Баргашт Чоп кардан

АЗ ПАЙИ “ПАДАР” РАФТ...

ДАР СӮГВОРИИ УСТОДИ СУХАН АБДУЛҚОДИРИ РАҲИМ
Абдулқодири Раҳим 17-уми январи соли 1961 дар деҳаи Кафтархонаи ноҳияи Восеъ зода шуд. Аз Кафтархона ба даргоҳи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон парвоз кард:
Зи Кафтархона чун кафтар расидӣ,
Ба дастат хомаву дафтар расидӣ.
Бале, ӯ кабӯтари маъсумро мемонд, аз шӯру шари шаҳр ноогоҳ, камгапу ботаҳаммулу оромтабиат буд. Ин хӯю хислати ӯро дида, ҳатто пайвандонаш ба ояндаи равшанаш бо чашми шубҳа менигаристанд.
Аммо кӣ медонист, ки Абдулқодири Раҳим дигар ин шаҳри дилоро – пойтахти Ватани азизро барои тамоми умр манзили зист қарор додаву чун шоир, нависанда, рӯзноманигор, омӯзгор ва донишманд дар тамоми ҷумҳурӣ шинохта мешавад. Балки бо донишу фаросат, одобу ахлоқ ва ҳофизаи фавқулодаи худ устодони бузурги забону адаби Донишгоҳро дар ҳайрат мегузорад.
Воқеан ҳам, агар кас ӯро медид, ҳеҷ гумон намекард, ки вай дар ишқ Фарҳод, дар шикастани тилисмҳои зиндагии фиребо Эраҷ асту дар сидқу сафо Юсуфи канъонӣ. Ӯ аз камтарин равшанфикрони мо буд, ки дар тоза кардани ботин, дар рондани деву дади инсонӣ солҳо боз муборизаи беамон дошт. Дар ин ҷода пайравии Мавлоноро мекард. Аз рӯзе, ки худро дар ҳастӣ ва ҳастиро дар вуҷуди хеш ташхис дод, ӯ муаллим буд, муаллими ахлоқ.
Аз кӯдакӣ Ҳофизу Бедил мехонд… Не-не, на танҳо мехонд, балки осори ирфонии бузургмардони олами маониро пора-пора ҳифз мекард. Аз ҳар як шоири классик садҳо ғазалу рубоӣ азёд медонист. Ашъори шӯрангези Иқболро қариб пурра ҳифз карда буд. Дар суҳбаташ агар биншинед, се-чор ҷумла мегуфту гуфтаашро ҳатман бо як шоҳбайт ё рубоии бузурге муҳри тасдиқ мезад. Бо инобати ана ҳамин истеъдоди худододӣ, ӯро як зумра азизон бо лутф «Абдулқодири Бедили сонӣ» ҳам мегӯянд.
Дар мавриди зиндагиномаи шоир чӣ ҳам гӯем, ки зиндагии ӯ аз эҷодиёти ӯ ва офаридаҳояш аз рӯзу рӯзгорони ӯ ҷудо набудааст. Нахуст, соли 1984 корро аз телевизион оғоз кард. Бисёр талош варзид, то ки "ойинаи нилгун" ба ойинаи ибрат, ойинаи одобу ахлоқи ҳамида ва маърифати одамони бешумор табдил ёбад. Дар ин ҷода корҳои анҷомдодаашро то ҳанӯз собиқадорони телевизион нақл мекунанд.
Муаллим буд. Шогирдони зиёдеро аз ин минбари бузург тарбият додаву дар камолоти маънавияшон саҳм доштааст. Омӯзгории Абдулқодири Раҳим аз мактаби рақами 29-уми ноҳияи Нуробод оғоз мегирад. Устод аз ин ноҳияи кӯҳистон қиссаҳои бешумор дорад. Дар ҷодаи таълиму тарбия низ аз зовияи имону адолат кор гирифт. То ҳол мардуми бедори Нуробод аз ӯ ба некӣ ёд мекунанд. Муаллим буд, муаллим монд. Расо бист соли ахир фориғ аз кори рӯзноманигорӣ дар Коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи Партов Бӯйдоқов ба шогирдон дарс гуфту дар дили ҳазорон донишҷӯ барои ҷовидонӣ маскан гирифт.
Аҷиб аст, ӯ донишу заковати худододашро ҳар замон ба намоиш намегузошт. Танҳо дар ҳассостарин лаҳзаҳо, дар лаҳазоте, ки ҳақиқат зери пардаҳо мемонад, ҳақиқат аз дасти ду-се худкома буғранҷ мешавад, ба баҳс ҳамроҳ мешуд, зеро Мавлоно ҳам фармуда:
Чу мебинӣ, ки нобинову чоҳ аст,
В-агар хомӯш биншинӣ, гуноҳ аст!
