсиданд, ки чаро моҳиҳои калонро раҳо мекунад.
Мард оромона ҷавоб дод, ки андозаи тобааш ҳамагӣ 15 сантиметр асту моҳии калон дар он намеғунҷад.
Таҳияи Кароматулло АТО
БОВАР НОКАРДАНИСТ, АММО...
ҲИКМАТИ ЯК АМАЛИ УСТОД
Аксарият дар бораи мураббиёни Искандари Мақдунӣ (Александр Македонский) шунидаем. Ҳатто медонем, ки яке аз баобрӯтарини онҳо устоди сухан Анаксимен буд. Бале, ҳамон таърихдони римие, ки аз муҳаббат ба Искандари наврас номи нахустин китоби худро «Риторика барои Искандар» гузошта буд.
Аз қазо, дар авҷи забткориҳои ҳалокатбораш Искандар ба шаҳри Лампсак наздик мешавад. Ба қасди он ки, сокинони онро барои дӯстияшон бо форсҳо сар аз тан ҷудо кунад. Мардум ҳама назди устоди Искандар Анаксимен, ки сокини ҳамин шаҳр буд, додхоҳӣ мераванд. Искандари айёр, ки инро пешакӣ медонист, ба тамоми овоз ҷор мезанад: «Қасам мехӯрам, ки ин дафъа ман ба суханҳои маонии ту дода намешавам ва хоҳишҳоятро низ иҷро намекунам…».
Анаксимен чун хислати шогирдашро хуб медонист, чунин мегӯяд: «Шоҳам, барои ман як хизмат кун: зану кӯдакони шаҳрро ба ғуломӣ бифурӯш; шаҳрро ба харобазор мубаддал кун ва масҷиду мадрасаҳоро оташ бизан…».
Бовар нокарданист, вале далел аст, ки бо чунин як амали ғайриодӣ устоди сухан шаҳрро аз нобудиву мардумро аз марг наҷот медиҳад, зеро Искандари бузург барои он ки қасами худро нашиканад, ҳар се хоҳиши устодашро иҷро накард. Дар натиҷа, ҳам шаҳру ҳам мардуми он аз нобудӣ раҳо шуданд. Воқеан, дертар сокинони Лампсак дар назди дарвозаи шаҳр ҳамчун нишони эҳтиром пайкараи суханвар Анаксименро гузоштанд.
Аз русӣ тарҷимаи С. РАҲМОНЗОДА
ВАРЗИШҲОИ ҒАЙРИОДӢ
ПАРКУР ТЕГ
Паркур Тег як далели дигаре дар бораи он аст, ки чӣ гуна бозии кӯдакона метавонад ба варзиши воқеӣ табдил ёбад. Ҳамааш соли 2015 туфайли идеяи Кристиан Видои бритониёӣ амалӣ гардид. Ҳангоми бозӣ бо писараш, фикри бозии паркур пайдо шуд. Видо дар боғи худ лабиринти монеаҳои гуногунро ба вуҷуд овард. Онро бо кумаки варзишгарони касбии паркур такмил дод ва роҳҳо душвортар шуданд.
Аввалин мусобиқаи Паркур Тег дар Лондон соли 2016 баргузор шуд. Мусобиқа ҳам қувваозмоиҳои инфиродӣ ва ҳам даставиро дар бар гирифт.
Дар сабқати инфиродӣ ду варзишгар дар майдони бо монеаҳои гуногун печида бо ҳам рақобат мекунанд. Вазифаи якеаш аз он аз иборат аст, ки дар 20 сония ба рақиб расад, дигарӣ бошад, бояд гурезад ва нагузорад, то ҳариф ӯро дастгир кунад (мисли суркунакони тоҷикӣ). Мусобиқаи даставӣ намоиши ҷуфтиро дар бар мегирад.
Таҳияи У. САФАРАЛӢ
СЕРНУФУСТАРИН ШАҲРҲОИ ДУНЁ
Чуноне аз маълумоти охирини сомонаи wikipedia.org бармеояд, айни замон сернуфустарин шаҳри олам пойтахти Ҷопон – Токио мебошад: аҳолии он 37 миллиону 785 ҳазор нафар аст.
Дар ҷойҳои дуюму сеюм шаҳрҳои Ҷакарта (пойтахти Индонезия, 35 миллиону 386 ҳазор нафар) ва Деҳлӣ (Ҳиндустон, 31 миллиону 190 ҳазор нафар) қарор доранд.
Аз ҷиҳати зичии аҳолӣ бошад, мақоми аввалро пойтахти Бангладеш – Дакка (19 миллиону 134 ҳазор нафар, масоҳат 619 километри мураббаъ) мегирад. Зичии аҳолии он дар 1 километри мураббаъ 30 ҳазору 911 нафарро ташкил медиҳад.
