Баргашт Чоп кардан

КИТОБИ ЗИНДАРО БУРДАНД...

(Оҳу дареғ дар марги устоди азиз Абдулқодири Раҳим)
Якчанд китобаш монд,
Дар гӯш хитобаш монд.
Сад пурсиши мо дар дил
Бе ӯву ҷавобаш монд.
Маъсум табассум дошт,
Бас лутф ба мардум дошт,
Хам буд сараш доим,
Ӯ одати гандум дошт.
Бо ҳар кӣ саломе дошт,
Ҳам тоза каломе дошт.
Ҳар субҳ зи Мавлоно,
Пайғому паёме дошт.
Ҳам нарм сухан месуфт,
Ҳам гарм сухан мегуфт.
Бо номи Худо мерафт,
Бо зикри Худо мехуфт.
Хонаш буда аз коғаз,
Нонаш буда аз коғаз,
Ҳай рафт сабук аз хок,
Ҷонаш буда аз коғаз.
На нозу ғурураш буд,
Фархунда шуураш буд.
Як ҷазбаи раббонӣ,
Бешубҳа, ки нураш буд.
Сарвақти салимӣ дошт,
Сад панди қадимӣ дошт.
Дар гавҳари чашмонаш
Сад доғи ятимӣ дошт.
Як мушт агар дил дошт,
Як мушт агар гил дошт.
Пайванд ба номи нек
Пайкор ба Бедил дошт.
На аҳли рикобе буд,
Ҷӯяндасавобе буд.
Аз хониши бисёраш
Ӯ зинда китобе буд.
Якчанд китобаш монд,
Дар гӯш хитобаш монд.
Дар дидаи мо имрӯз
Тобуту шитобаш монд...
Бузургмеҳри БАҲОДУР, “Ҷумҳурият”