Фаъолияти рӯзноманигории устоди сухан Абдулқодири Раҳим дар зодгоҳаш, дар ҷаридаи «Мубориз»-и ноҳияи Восеъ сар шудааст. Баъдтар бо даъвати роҳбарияти вақти маҷаллаи он замон машҳури «Фарҳанг» ба Душанбе ба кор омаду қаламро алам кард. Аз ҳамин маҷалла ному нишон ва имзои ӯро аҳли зиё бештар шинохтанд. Азбаски андар хатти порсӣ ва забони тоҷикӣ-порсӣ тасаллут дошт, матлабу ашъореро пешниҳоди хонанда мекард, ки интишори он дар замони шуравӣ мамнуъ буд. Яъне, ӯ чун адиб қолабшиканӣ ва ҷонҳоро аз пайки хирад саршор мекард.
Ба идораи рӯзномаи бонуфузи кишвар – «Ҷумҳурият» соли 1993 омад ва давоми ҳаёташро ба ин ҷаридаи 100-сола бахшид. Чанд соли охир яке аз симоҳои рӯзнома , бешак, Абдулқодири Раҳим буд, номи шоир ба «Ҷумҳурият» ва «Ҷумҳурият» ба номи шоир шону шараф ато кард. Соли 1994 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пайваст. Домани кашфиётро гирифт. Баъди кашфиёти тулонии руҳониву маънавӣ «Дурӯғи шабнам»-ро ошкор кард.
Шояд дар зеҳни шумо саволе пайдо шавад, ки чаро мо шеърро кашфиёт мегӯем. Ин фаррухнома аз худи Абдулқодири Раҳим аст, ки гуфта буд: «Гузаштагони мо шеъру шоириро ҳаргиз сабук нагирифтаанд, эътиқоду имони эшон бадон дараҷа буда, ки онро на шеър, балки кашфиёт мегуфтанд. Ҳатто то дирӯз устоди арҷманди мо Сомеъ Одиназода мегуфт: «Дафтари кашфиётамро биёред».
Дар наср низ дасти қавӣ дорад. Китоби «Рангҳо», ки як қиссаву як романи нави ӯро фаро мегиранд, бо «сабку андешаҳои ғайриқолибӣ» (навиштаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад) иншо шудаанд.
Шоир ва носири хушкор ба каф «Чароғи ошноӣ» гирифта, ба назораи «Ҷилваи як нола» пардохт, аз ин назораи ҳикматбор «Нусхаи парешонӣ»-ро дарёфт ва аз пайи «Рӯшноӣ» рафту себи ширини «Фиреби меҳр»-ро нӯши ҷон кард, дар «Хилвати оина», ба дидори ҳумоюни «Духтари афсонаҳо» расид, дасти маърифат то ба «Домони абр» бурду сурӯш сар дод: «Дигар дурӯғ нест»! Дигар дурӯғ нест гуфту боз фарёд кашид: «Оби дари хона тира нест». Ниҳоят чун «Гули худрӯ» шукуфтаву атри маърифат пошид ва соли 2020 дар соле, ки даҳҳо бузургони илму адаб ва ҳунарро куруно рабуд, «Раҳи ашк» паймуд. Воқеан, романи "Падар" яке аз асарҳои охирини устод гардид. Мо умед доштем, ки ин асар гардиши хуҷастаи эҷодии адиб аст ва чизҳои тозаи дигар оянда аз нависанда хоҳем хонд, аммо сад афсӯс, ки муаллиф аз паси "Падар" рафт.
Ранҷҳои бисёрсола ва пайвастаи устод Абдулқодири Раҳим дар матбуот ва адабиёт бо медали Хизмати шоиста, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, нишони “Сухан”-и Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва Ҷоизаи Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон қадр шудааст.
Мутаассифона, риштаи умри устод дар айни камолоти эҷодӣ гусаста шуд ва умедвориҳои ихлосмандони шеъру каломашро якҷоя бо ӯ ба хок бурд. Имрӯзҳо ҷомеаи адабиву фарҳангии кишвар дар сӯги ин шоир нишастааст, зеро ӯро дар ҳама гӯшаву канори Тоҷикистон мешинохтанд, ҳамчун устод ва адиби қаламдор эҳтирому эътироф мекарданд. Агар устоди зиндаёди мо шеърро мисли ниёгони хеш кашфиёт медонад, пас кашфу таҳқиқи ашъори ӯ бояд идома ёбанд, асрори осори накуяш равшан шаванд, зеро «Ишқро оғоз ҳаст, анҷом нест!».
Ёдашон гиромӣ, осорашон пӯяндаву поянда бодо!
“ҶУМҲУРИЯТ”