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО
НОБИҒАҲОИ ТИББИ ҶАҲОН
10 нафаре, ки дар соҳаи тиб таҳаввулот карданд
3. Николай Пирогов
(1810 – 1881)
Николай Пирогов, асосгузори ҷарроҳии ҳарбӣ – саҳроӣ, тибро аз клиникаҳо ба майдони ҷанг овард ва бо ин амалаш фармондеҳонро водор кард, ки ҳаёти сарбозонро азиз доранд. Ӯ ҳамчун профессори Академияи тиббӣ-ҷарроҳӣ ихтиёран ба артиши амалкунанда рафт ва аввалин шуда, дар шароити саҳроӣ эфири наркозро истифода бурд.
Дар натиҷаи чунин ташаббуси Николай Пирогов, ҳалокати захмбардоштагон даҳҳо маротиба коҳиш ёфт ва онҳо аз беморхонаҳо ба таври оммавӣ ба сафи худ бармегаштанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
НИМШӮХИВУ НИМҶИДДӢ
БРАМС
Боре аз оҳангсози номвар Брамс пурсиданд:
– Устод, чаро доим оҳангҳои маҳзун менависед? Як бор кӯшиш кунед, ки сурудҳоятон шӯх бароянд.
– Кӯшиш мекунам, – мегӯяд Брамс.
Воқеан, баъди чанд рӯз оҳангсоз асари навашро бо унвони «Шодикунон ман ба қабр меравам» муаррифӣ мекунад.
Аз русӣ тарҷимаи Ф. РАҲМОНЗОДА
ИЛОҶИ ДАРДИ ФАРБЕҲӢ
Боре марди ниҳоят фарбеҳ, ки дар танбалӣ низ ном бароварда буд, аз табиби номдори рус Боткин мепурсад:
– Илоҷи харобшавии маро медонед?
– Медонам, – мегӯяд табиб, – кӯшиш кунед бо заҳмати худ дар як шабонарӯз 1 рубл пайдо намоед ва танҳо ҳамин маблағро сарфи ишкам созеду то фардои дигар қаноат кунед.
Таҳияи Ҳалима РАҲМОНЗОДА
ЛЮИС ҲЭМИЛТОН
Люис Ҳэмилтони бритониёӣ, ронандаи Формула 1, узви дастаи «Феррари» чемпиони ҳафткаратаи ҷаҳон мебошад.
Ҳэмилтон аввалин ронандаи Формула 1 дар таърих аст, ки беш аз 100 ғалаба ба даст овардааст. Ӯ, инчунин, нахустин ронандаи сиёҳпӯсти Формула 1 мебошад. Дар мавсими аввали ҳунарнамоӣ дар Формула 1 Ҳэмилтон рекордҳои зиёд гузошт, аммо соли дигар қаҳрамон шуд.
Ӯ соли 2014, тибқи фарзияи BBC (Би-би-си), варзишгари сол эътироф гардид. Соли 2020 рекорди Михаэл Шумахерро такрор карда, 7 бор унвони чемпиониро ба даст овард.
Интизор меравад, ки Люис Ҳэмилтон соли 2025, дар маҷмуъ, наздики 100 миллион доллари ИМА фоида мебинад.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
RAMOJI FILM CITY – КАЛОНТАРИН МАҶМААИ СИНАМОИ ОЛАМ
Соли 1996 бо ибтикор ва эҳтимоми кинопродюсер Рамоҷи Рао дар наздикии пойтахти иёлати Телангана – шаҳри Ҳайдаробод (Ҳиндустон), маҷмааи синамои Ramoji film city қомат афрохт, ки ҳамчун калонтарин киностудияи ҷаҳон вориди «Китоби рекордҳои Гиннесс» шудааст.
Маҷмаа дар масоҳати 674 гектар доман густурда, дорои беш аз 500 қитъаи замин ва наздики 50 павилёни наворгирии филм мебошад.
Тавре зикр мегардад, маҷмааи Ramoji film city-ро ҳар сол беш аз 1,5 миллион сайёҳ тамошо мекунад, ки ин ба хазинаи давлат миллионҳо рупия фоида меоварад.
Аз русӣ тарҷимаи Нушофарин АБДУЛЛОЗОДА
ИШТИБОҲ ДАР ТАВАЛЛУДХОНА
Дар Ҷопон марде баъд аз гузарондани санҷиши ДНК дар синни 60-солагӣ фаҳмид, зане, ки ӯро ба воя расондааст, модари аслиаш нест. Яъне, ӯ соли 1953 дар таваллудхона иштибоҳан бо дигар кӯдак иваз шудааст. Ба ҷои он ки дар оилаи сарватманди волидони аслиаш ба воя расад, умри худро бо модари танҳо дар фақр гузарондааст. Бинобар ин, мард соли 2013 таваллудхонаро ба додгоҳ кашид ва ба маблағи 32 миллион иен (тақрибан 313 ҳазор доллари ИМА) ҷуброн гирифт.
Таҳияи Наргис АТОЕВА
ВИҶДОН ЧИСТ?
– Қобилияти эътироф кардани сифати амал;
– эҳсосе, ки касро ба ростиву некӣ бармеангезад ва аз ботил ва бадӣ дур мекунад;
– ишқи беихтиёр ба некӣ ва ростӣ;
– ҳақиқати модарзод дар дараҷаҳои гуногуни инкишоф мебошад.
