Армуғонӣ ба шоир Абдулқодири Раҳим
Оқилон донанд қадри дӯстро,
Офтоби Меҳру Бадри дӯстро.
Бурдани бори амонатро ба дил,
Ҷустани зар аз даруни обу гил.
Дар шабони тира машъал сохтан,
Ҷон харидан, ҷони худро бохтан.
Аз бузургон ҳар кӣ дарс омӯхтаст,
Ҷони худро бо сухан афрӯхтаст.
Лаъл аз кони хирад гар чидааст,
Неку бадро хуб ӯ санҷидааст.
Қуллапаймои хирад будан чу нур,
Аз басе монеаҳо кардан убур.
Оташи инсонгарӣ афрӯхтан,
Решаи кину адоват сӯхтан.
Дар вафо будан чу Айнӣ устувор,
Баҳри миллат ҷони худ кардан нисор.
Роҳ ҷустан сӯйи дилҳо бо маром,
Дарси ҳақ аз пешвоёни киром.
Риштаи меҳру вафоро бофтан,
Бо матои ҳилми хеш оростан.
Ҳосили ранҷ аст номи нек ҳам,
Бошад ӯ шоистаи табрик ҳам.
Ёри содиқ буд кам дар рӯзгор,
Гарчи ёрони забонӣ бешумор.
Ман чу кардам васфи ӯ, ҳар кас шунид,
Аз сари ҳар байт меояд падид.
Рӯзгорат бод неку дилписанд,
Шоири хубу рафиқи арҷманд!
Кароматуллоҳи ОЛИМЗОДА, академики АМИТ