Соҳаи энергетика дар рушду тараққии Тоҷикистон нақши муҳим дорад. На танҳо рушди иқтисодӣ, балки сифати зиндагии ҳар як шаҳрванд ба истеҳсоли устувори неруи барқ вобаста аст. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хос дорад. Ин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2025 дар соҳаи энергетика як қатор рӯйдодҳои муҳим ба амал омаданд.
Баистифодадиҳии хатти интиқоли барқи 500 кВ “Датка – Суғд”
31-уми марти соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қирғизистон Садир Жапаров хатти интиқоли барқи 500 кВ «Датка – Суғд»-ро, ки ду кишвари Осиёи Марказиро мепайвандад, расман ба истифода доданд.
Дар раванди татбиқи лоиҳаи CASA-1000 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иншооти зерин сохта шудаанд:
- Хатти интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи «Датка» дар Ҷумҳурии Қирғизистон то зеристгоҳи «Суғд-500» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарозии тақрибан 480 км.
- Хатти интиқоли барқи 500 кВ аз зеристгоҳи «Регар-500» то зеристгоҳи конвертории «Сангтӯда» бо дарозии 115 км дар ҷануби Тоҷикистон.
«Сангтӯда» на танҳо аввалин зеристгоҳи конвертерӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ, балки бузургтарин истгоҳи конвертерӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.
НБО «Себзор»
Неругоҳи барқи обии «Себзор» 26-уми июни соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоот аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад. Технологияи насбшуда дар НБО «Себзор» имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 миллион кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳ имкон фароҳам овард, ки дар ВМКБ истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад.
Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал»
Зеристгоҳи барқии 110/35/10 кВ «Ҷангал» дар ноҳияи Рӯшон 26-уми июни соли равон аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд.
Зеристгоҳи барқии мазкур барои интиқоли 8 мегаватт неруи барқ ба ноҳияҳои Рӯшон, Ванҷ ва Дарвоз пешбинӣ шудааст. Дар он ду трансформатори иқтидори ҳар кадомаш 4 ҳазор киловолт-ампер насб гардидааст. Зеристгоҳ ба таври фосилавӣ аз шаҳри Хоруғ идора карда мешавад.
4 неругоҳи хурди барқи обӣ ва 2 офтобӣ
Дар ин давра неругоҳҳои барқи обии хурди «Ёгед» (276 кВт, Дарвоз), «Равмед» (100 кВт), «Аҷирх» (50 кВт), «Миденчид» (25 кВт, ҳама дар Рӯшон), инчунин, неругоҳҳои барқи офтобии «Аличур» (2,8 МВт, батарея 1,4 МВт соат), «Гулзор» (450 кВт, батарея 220 кВт соат, ҳар ду дар Мурғоб) ба истифода дода шуданд.
Неругоҳи барқи обии хурди «Ёгед» бо маблағи 4 миллиону 160 ҳазор сомонӣ сохта шудааст. Неруи барқи аз он тавлидшуда 121 хоҷагии деҳаи Ёгеди ноҳияи Дарвозро бо “неруи сабз” таъмин мекунад.
Неругоҳҳои дигар дар водии Бартанги ноҳияи Рӯшон ҷойгиранд. Неругоҳи «Равмед» 71 хоҷагии деҳаи дурдасти Равмедро дар ҳама фасли сол бо неруи барқ таъмин мекунад.
Неругоҳи барқи обии «Аҷирх» барои бо барқ таъмин намудани 30 хоҷагии деҳаи Аҷирх пешбинӣ шудааст.
Сайфулло АШУРОВ, “Ҷумҳурият”