Таҳияи М. ОДИНАЕВА
ПЕЧУТОБҲОИ ЗИНДАГӢ
Зани камбағале бо шавҳараш мас-каи доирашакли 1 килограмма омода карда, ба як мағоза мефурӯхтанд ва аз ин ҳисоб рӯз мегузаронданд.
Пас аз муддате, баққол ба вазни маска шубҳа намуд ва қарор кард, то онро баркашад. Маълум шуд, ки вазни ҳар кадомаш на як кило, балки 900 грамм будааст. Ин фурӯшандаро хеле хашмгин кард.
Рӯзи дигар, ки шавҳари зан ба мағоза маска овард, баққол бо асабоният гуфт: “Дигар маскаатонро ба ман наёр! Шумо гуфта будед, ки онҳо як кило вазн доранд, аммо онҳо 900-граммӣ ҳастанд. Ман дигар фиреб хӯрдан намехоҳам!”.
Марди бечора сарашро хам карда, гуфт: “Мо дар хона тарозу надорем. Ману занам маскаро ба андозаи як кило шакар чен мекардем, ки аз шумо харидаем”.
Таҳияи С. УМАРАЛӢ
АТРИ ОШӢ
Дар Ҷопон истифодаи атриёт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ манъ аст. Ҳатто бӯйи аз ҳама атри гаронбаҳо метавонад боиси норозигӣ шавад, зеро ин маънои беэҳтиромӣ нисбат ба дигаронро дорад. Аз ин рӯ, ҷопониҳо, ба истеҳсоли атрҳои ошӣ пардохтанд.
Атрҳои ошӣ аз капсулаҳо (маҳлулҳо)-и дорои равғани садбарги табиӣ иборатанд. Дар натиҷаи фурӯ бурдани яке аз ин капсулаҳо, пас аз муддате пӯсти одам бӯйи гуворо пайдо мекунад. Ин атри ивазнашаванда эҳсоси тароват медиҳад ва бӯйи арақро рафъ месозад.
Таҳияи Оҳистамоҳ ВАФОБЕК
ДАЛЕЛҲОИ ҶОЛИБ ДАР БОРАИ ФУТБОЛ
Ҳамлагари португалии бошгоҳи “Ан-Наср”-и Арабистони Саудӣ, яке аз футболбозони машҳури ҷаҳон Кристиан Роналдо аввалин футболбоз дар таърих шуд, ки дар чаҳор бошгоҳи мухталиф ва тими миллӣ 100 ва беш аз он гол задааст. Ҳамлагари 40-сола дар бозии ниҳоии Суперҷоми Арабистони Саудӣ ба дарвозаи «Ал-Аҳлӣ» зарбаи пеналтиро ба самар расонд, ки голи 100-уми ӯ дар ҳайати бошгоҳи «Ан-Наср» шуд.
Ҳамин тавр, Роналду зимни бозӣ дар ҳайати “Реал Мадрид” 450 гол, “Манчестер Юнайтед” 145, “Ювентус” 101 ва “Ан-Наср” 100 гол задааст. Роналду дар ҳайати тими миллии Португалия 140 тӯб ба дарвозаи рақибон ворид кардааст, ки айни замон беҳтарин натиҷа ба ҳисоб меравад.
Аз русӣ тарҷимаи Иброҳими САЙФУЛЛО
ROLLS-ROYCE MOTOR CARS
Ширкати автомобилсозии Rolls-Royce Motor Cars (Англия) яке аз машҳуратин корхонаҳои мошинсозии олам буда, соли 1904 аз ҷониби Сэр Фредерик Ҳенри Ройс ва Чарлз Стюарт Роллс таъсис меёбад.
Боиси тазаккур аст, ки ширкат, асосан, автомобилҳои гаронбаҳоро истеҳсол менамояд. Аз ҷумла, навъи Rolls-Royce La Rose Noire Droptail гароннархтарин мошини ҷаҳон буда, арзишаш 32 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Аз он соли 2023 ҳамагӣ 4-то истеҳсол шудааст.
Таҳияи Далер ИБРОҲИМЗОДА
15 ҒОРИ ҶОЛИБТАРИН ДАР ҶАҲОН
6. ҒОРИ КРИСТАЛЛҲО (МЕКСИКА)
Ғори кристаллҳо, ки бо номи "Ғори Найка" маъруф аст, ба кони зеризаминии Найка дар умқи 300 метр дар шимоли Мексика пайваст мебошад.
Дар ин ҷо кристаллҳои селенити табиӣ (як навъи гаҷ) мавҷуд аст, ки дар ягон ғори зеризаминии ҷаҳон дида намешаванд. Чуноне гуфта мешавад, онҳо зиёда аз 250 000 сол пеш пайдо шудаанд.
Таҳияи Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
ҲУШДОР!
Имлои забони англисӣ махсусиятҳои худро дорад. Он чунон печидаву норӯшан аст, ки, ҳатто, миёни худи мардуми англис мақоли зерин маъруф мебошад: «Ливерпул навишта шавад ҳам, Манчестер хонда мешавад».
Таҳияи Ш. АБДУЛЛО