Баргашт Чоп кардан

Омодагии пурраи неругоҳҳои «Норак» ва «Бойғозӣ» ба давраи зимистон

Мутахассисони НБО «Норак» барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026 ва дар фасли зимистон таъмин намудани хоҷагии халқи мамлакат бо барқи хушсифат корҳои омодагӣ ва таъмири ҷориро мувофиқи нақша мегузаронанд.
То имрӯз мутахассисон корҳои навсозии гидроагрегати ҳафтум ва таъмири ҷории баъзе механизмҳои онро ба анҷом расонданд.
Техника ва дизелгенераторҳои НБО "Бойғозӣ" низ дар ҳолати корӣ қарор доранд. Дар ин бора ба хабарнигори минтақавии мо хабар дод.
Рушди соҳаи гастроэнтерология ва гепатология
Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Вазъи воқеӣ ва дурнамои рушди гастроэнтерология ва гепатология» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор шуд.
Ба хабарнигори мо дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иттилоъ доданд, ки дар ҳамоиш масъалаҳои паҳншавии гепатитҳо дар байни аҳолӣ, тартиб додани харитаи паҳншавии гепатитҳои В, С, Д ва генотипҳои он дар ҷумҳурӣ, коркарди регистри ягонаи беморони гепатитҳои музмини вирусӣ мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Ашқобод баргузор гардид, иштирок намуданд.
Аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ба «Ҷумҳурият» иттилоъ доданд, ки Форум бо мақсади таҳкими равобити дӯстӣ ва ҳифзи роҳу абзорҳои пойдории сулҳу ваҳдат бо иштироки намояндагони ҷавони кишварҳои Осиёи Марказӣ доир гардид.
ТОҶИКИСТОН ВА АМРИКО
Тақвияти ҳамкориҳо дар самти таҳдидҳои замони муосир
Масъалаҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқӣ байни Тоҷикистон ва Амрико зимни мулоқоти Прокурори генералӣ Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири фавқулода ва мухтори ИМА дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер баррасӣ гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунии ҳамкории дуҷонибаро муҳокима карда, барои рушди минбаъдаи он изҳори омодагӣ намуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ, инчунин, мубодилаи таҷриба ва иттилоот оид ба мушкилот ва таҳдидҳои муосир дода шуд.
Баррасии масъалаҳои пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсон
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо намояндаи Финландия дар Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо хонум Терҳи Хакала вохӯрд.
Зимни он ҷонибҳо масъалаҳои пешбурди ҳифзи ҳуқуқи инсонро дар самтҳои таъмини ҳимояи ҳуқуқҳои шахсони маъюб, ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва духтарон, баробарии гендерӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ректори Академияи дипломатии байналмилалии Тунис
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Тунис Акрам Каримӣ (бо қароргоҳ дар шаҳри Риёз) бо ректори Академияи дипломатии байналмилалии Тунис Риёз Дурайдӣ мулоқот анҷом дод.
Тавре Сафорати ҷумҳурӣ дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад, дар мулоқот масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак, аз ҷумла ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти бозомӯзии кадрҳои дипломатӣ, баррасӣ шуданд.
Вохӯрии роҳбарони идораҳои хизматрасонии аэронавигатсионии Авруосиё
Даҳаи аввали моҳи сентябр дар шаҳри Алмаато вохӯрии роҳбарони таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар минтақаи Авруосиёи CANSO – «Third CANSO Euro-Asia ANSP’s CEO Summit» баргузор гашт.
Тавре ба хабарнигори мо аз КВД «Тоҷикаэронавигатсия» иттилоъ доданд, дар ҷаласа самтҳои калидии рушди соҳа, аз ҷумла амалӣ намудани системаи идоракунии гардиши ҳаракати ҳавоӣ (ATFM) ва мубодилаи маълумот дар минтақа баррасӣ гардиданд.